Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сноуден куҷост: Ҳамоно дар фурудгоҳ ё алакай дар ягон ҷои "амн"?


Ҷосусҳои собиқадор бар инанд, ки Сноуденро кайҳо ба ягон макони "амн" дар дохили Русия интиқол додаанд ва "аз ӯ гап мегиранд."

Ҷосусҳои собиқадор мегӯянд, собиқ корманди қарордодии Оҷонсии амнияти миллии Амрико Эдвард Сноуден, ки маълумоти маҳрамона дар бораи барномаҳои махфии назоратии ин кишварро ифшо кардааст, ба эҳтимоли қавӣ дар зонаи транзитии фурудгоҳи Шереметево нест. Ба гуфтаи ҷосусҳои байналмилалӣ, эҳтимоле вуҷуд дорад, ки Сноуден баробари расидан ба Маскав дар мадди назари хадамоти истихбороти Русия қарор гирифт ва ба таври пинҳонӣ ба макони “амн” интиқол ёфт.

Олег Гордиевский, собиқ сарҳанги КГБ-и шӯравӣ, ки дар миёнаи солҳои 80-ум барои ин ниҳод дар Британия кор мекард ва ҳамзамон ба ҷосусӣ ба фоидаи Британия муттаҳам шуда буд, ба нашрияи “Тайм” гуфтааст, баъди ошкор шудани фаъолияти ӯ ва бозгашташ ба Русия дар соли 1985, ӯро ба як пойгоҳи махфӣ бурданд ва ба ӯ пайваста маводи нашъадор медоданд, то забонаш “боз” шавад.

“Бо Сноуден низ ҳоло метавонанд айни корро бикунанд,” – мегӯяд Гордиевский ва меафзояд, “масалан, ба ӯ метавонанд маводи SP-117 – ро бидиҳанд, ки на ранг дорад, на бӯй, вале иродаи одамро комилан мешиканад ва ӯро қобил ба иҷрои ҳар амр мекунад, “ - афзудааст ҷосуси собиқи КГБ.

Ба гуфтаи Гордиевский, ин ки хадамоти истихбороти Руссия вонамуд мекунад, ки ба Сноуден “таваҷҷӯҳ”надорад, метавонад танҳо як далел дошта бошад, ки эҳтимолан компютери Сноуден маълумоти зиёд дорад ва ӯ ҳамчун патриоти ватани худ намехоҳад ин ҳамаро ихтиёран таслим кунад.

Дар ин миён нашрияи “Известия”-и чопи Маскав навишт, ки баъди пахши иттилоъи сиррӣ аз тарафи Викиликс ва инак фошкориҳои Эдвард Сноуден, амнияти комили маълумоти муҳим дар шакли электронӣ дигар қобили эътимод нест. Аз ин рӯ, мақомоти Русия боз ба дастгоҳҳои маъмулии чоп рӯ овардаанд. Манобеъи нашрия гуфтаанд, ки Хадамоти амнияти федеролии Русия ба хотири ҳифзи маълумоти маҳрамона 20 мошини чопиро ба маблағи ҳудудан ним миллон рубл харидорӣ мекунад. Ҳоло эълони тендери харидории ин гуна дастгоҳҳо дар сомонаи хариди давлатӣ нашр шудааст.

Аммо сарнавишти худи Эдвард Сноуден ҳанӯз мушаххас нест. Маълум нест, ки ӯ ҳоло дар ягон пойгоҳи махфӣ нигаҳдорӣ мешавад ва ё ҳанӯз ҳам дар гузаргоҳи фурудгоҳи Шереметево пинҳон аст. Венесуэла ба ӯ ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ додааст, аммо Сноуден наметавонад аз ин ҳақ истифода кунад, зеро намедонад, ки чӣ тавр худро ба қаламрави Амрикои Лотинӣ расонад. Танҳо як нукта мусаллам аст, ки ин сафар осон нахоҳад буд.

Собиқ корманди Хадамоти истихбороти Амрико Аллен Томпсон дар сӯҳбате бо нашрияи “Foreign policy” ба Сноуден машварат додааст, ки бо ҳавопаймо аз Маскав ба шимол биравад, баҳри Барентсро убур кунад ва сипас ба сӯи халиҷи Датч, воқеъ дар байни Гренландия ва Исландия ҳаракат намояд. Аз рӯи машварати Томпсон, Эдвард Сноуден бояд чандин минтақаву ҷазираро чапғалат кунад ва сипас рӯ ба сӯи Каракас биёрад.

Нашрияи “Комсомолская Правда” харҷи молии ин сафари печидаро мушкили калидӣ унвон карда, 200 ҳазор доллар баршумурдааст. Нашрия мегӯяд, на Вилиликс ин маблағро дорад, на Сноуден ва ширкати Маскав низ дар сармоягузории ин сафар зери суол аст.
XS
SM
MD
LG