Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гули баҳман дар нимаи зимистон паёми баҳор овард (ВИДЕО)


Ҷавоне дар даст гули баҳории бойчечак ё гули баҳман

Ҷавоне дар даст гули баҳории бойчечак ё гули баҳман

Дар ҳоле, ки ҳанӯз дар Душанбе барф заминро сафед накардааст ва мардум ҳам барфро “ба серӣ” надидаанд, кӯдакон бо овардани нахустин гули бойчечак пайёми баҳор медиҳанд. Гулпарварон ҳам имсол бармаҳал дар хиёбонҳои Душанбе ба кори худ оғоз кардаанд.

Имрӯзҳо наврасон дар сари роҳҳои пурмошини шаҳр ба ронандаҳо ва роҳгузарон гулҳои бойчечак ё гули баҳман пешниҳод мекунанд. Ҳар гулдаста, ки 3 дона гул дорад, ба 5 сомон фурӯхта мешавад. “Тиҷорати хурд” - у мавсимии ин соҳибкорони наврас ҳар сол дар охири моҳҳои феврал ва март шурӯъ мешуд, аммо имсол, ки ҳаво сард наомад ва гулҳои баҳорӣ ҳам дигар фасли худро интизор нашуда, сар баровардаанд, мавсими даромади ин кӯдакон зудтар оғоз ёфт. Онҳо таътили зимистонаи худро бо чидану фурӯхтани гулҳои баҳорӣ сипарӣ мекунанд.

Нуралӣ, мусоҳиби навраси мо мегӯяд, ин гулҳоро вай аз доманакӯҳҳои Ҳисор вориди пойтахт мекунад ва онҳо харидор ҳам доранд: “Нисфирӯзиҳо меравем, чида меорем. Мардум ҳам "гули баҳор" гуфта кам-кам мехаранд. Баъзеҳо, албатта, ҳайрон мешаванду мепурсанд, ки ин чӣ гул аст, мегӯем, гули баҳор, бойчечак, мегӯянд, "аллакай баҳор шуд?" Мо ҳам мегӯем, "бале”

Рӯидани гули баҳман, ки аз фарорасии фасли баҳор дарак медиҳад, дар аввали моҳи январ ба гуфтаи кӯҳансолон, ҳодисаи камназир аст. Тағийри боду ҳаво шеваи либоспӯшии мардум ва ҳам кори гулпарварону боғдоронро ҳам то андозае дигар кардааст. Маъмулан дар Тоҷикистон дарахту гулро охири моҳи феврал мешинонанд, аммо ҳоло дар хиёбонҳои Душанбе аллакай ба шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ оғоз карданд.

Сарахон Шарифов, ки дар идораи кабудизоркунии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт кор мекунад, мегӯяд, онҳо имсол бо истифода аз ҳавои гарму муносиб кори хешро пештар анҷом хоҳанд дод: ”Аз охирҳои моҳи март ва ё агар феврал гарм меомад, ба кор шурӯъ мекардем, имсол дидем, ки ҳаво хеле муносибу замин хушк аст, аз моҳи декабр ба кор баромадем. Ниҳолҳои кастонаву чанор, арча шинондем. Гулҳои садабаргро қаламча карда, шинонда истодаем. Агар ҳаво аёс кунаду сард ояд, инҳоро, албатта, сармо мезанад, вале мо пешгирӣ мекунем пору мондаву эҳтиёт мекунем, ки кор барҳадар наравад.”

Ҳавошиносони тоҷик ҳам мегӯянд, моҳҳои аввали зимистони имсол, махсусан оғози январ ба фарқ аз солҳои қаблӣ ба таври бесобиқа гарм омад ва ҳатто рӯзи 8 январ ҳаво дар кишвар 19 дараҷа буд, ки ба гуфтаи онҳо, аз меъёри маъмулӣ қариб 10 мартаба бештар аст. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба таъкиди онҳо, моҳи январ аз сардтарин моҳҳо дар иқлими Тоҷикистон аст ва ҳарорати миёна дар ин моҳ бояд аз ду дараҷа кам набошад.

Ҳарчанд ҳавосанҷон гарм омадани моҳҳои аввали зимистонро, нишонаи чандон хуб намедонанд, аксари сокинони кишвар бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти зимистонгузаронӣ дар Тоҷикистон ва махсусан бебарқиҳо аз чунин омадани ин фасл то ҳадде истиқбол мекунанд. Муниса, мусоҳиби мо, ки дар яке аз рустоҳои атрофи шаҳр зиндагӣ мекунад мегӯяд: “Зимистон, албатта, бо барфу борон зеб дорад, вале дар ноҳияву деҳот, ки барқ нест, ҳамин қадараш кофист бароямон.”

Далер, як мусоҳиби дигари мо, ки донишҷӯст, мегӯяд, имсол ба фарқ аз солҳои пеш ин ду моҳи зимистонро онҳо ба осонӣ ва дар синфхонаҳои гарм сипарӣ карданд, аммо вай намехоҳад, ки ин моҳи охири зимистон ҳам хушку бебориш гузарад: ”Бориш бошад, хубтар аст, ба фикрам, махсусан барои хоҷагиҳо, ки ғалладона мекоранд, бояд аз ҳоло барф занаду бориш ояд. Ба фикрам, моҳи феврал барф мезанад. Бе барф зимистон маънӣ надорад.”

Аммо ба онҳое, ки аз ҳоло либосҳои ғафси худро ба либоси тунуку баҳорӣ иваз карда ва ҳам онҳое, ки дигар ба боридани барф умеде надоранду нороҳатанд, ҳавосанҷон тавсия медиҳанд, ки саросема ва нигарон набошанд.

Ҷамила Байдуллоева, раҳбари идораи ҳавосанҷии кишвар мегӯяд, эҳтимоли ба якборагӣ тағийр ёфтани иқлим дар моҳи феврал ва даҳаи охири январ дар назар аст: “Имсол аз рӯйи пешгӯии мавсимии мо декабр то ҳадде сард пешгӯйӣ шуд ва ин то андозае тасдиқ ҳам шуд. Чун даҳаи аввали декабр сард буд. Аммо даҳаи охирин ва моҳи январ гарм омад, хеле зиёд аз меъёр. Феврали имсол ҳам бино бар таҳлилҳои мо нисбат ба соли 2014 як ё ду дараҷа гармтар меояд, соли 2014 то 4-5 дараҷа сард омад. Аммо нисбат ба солҳои пеш эҳтимол дорад, феврал имсол нисбатан сардтар ояд. Қисми зиёди боришҳоро мо дар моҳи феврал интизорем. Лекин барф дар минтақаҳои баландкӯҳ дар рӯзҳои наздик хоҳад борид.”

Дар зимн ба тахмини ҳавошиносон рӯзҳои 11 то 15 январ боридани барфи тар дар назар аст. Бо боридани нахустин барф гулҳои баҳману сияҳгӯше, ки пеш аз мӯҳлат рӯида буданд, нобуд хоҳанд хоҳанд шуд, аммо ин гулҳо аллакай рисолати суннатии худро ба ҷо оварданд. Онҳо ҳамчун пайёми нек дили ҳар касеро, ки ин гулҳоро дид ё бӯйид пур аз умеди расидан ба баҳори нав карданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG