Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Душанбе маросими супурдани ҷоизаҳои молӣ ба ситораҳои варзиши тоҷик Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева баргузор шуд.

Ситораҳои варзиши тоҷик Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева ва варзишгари ҷавон Шоира Зулқарнаева бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз шуданд. Рӯзи чоршанбе, 2 сентябр, дар Душанбе, дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, маросими супурдани ҷоизаҳои молӣ ба ситораҳои варзиши тоҷик Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева ва ба варзишгари ҷавон Шоира Зулқарнаева баргузор шуд. Нахуст Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, варзишгари машҳур Дилшод Назаровро бо дастоварди бузургаш дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон табрик кард.

Вай гуфт, “Дилшод Назаров 23 августи соли ҷорӣ дар чемпионати ҷаҳон дар гурзандозӣ миёни мардон дар Пекин бо натиҷаи 78 метру 55 сантиметр ҷои дувумро соҳиб шуд ва бо медали нуқра сарфароз гашт. Ӯ барои аввалин бор дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ба чунин комёбӣ мушарраф шуда, соҳиби медал гардидааст. Зимнан, дар тӯли 20 сол, яъне баъди пирӯзии гурзандози машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев дар чемпионати ҷаҳон соли 1995 дар Гётеборги Шветсия, дар риштаи варзиши сабук касе аз Тоҷикистон дар сабқати ҷаҳонӣ медал нагирифта буд”.

Ҷаноби Раҷабалиев таъкид намуд, ки дар ҳоли ҳозир Дилшод Назаров аз нахустин варзишгарони Тоҷикистон аст, ки ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Ӯ моҳи майи соли ҷорӣ дар мусобиқаи анъанавии ҷаҳонии силсилаи Гран-При "Оstrava golden spike" оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79,36 метр мақоми дувумро касб кард. Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Пекин ва дар Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро ширкат варзад. Олимпиадаи соли 2016 барои Дилшод Назарови 33-сола чаҳорумин Бозиҳои олимпӣ хоҳад шуд. Дарвоқеъ, Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014 муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, инчунин раиси Федератсияи варзиши сабуки кишвар мебошад.

Дар маросими ҷоизасупорӣ зикр гардид, ки муштзанҳои тоҷик Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева рӯзи 12 августи соли равон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни занон, ки дар шаҳри Уланчаби Чин баргузор шуд, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Мавзуна Чориева, барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон ва чемпионати ҷаҳон, қаҳрамони Осиё дар соли 2010, дар рақобатҳо дар вазни зери 60 кило баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Шри-Ланка ва Узбакистон ба нимфинал баромад. Вале Мавзуна дар қувваозмоии ниманиҳоӣ аз муштзани Кореяи Шимолӣ мағлуб шуд ва дар натиҷа мақоми севумро касб кард.

Шоира Зулқарнаева бошад, дар вазни зери 64 кило, ки дар даври муқаддамотӣ рақиби муғулашро шикаст дод, дар даври ниманиҳоӣ аз варзишгардухтари Чин мағлуб гашт ва дар натиҷа мақоми севумро соҳиб шуд. Бояд тазаккур дод, Шоира барои аввалин бор бо медали сабқати қитъавӣ мукофотонида шуд. Зимнан, ин мусобиқаи қитъавӣ барои муштзанҳои Осиё як навъ имтиҳоне буд пеш аз мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки моҳи феврали соли 2016 дар шаҳри Алматии Қазоқистон баргузор мешавад.

Мавзуна ва Шоира, ки аз ин имтиҳон бомуваффақият гузаштанд, ба ҳаққи ширкат дар чемпионати ҷаҳон мушарраф шуданд ва минбаъд барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи соли 2016 мубориза мебаранд. Дар ин маросим Акбар Ғуломов, раиси Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Ғаюр” – сарпарасти кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон – ба Дилшод Назаров барои гирифтани роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 ҷоизапулӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ тақдим кард. Баҳрулло Раҷабалиев ба Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева ҷоизаҳои молии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро супурд.

Дилшод Назаров, ба хабарнигорон гуфт: "Акнун тамоми кӯшишу ғайратамро баҳри он равона мекунам, ки дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейрои Бразилия соҳиби медал шавам”. Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева иброз доштанд, ки мекӯшанд ба мисли Дилшод Назаров ба Олимпиадаи Рио-де-Жанейро роҳхат бигиранд.

Ёдовар мешавем, рӯзи 28-уми август дар Кохи миллат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаровро, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гурзандозӣ дар Пекин медали нуқра ба даст овардааст, бо ордени Шараф дараҷаи 2 мукофотонид. Бояд гуфт, ки Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева барои дастовардҳои варзишиашон дар мусобиқоти байналмилалӣ, инчунин бо Ҷоизаи молии президенти Тоҷикистон сарфароз хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG