Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон талош доранд, ки бо баргузории маҳфилҳои идона ва мусобиқаҳои варзишӣ аз ҷангу ҷидол дар минтақаҳои марзӣ ҷилавгирӣ кунанд.

Ҳар сол дар оғози баҳор сокинони марзии Тоҷикистону Қирғизистон асосан барои об ва заминҳои баҳсӣ бо якдигар даст ба гиребон мешуданд. Аммо имсол мақомоти ду тараф талош доранд, ки бо баргузории маҳфилҳои идона ва мусобиқаҳои варзишӣ сокинонро бо якдигар наздиктар карда, аз ҳамагуна ҷангу ҷидол ҷилавгирӣ кунанд.

Ингуна ҳамоиши идона ва мусобиқаҳо алакай дар маҳалҳои сарҳадии Исфараву Бодканд ва Бобоҷон Ғафурову Лайлак баргузор шуда, ҳаводорони бештар пайдо кардааст. Эргашбой Ҷӯраев, раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, рӯзи 6 апрел дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, дар мусобиқаи футбол миёни дастаҳои Овчӣ-Қалъача ва ҷамоати Қулундии ноҳияи Лайлаки Қирғизистон садҳо тан иштирок кардаанд.

Ба қавли ӯ, "мусобиқа бисёр хуб баргузор гардид ва мебинем, ки муносибати байни сокинони моро наздиктару самимитар мекунад. Барои ҳамин, дар оянда низ чунин мусобиқаҳои варзиширо баргузор хоҳем кард."

Идораи ҷамоати Чоркӯҳи Исфара

Идораи ҷамоати Чоркӯҳи Исфара

Ҳунармандони Исфараву Бодканд низ дар кохи фарҳанги Исфара ҷашнворае ороста, сокинони деҳаи Лаққони ин маҳал ҳамроҳи сокинони деҳаи ҳамсояи қирғизнишини Қаробоғ чанд километр қисмати наҳреро, ки аз онҷо мегузарад, якҷоя тозаву васеъ намудаанд. Дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯз сокинони Исфараву Бодканд меҳмони ҳамдигар шуда, ин иди бостониро дар гирди як хони идона истиқбол гирифтанд.

Сокинони минтақаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳавзаи Суғд канори ҳам зиндагӣ мекунанд ва дар баъзе маҳаллаҳо хонаҳои сокинони тоҷику қирғиз паҳлӯи якдигар ҷойгир шудааст. Ин ҳолат муайян кардани хатти марзро душвор гардонда, ин маҳалро солҳои охир ба як минтақаи баҳсӣ ва доғи миёни Тоҷикистону Қирғизистон табдил додааст.

Сокинони марзӣ ҳатто сари як майдончаи варзишии зери осмони кушод, ки байни ҷамоатҳои Овчӣ-Қалъача ва Қулундӣ ҷойгир аст, бо ҳам баҳс доранд. Як сокини деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, ин русто чун бисёр деҳоти Осиёи Миёна варзишгоҳи бузург надорад, ки мухлисони зиёдро гунҷоиш диҳад. “Агар сармоядорони маҳаллӣ ва ҳукумат майдонҳои варзишӣ месохтанд, зиндагии якранги деҳаи дурдасти сарҳадии мо рангинтар мегашт. Мо метавонистем дастаҳои ноҳияи ҳамсояи Лайлаки Қирғизиситонро ба мусобиқаҳо даъват кунем. Чунки варзиш моро ба ҳам наздиктар мегардонад,” – афзуд мусоҳиби мою

Ин дар ҳолест, ки бар пояи иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар соли 2015 дар хатти марзи ин кишвар бо Тоҷикистон 9 муноқиша, аз ҷумла як низоъ бо истифода аз силоҳи оташфишон дар минтақаи Исфара рух додааст. Соли 2014 соли авҷи даргириҳо байни сокинони марзии Суғду Бодканд буд, ки беш аз 30 бор низоъву муноқишаҳо рух дода буд. Моҳи июли соли2015 мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи фурӯ нишондани оташи муноқиша байни сокинони марзӣ дар канори ҷамоати Чоркӯҳи Исфара зери қарордоде имзо гузоштанд, ки он оташ кушодан ба сӯи мардуми одиву низомиён дар сарҳади ду кишварро манъ мекунад.

Аз он замон то кунун мақомот, афроди фаъол ва кӯҳансолони ду ҷониб ба хотири гарм доштани муносибатҳои ҳамҷаворӣ ва раҳ надодан ба муноқишаҳои нав барномаҳои ҳамкориҳои марзӣ, мисли тозаву ба кор даровардани наҳру каналҳои умумии харобшуда, танзими истифодаи якҷояи манобеи обӣ ва роҳҳои мошингарду қитъаҳои баҳсноки марзиро рӯи даст мегиранд. Вале ин барномау чораҷӯиҳо то куҷо дар гармтр кардани муносибатҳои ҳамсоягии сокинони марзӣ муассир будааст?

Тилав Расулзода

Тилав Расулзода

Коршинос Тилав Расулзода бар он аст, ки ҳарчанд ин гуна барномаҳои якҷояи сокинони минтақаҳои марзӣ мушкилоти сарҳадиро ҳал намекунад, вале бидуни шубҳа, ба суди ҳар ду тараф хоҳад буд. Ӯ гуфт, “вақте онҳо дар як маҳфил канори якдигар менишинанд, бо ҳам мусобиқҳои варзишӣ ё фарҳангӣ баргузор мекунанд, ошноии онҳо бештар ва дилашон наздиктар мешавад. Агар муносибат хубу самимӣ бошд, аслан он гуна мушкилот ба вуҷуд намеояд. Ё мушкили мавҷуда аз байн меравад.”

Вале ба гуфтаи мусоҳиби мо, содда шудани вазъ дар марз ва гарм гштани муносибт байни сокинони марзӣ ба навбати худ роҳро барои ҳалли мушкилоти умдаи марзӣ, таъин ва аломатгузорӣ намудани хатти сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон низ боз хоҳад кард. Коре, ки барои иҷрояш кумисюни байнидавлатии марзбандии байни ин кишварҳо ҳудуди 15 сол ба ин сӯ машғуланд.

Аз 970 километр марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон то имрӯз танҳо ҳудуди 519 километараш аломатгузорӣ шудаасту бас.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG