Пайвандҳои дастрасӣ

Сухангӯи ҷангҷӯёни узбак баъди ду моҳ "зинда" шуд


Нусратуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи собиқ Ҳаракати исломии Узбакистон

Нусратуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи собиқ Ҳаракати исломии Узбакистон

Сухангӯи собиқ Ҳаракати исломии Узбакистон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи кушта шудани дастикам 120 ҷангҷӯи ин гурӯҳи тундрав хабар додааст.

Рӯзи 19 январ дар шабакаи Ютуб навори садоӣ бо изҳороти Нусратуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи собиқ Ҳаракати исломии Узбакистон, ки ҳоло худро бахши “вилояти Хуросон”-и “Давлати исломӣ” эълон кардааст, нашр шуд. Қаблан ҳам дар шабакаи иҷтимоии Telegram нафаре бо номи Нусратуллоҳ Хуросонӣ бо ин иддао, ки ӯ ҳамон Нусратуллоҳ Муҷоҳид аст, дар бориа сарнавишти ҷангӯёни узбак дар вилояти Зобули Афғонистон хабарҳо мегузошт.

Бори охир Нусратуллоҳ Муҷоҳид рӯзи 14 ноябри соли 2015 дар шабакаи Фейсбук навори садоие гузошта буд, ки дар он бо як садои гиряолуд дар бораи ба муҳосираи Толибон афтодани ҷангҷӯёни Ҳаракати исломии Узбакистон дар вулусволии Арғандоби вилояти Зобул хабар дод.

Ахиран дар як мукотибаи кӯтоҳ бо бахши узбакии Радиои Озодӣ, нафаре, ки худро Нусратуллоҳ Хуросонӣ – Муҷоҳид ва сухангӯи ҷангҷӯёни узбаки “Давлати исломӣ” муаррифӣ кард, баъзе ҷузъиёти ҷангҳои рӯзҳои 6-9 ноябр байни ҷангҷӯёни узбак ва чирикиҳо Толибон дар Зобулро қисса кард. Ба гуфтаи ӯ, ӯ баъди асорат ва шиканҷа дар дасти Толибон мариз аст ва ба ин далел ба суолҳои Озодӣ ба таври хаттӣ посух дод.

Баъди ҷангҳои Зобул Толибон дар бораи эъдоми Усмон Ғозӣ, раҳбари собиқ Ҳаракати исломии Узбакистон хабар доданд. Нусратуллоҳ Хуросонӣ – Муҷоҳид ба Озодӣ навишт, ки Усмон Ғозӣ худро ба ҷои заноне, ки аз ҷамоати ӯ асир гирифта буданд, ба Толибон супурд: “Онҳо бо 8000 лашкар ба мо ҳамла карданд. Дар бораи Усмон Ғозӣ чизе маълум нест. Ӯ дар ивази ин ваъда, ки онҳо ба занон кордор намешаванд ва раҳоии онҳое, ки асир гирифтаанд, худро супурд. Яъне ӯро зинда гирифтанд. Дигар чизе ба ман маълум нест.”

Ӯ афзуд, акси мурдаи Усмон Ғозиро, ки Толибон рӯзи 10 декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард, дидааст. Хуросонӣ – Муҷоҳид мегӯяд, марде, ки дар ин акс дида мешавад, дар ҳақиқат ба Усмон Ғозӣ монанд аст, вале бо ин вуҷуд ӯ ҳанӯз хабари марги раҳбари собиқ Ҳаракати исломии Узбакистонро ҳанӯз тасдиқ карда наметавонад. Аммо ӯ аз дасти Толибон кушта шудани фармондееҳони саҳроие, чун Абдумалик, муфтӣ Шайх Муҳаммад Алӣ, Яҳё Ҳикматӣ, наворбардори сомона ва ношид(хонандаи таронаҳои мазҳабӣ) ва дар маҷмӯъ 120 -125 нафар аз тарафдорони собиқ Ҳаракати исломии Узбакистонро тасдиқ кардааст. Ба гуфтаи Нусратуллоҳ Хуросонӣ – Муҷоҳид, дар байни кушташудаҳо занону кӯдакон ҳам зиёд буданд.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ҷангҷӯёни толиб нисбат ба ҷанҷгӯёни асируфтодаи собиқ Ҳаракати исломии Узбакистон бераҳмона муносибат мекарданд: “Агар ду нафарро ҷазо доданӣ буданд, пас чаро ба сӯи кӯдакони бегуноҳ, ки дар кӯча бозӣ мекарданд, тир андохтанд? Пас чаро ба сӯи Маркази занон мушак андохтанд?”

Нафаре ки бо бахши узбакии Радиои Озодӣ аз тариқи Интернет сӯҳбат мекард, дар бораи шумори боқимондаи ҷангҷӯёни собиқ Ҳаракати исломии Узбакистон ва сарнавишти онҳо чизе нагуфт. Радиои Озодӣ дақиқан тасдиқ карда наметавонад, ки оё ҳамсӯҳбаташ дар воқеъ сухангӯи ин гурӯҳи ифротӣ буд ё каси дигар. Вале мукотибаҳои ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилооти нодири овардааш эҳтимоли дар ҳақиқат сухангӯи собиқ Ҳаракати исломии Узбакистон будани ин ҳамсӯҳбати Озодиро тақвият медиҳад.

Баёнияҳо дар бораи марги Усмон Ғозӣ ва пурра торумор шудани собиқ Ҳаракати исломии Узбакистон моҳҳои ноябру декабр аз сӯи сомонаҳои таҳти назорати ҷунбиши Толибони Афғонистон нашр шуд. Мақомоти расмии Афғонистон ин иттилоъро ҳанӯз расман тасдиқ накардаанд. Онҳо танҳо вуқӯи даргириҳои шадид дар моҳи ноябр байни нирӯҳои содиқ ба раҳбари кунунии Толибон Мулло Ахтар Мансур ва ду фармондеҳи саркаш – Муҳаммад Расул ва Мулло Додулло дар вилояти Зобулро тасдиқ мекунанд.

Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид қаблан гуфта буд, ҷангҷӯёни таҳти раҳбарии Мулло Додулло аҳолии маҳаллиро ғорат мекарданд ва аз ҷумла ҳазораҳои сокини ин минтақаро рабуда, сар мебуриданд. Ҳазораҳои як ақалияти қавмие дар Афғонистонанд, ки аз мазҳаби шиъаи дини Ислом пайравӣ мекунанд ва дар солҳои охир мавриди таъқиби ҷангҷӯён қарор гирифтаанд.

Сухангӯи Толибон ҳамчунин гуфт, раҳбарияти ин ҷунбиш муддати тӯлоние ҷангҷӯёни собиқ Ҳаракати исломии Узбакистонро мутақоид мекард, ки аз байъати ба “Давлати исломӣ” супурдаашон даст бикашанд. Толибон, ки дар тӯли солиён ба ҷангҷӯёни ин созмон дар қаламравҳои таҳти назорати худ дар Афғонистон ва сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ дода буданд, дар моҳи августи соли 2015 ба “Давлати исломӣ” байъат супурдани Усмон Ғозӣ ва тарафдорони ӯро ҳамчун хиёнат ва кӯрнамакӣ пазируфтанд.

Толибон мегӯяд, танҳо баъди саркашии ҷангҷӯёни собиқ Ҳаракати исломии Узбакистон аз иҷрои амри лағви байъати онҳо ба “Давлати исломӣ” тасмим ба задухӯрд шуд. Аммо раҳбарони Толибон то ҳол хабарҳо дар бораи гӯё бо ҷурми хиёнат эъдом шудани Усмон Ғозиро тасдиқ накардаанд. Ҳарчанд аксҳои ҷасаде, ки ба гуфтаи нозиронаш, Усмон Ғозист, дар сомонаҳои марбут ба ҷунбиши Толибон нашр шуд. Аммо дар охирин изҳороти Толибон гуфта мешавад, ки ҷасади Усмон Ғозиро аз вилояти Зобул пайдо кардаанд.

Бо ин ҳол, бино ба иттилооти ғайрирасмӣ, тақирбан 50 ило 60 нафар аз ҷангҷӯёни узбаке, ки ба “Давлати исломӣ” байъат насупурданд, ҳамроҳ бо аҳли хонаводаҳои худ дар минтақаҳои Қайсар, Алмар ва Давлатобод боқӣ мемонанд.

Ҳаракати исломии Узбакистон, ки аз сӯи кишварҳои зиёде, аз ҷумла дар Амрико, Аврупо, Русия ва дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо шумули Узбакистону Тоҷикистон, созмони террористӣ шинохта шудааст, дар ибтидои солҳои 90 арзи ҳастӣ кардааст. Ҷангиёни он ба раҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ ва Тоҳири Юлдош дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз тарафи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин меҷангиданд. Баъди имзои созишномаи сулҳ байни давлат ва мухолифини тоҷик ва ду талоши ҳамлаҳои мусаллаҳонаи Ҳаракати исломӣ ба Узбакистону Қирғизистон, дар соли 2000 ҷангиёни ин ҳаракатро маҷбур карданд, ки аз Тоҷикистон ба Афғонистон бираванд.

Дар пайи оғози амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор ба раҳбарии Амрико дар Афғонистон даҳҳо тан аз ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон, бо шумули фармондеҳаш Ҷумъаи Намангонӣ кушта шуданд ва боқимондаҳои он ба раҳбарии Тоҳири Юлдош ба сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ бурданд.

Раҳбари ин ҳаракат Тоҳири Юлдош дар моҳи августи соли 2009 дар натиҷаи асобати як мушаки ҳавопаймои амрикоӣ кушта шуд ва ба ҷои ӯ домодаш Усмон Одилро раҳбари ин гурӯҳ интихоб карданд. Аммо дар соли 2012 Усмон Одил низ ба ҳалокат расид ва ба ҷои ӯ Усмон Ғозӣ ба раҳбарии Ҳаракати исломии Узбакистон расид. Тақрибан ним сол пеш Ҳаракати исломии Узбакистон ба раҳбари “Давлати исломӣ” Абӯбакри Бағдодӣ байъат супурд ва аз раҳбарони Толибон хост, то музокироти сулҳ бо ҳукумати Афғонистонро қатъ карда, низ ба “хилофати исломӣ”-и аз сӯи Бағдодӣ эълоншуда бипайванданд. Ин тасмими Усмон Ғозӣ аъзои Ҳаракати исломиро ба ду шоха тақсим кард ва хашми Толибонро ба бор овард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG