Пайвандҳои дастрасӣ

Spiegel: "Амрико як даҳа гуфтугӯҳои Меркелро гӯш мекардааст"


Ҳафтаномаи "Spiegel" дар бораи ҷосусиҳои телефонӣ аз сӯи Хадамоти амнияти Амрико мегӯяд, ИМА аз замони Ҷорҷ Буш дар соли 2002, телефони шахсии нахуствазири Олмонро дар феҳрист барои шунидан қарор додааст.

Ба навиштаи ин маҷалла, телефони Ангела Маркел то июни гузашта, ки Барак Обама аз Берлин - пойтахти Олмон дидор кард, дар феҳристи телефонҳо барои шунидан қарор дошта, дар натиҷа Созмони амнияти миллии Амрико тавонистааст ба муддати даҳ сол гуфтугӯҳои нахуствазири Олмонро гӯш намояд.

Ин гузориш мегӯяд, шунидани гуфтугӯҳои телефонии ин сиёсатмадори олирутбаи аврупоӣ, ҳатто пеш аз он, ки ӯ нахуствазири Олмон шавад, вуҷуд доштааст. Албатта ин ҳафтанома афзудааст, дар мавриди ин ки назорат чӣ гуна анҷом мешудааст, иттиллое дар даст нест.

"Spiegel" дар айни ҳол ба мадраке аз Хадамоти амнияти Амрико ишора мекунад, ки бар асоси он, ин созу кори амниятӣ шохаи ҷосусие, ки қонунан ба сабт нарасида буд, дар сафорати Амрико дар Берлин дошта, мавзӯе, ки "таҳдиди бузург барои равобити Амрико бо давлате дигар" унвон шудааст.

Дар ҳоли ҳозир низ, равобити Амрико ва ҳампаймонҳои аслии он кишвар дар қораи Аврупо бо таҳдид рӯбарӯ аст: рӯзҳои гузашта интишори гузоришҳои гуногун дар мавриди гӯш кардани гуфтугӯҳо дар Аврупо аз сӯи истихбороти Амрико бо эътирозот ва вокунишҳои густардае дар ин қора рӯбарӯ будааст.

Ҷузъиёти гӯш кардани муколамаҳои телефонии аврупоиён дар ин гузориш мушаххас нест, аммо бархе аз онҳо ҳатто аз шунидани гуфтугӯҳои даҳҳо миллион фаронсавӣ хабар медиҳанд, он чи раиси ҷумҳури Амрико онро "таҳрифшуда" номидааст.

Дар айни ҳол, раиси Хадамоти амнияти дохилӣ ва хориҷии Олмон, олирутбатарин мақомҳои амниятии он кишвар, ҳафтаи оянда ба Вошингтон сафар мекунанд, то таҳқиқот дар мавриди шунидани гуфтугӯҳои нахуствазири ин кишварро баррасӣ кунанд. Ин таҳқиқоте хоҳад буд, ки раиси ҷумҳурии Амрико пештар роҷеъ ба он ваъда дода буд. Барак Обама дар гуфтугӯи телефонии чанд рӯзи пеши худ бо хонум Меркел ба ӯ итминон дода буд, ки муколамаҳои телефониаш шунида нашудааст.

Ин гузоришҳо бар пояи санадҳое мунташир мешаванд, ки Эдвард Сновден, як корманди собиқи амниятии Амрико онро ошкор кард. Ӯ ҳамакнун дар Русия паноҳанда аст ва Амрико ӯро таҳти таъқиби қазоӣ қарор додааст.
XS
SM
MD
LG