Пайвандҳои дастрасӣ

Кабирӣ: "Ин бор ҳеч кас пеши роҳи мардумро гирифта наметавонад" (ВИДЕО)


Муҳиддин Кабирӣ дар ҷараёни сӯҳбаташ бо гурӯҳи ҷавонон дар қароргоҳи марказии ҲНИТ. 17 октябри 2014

Муҳиддин Кабирӣ дар ҷараёни сӯҳбаташ бо гурӯҳи ҷавонон дар қароргоҳи марказии ҲНИТ. 17 октябри 2014

Раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ба мақомоти давлатӣ гуфтааст, аз овозаи "митинг"-и 10 октябр сабақ гиранду пайи ислоҳи худ бошанд ва аз мухолифон даъват кардааст, бойкоти интихоботи 2015-ро аз ёд бубаранд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон, аз мақомот хостааст, пайи ислоҳи рафтору иқдоми худ бошанду баргузор нашудани митинги 10 октябрро дур шудани “бало” аз сари худ надонанд.

Раиси ҲНИТ дар вохӯрии рӯзи 17 октябраш бо ҷавонони кишвар афзудааст, "паёми мо ба мақомоти давлатӣ ва ҳамватанонамон дар ҳукумат ин аст: Агар ин дафъа ба ҳар далеле митинг баргузор нашуд, ин маънои онро надорад, ки мақомот билохира ин мушкилотро ба фаромушӣ бисупоред ва то омадани мушкили дигар боз ҳамон сиёсатҳои худро идома бидиҳед."

Гурӯҳе аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон ба раҳбарии Умаралӣ Қувватов, тоҷири фирорӣ, эълон дошта буданд, ки рӯзи 10 октябр дар майдонии "Дӯстӣ"-и пойтахт гирдиҳамоӣ баргузор хоҳад шуд. Баъд аз пахши ин эълон, Додгоҳи олӣ бо дархости Додситонии кулли Тоҷикистон "Гурӯҳи 24" ба раҳбарии Қувватовро ба ҳайси гурӯҳи ифротӣ эътироф ва фаъолияташро мамнӯъ донист.

Он замон фармондеҳони собиқи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюн ва Фронти Халқӣ низ ҷаласае ташкил дода, зидди ҳаргуна тазоҳуроти, ба гуфтаи онҳо, гурӯҳҳои харобкор баромаданд. Ҳизби наҳзати ислмоии Тоҷикистон низ ин тасмимро маҳкум кард ва гуфт, мардум ба майдон набароянд.

Оқои Кабирӣ овозаи митинги баргузорнашудаи 10 октябрро паёме дониста, дар хитоб ба мақомот таъкид кардааст, агар минбаъд низ онҳо ба иқдому амалҳои пешинаашон, аз ҷумла фишор болои мардуму аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ идома диҳанд, ин бор дигар мардум ба ҳарфи касе гӯш намедиҳад: “Ин паёме барои ҳукумат, оппозитсия, наҳзат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳама буд. Мутмаиннан, мо даҳҳо ва шояд садҳо тарафдори худро аз даст додем ва хоҳем дод ва ҳар рӯз даҳҳо паём мегирем, ки наҳзат бо сиёсати сабру таҳаммулаш умеди мардумро барои расидан ба як зиндагии шоиста шикаста истодааст.”

Раиси ҲНИТ дар идомаи мулоқоташ бо ҷавонон аз мақомоти давлатии кишвар хостааст, ба дастдарозии худ ба авмоли хусусии мардум низ хотима бахшанду ваъда диҳанд, ки минбаъд амнияти молу амволи онҳо таъмин мешавад: “Мардум бояд мутмаин шавад, ки моликияташро ҳеч кас ғасб карда наметавонад ва ҳифзи моликияти шахсии шаҳрвандон аз вазифаҳои аслии ҳукумат аст.”

Инчунин, Муҳиддин Кабирӣ аз мунаққидони сиёсати пешгирифтаи худу ҳизбаш даъват кардааст, андешаи таҳрим ё бойкоти интихоботи парлумонии 2015-ро аз сар дур кунанд. Кабирӣ гуфт, умед дорад, аз вазъи ахири пешомада ҳукумати кишвар дарси ибрат хоҳад гирифту интихоботи ояндаи парлумонии моҳи феврали соли 2015-ро фурсате барои ислоҳи худу камбудҳояш истифода хоҳад кард: “Биёед, бо ҳам шарик шавем ва дар ин интихобот ширкат кунем ва онро барои таъмини суботи бардавоми кишвар истифода бубарем. Дар интихобот дар дохил ё хориҷи кишвар ҳастед, фаъол бошед. Агар мехоҳед, биёед бо наҳзат бошед, дар паҳлӯи мо бошед ва бо ҳам исбот кунем, ки дар ҷомеаи мо алтернатива барои сиёсати имрӯзаи иштибоҳӣ вуҷуд дорад. Агар намехоҳед бо наҳзат бошед, номзадҳои худро худпешбарӣ кунед. Бояд хама қишрҳои ноумед аз интихоботро ба чорчӯби қонунии муборизаҳои сиёсӣ баргардонд ва ба онҳо умед дод, ки бо роҳи интихобот ва ислоҳот метавон ба ҳадафҳои муштарак расид.”

Ҳарчанд то замони баргузории интихоботи парлумонӣ танҳо чаҳор моҳи дигар боқӣ мондааст, ҳанӯз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон нагуфтаанд, ба чӣ шакле дар ин маъракаи муҳим иштирок хоҳанд кард. Аксари аҳзоб эълон доштанд, анҷумани пешазинтихоботияшонро дар моҳи декабри соли ҷорӣ баргузор мекунанд. Ҳоло дар баробари Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки аксари курсиҳои Маҷлиси Намояндагон дар ихтиёраш ҳаст, Ҳизби коммунист, наҳзати исломӣ ва аграрӣ ҳам дар парлумон намояндаҳои худро доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG