Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон ба Нигора Соҳибова маслиҳат дод, ки ҳангоми фаъолияташ бештар ба ошкор кардани камбудҳо машғул бошад, на таърифи раиси ҷумҳуру раҳбарони ноҳияҳо.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба Нигора Соҳибова – донишҷӯи соли дувуми бахши рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа маслиҳат дод, ҳангоми фаъолияташ ба тавсифи раиси ҷумҳур ва дигар мақомдорони тоҷик машғул нашавад. Балки, ба гуфтаи ӯ, бештар камбудҳои ҷомеаро ошкор ва мақомдоронро барои ҳалли онҳо маҷбур намояд. Аммо гуфта нашуд, ин ишораи раиси ҷумҳур танҳо ба Нигора дахл дошт ва ё дар умум барои ҳамаи хабарнигорон.

Соҳибова зодаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон буда, ба гуфтаи худаш, аз чорсолагӣ аз меҳри падар маҳрум мондааст. Вай ҳангоми сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳияи Панҷ, ки 6 октябр сурат гирифт, аз раиси ҷумҳур барои пуштибонияш аз духтарони бесарпараст тавсиф кард ва ӯро падари худ хонд: “Яке аз духтарони хушбахти кишварам, ки соли гузашта мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, тариқи квотаи президентӣ ба донишгоҳ шомил шудам. Бароям басо гуворост, ки боз мисли ман чандин духтарон аз ноҳияҳои дигар бо квота таҳсил мекунанд. Моро дар донишгоҳ духтарони Ҷаноби Олӣ ном мебаранд. Мо аз шунидани ин суханҳо ифтихор карда, аз Худованд мехоҳем, Шуморо ҳамеша дар паноҳаш нигоҳ дорад.”

Дар посух ба ин ҳама тавсифҳои Нигора Соҳибова, оқои Раҳмон гуфт, “омадӣ, духтарҷон, президентро таъриф накун. Раиси ноҳияро таъриф накун. Камбудҳои ноҳияро навис. Агар камбудҳоро ошкор накунему бартаарф нанамоем, каси дигар камбудҳои моро бартараф намекунад.”

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи маслиҳаташ ба Нигора Соҳибова афзуд, “худтаърифкунии бисёр кардем, баъд ба хатоӣ роҳ медиҳем. Фаъолияти ҳукумати марказӣ ҳам бе камбуд нест. Ман ба ин ҷо омадам, як соат ду соат. Чӣ дида метавонам? Касби рӯзноманигорӣ касби пурифтихор аст. Аксари шоиру нависандагон корро аз рӯзноманигорӣ сар кардаанд.” Оқои Раҳмон дар ин сӯҳбаташ ба Нигора гуфт, агар ба эҷоди шеър завқ дошта бошад, ба кораш идома диҳад: “Шоира шав. Агар кумак бошад, дастгирӣ мекунем. Рӯзноманигорӣ ҳам хуб аст.”

Баъд аз ин таъкиди Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбат бо сокинони ноҳияи Панҷ, тавсифҳо дар ҳаққи ӯ бештар буданду камтар не. Як сокини кӯҳансоли ноҳияи Панҷ аз минбар гуфт, ба назари ӯ коре, ки раиси ҷумҳур дар 23 сол анҷом додааст, даҳ фоизи онро ҳукумати Шӯравӣ дар ҳафтод соли давлатдорияш накардааст. “Шумо дар як баромадатон гуфтед, ки агар як шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи дигар давлат бимонад, худро ором ҳис намекунам. Шумо дар ҳақиқат ба қавли додаатон истодед. 90 фоизи мардуми Панҷ дар айёми ҷанги дохилӣ муҳоҷир буд. Шумо дар як вақти кӯтоҳ мардумро сарҷамъ кардед. Ягон давлати дунё ин корро карда натавонистааст. 70 соли давлати Шӯравӣ даҳ фоизи хизмати Шуморо накардааст”,-гуфт ӯ.

Ин бори аввал нест, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мардум ва мақомдорон мехоҳад, аз ӯ тавсиф накунанд ва ҳолати баръакс пеш меояд. Қаблан, ӯ хоста буд, аксҳояшро аз таблоҳои бузург дар роҳҳову марказҳо барчинанд, вале ҳанӯз ҳам даҳҳо акси раиси ҷумҳур дар таблоҳои бузург насб шуда, ҳангоми сафараш ба минтақаҳои кишвар теъдодашон зиёдтар мегардад.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон барои ошноӣ бо вазъи сокинони минтақаи ҷануби кишвар субҳи 6 октябр оғоз ёфт. Вай дар ин рӯз аз ноҳияи Панҷу Қумсангир ва Ҷалолуддини Румӣ боздид кард. Бархе аз сокинон мегӯянд, дар пайи ин сафари раиси ҷумҳур роҳҳо баста ва толибилмон барои истиқболаш ба кӯчаҳо бароварда шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG