Пайвандҳои дастрасӣ

Репортаж аз рустоҳои тоҷикнишини Қазоқистон (ВИДЕО)


Хонаву мошини сӯхтаи яке аз сокинони тоҷики рустои Интимак

Хонаву мошини сӯхтаи яке аз сокинони тоҷики рустои Интимак

Гузориши вижаи Радиои Озодӣ аз рустоҳои тоҷикнишине, ки дар оғози моҳи феврал саҳнаи муноқишаҳои шадиде байни қазоқҳову тоҷикҳои маҳаллӣ шуда буд.

Хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ Асилхон Мамашулӣ ба хотири таҳқиқи сабабҳои муноқишаҳои қавмии оғози моҳи феврал ба ҷамоати Ҷартитеппаи ноҳияи Сариоғочи вилояти Қазоқистону ҷанубӣ (Чимкенти собиқ) рафт ва ин гузоришро дар овард:

Ҳангоми вуруд ба рустоҳои воқеъ дар ҳамагӣ 5-километрии маркази ноҳия – шаҳраки Сариоғоч – пеш аз ҳама ба чашм гармхонаҳои бо плёнка пӯшида менамоянд. Дар дохили рустоҳо метавон шумори боз ҳам бештари чунин гармхонаҳоро вохӯрд.

Ҷамъи аҳолии ҷамоати Ҷартитеппа 18 000 буда, ин ҷамоат рустоҳои Тонкерис, куарма, Интимак, Бӯстондиқ ва Дӯстиқро фаро мегирад. Аксари кулли аҳолии ин минтақаро қазоқҳо ва тоҷикҳо ташкил медиҳанд, ки асосан машғули кишоварзианд.

«Фоидаҳои Иттиҳоди гумрукӣ»

Бино ба суханони сокини рустои Жаскешуи ноҳияи Сариоғоч Абӯбакр Истиқул, иқлими ҷамоати Ҷартитеппа ба иқдими Узбакистон наздик аст ва аз ин рӯз сокинонаш метавонанд бо парвариши сабзавот бо деҳқонҳои узбак рақобат кунанд. Абӯбакр мегӯяд: «Узвияти Қазоқистон дар Иттиҳоди гумрукӣ ба рушди гармхонаҳо мусоидат кард. Чунки андози маҳсулоти Узбакистон боло рафт ва фурӯши маҳсулоти худи мо бештар шуд. Онҳое, ки пештар дар Узбакистон гармхона доштанд, баъди афзоиши боҷу хироҷи гумрукӣ ба сохтани чунин гармхонаҳо дар ноҳияи ба марзи Узбакистон наздики Сариоғоч сар карданд.»

Сокинони ҷамоати Ҷартитеппа мегӯянд, боз ҳам рақобат бо деҳқонони узбак, ки бо расидани баҳор ба овардани маҳсулоташон ба Қазоқистон оғоз мекунанд, хеле мушкил аст. Чунки иқлими Қазоқистон барои кишоварзӣ чандон мусоид нест. Ва танҳо дар шароити иқлими ҷануби ноҳияи Сариоғоч, дар ҳошияи марз бо Узбакистон, ки ҳатто аз теппаҳояш манораи телевизионии Тошканд низ намудор аст, метавон дар гармхонаҳо барвақт ҳосиле ба даст овард ва бозорҳоро бо сабзавоти худӣ таъмин кард.

Кишоварзони Сариоғоч дар гармхонаҳо ҳатто лимӯ парвариш мекунанд, ки дар дигар минтақаҳои Қазоқистон намерӯяд. Сокинони маҳаллӣ ҳамчунин дар гармхонаҳояшон гулҳоеро парвариш мекунанд, ки баъдан дар кӯчаҳои нафақат шаҳри Чимкент, балки дар шаҳрҳои Остонаву Алма-Ато низ шинонда мешаванд. Онҳо мегӯянд, дар ҳеҷ куҷои дигари Қазоқистон мисли инҷо чунин иқлими барои кишоварзӣ муносиб нест.

Дар даврони Шӯравӣ дар ин минтақа чандин совхози сабзавотпарварӣ вуҷуд дошт. Аз миёнаи солҳои 90-уми заминҳоро ба сокинон тақсим карданд. Аммо заминҳои воқеъ дар байни рӯди Келес ва марзи Узбакистон барои аҳолии босуръат афзояндаи ин қаламрав кифоят намекунад.

Қаблан дар инҷо асосан тоҷикҳо гармхона доштанд, вале дар 3-4 соли охир қазоқҳо низ ба таври фаъолона ба кишоварзӣ машғул мешаванд.Инро ба афзоиши кӯмакҳои молие марбут мекунанд, ки дар Қазоқистон ҳукумат барои коркарди заминҳои кишт ҷудо мекунад.

Саидҷон Бойқулов, сокини рустои Интимак ба Озодӣ гуфт, ҷавонони русто асосан дар гармхонаҳо кор мекунанд, чунки шуғли дигаре дар инҷо тақрибан нест: «Аммо бисёриҳо ҳавову ҳаваси кор кардан дар гармхонаро надоранд. Чунки ин кор меҳнати зиёд металабад. Ҳоло қазоқҳое ҳвастанд, ки худашон деҳқонӣ мекунанд. Онҳое ҳам ҳастанд, ки гармхонаҳояшонро ба иҷора медиҳанд.»

«Мо тоҷикони Қазоқистонем»

Жарилқосим Исмоил

Жарилқосим Исмоил

Омӯзгор аз рустои Интимак Жарилқосим Исмоил мегӯяд, бисёре аз қазоқҳое, ки машғули деҳқонӣ шуданд, дар ин роҳ хеле муваффақ шудаанд: «Тоҷикҳо дер боз деҳқонӣ мекунанд. Аз насл ба насл. Ва онҳо дар ҳақиқат ҳосили зиёдтар мегиранд.»

Ӯ меафзояд, тоҷикҳое, ки ҳоло дар ҷамоати Ҷартитеппа зиндагӣ мекунанд, дар соли 1950, вақте Қазоқистон ноҳияи Бӯстондиқро ба Узбакистон дод, дар рустои Ҷартитеппа маскан гирифтанд: «Дар он замон дасти корӣ намерасид. Аз ин рӯ, раисони колхозҳо тоҷикҳои ноҳияи Бӯстондиқро бо ваъдаҳои зиёд розӣ кунонданд, ки ба инҷо бикӯчанд. Аз ҳамон даврон тоҷикҳо дар рустоҳои Интимак ва Бӯстондиқ машғули деҳқонианд.»

Абдуманноф Баҳром, як тоҷики сокини рустои Интимак ба Озодӣ гуфт, онҳоро набояд бо тоҷикҳое, ки дар замони таъқиботи даврони Иосиф Сталин ба Қазоқистон бадарға шудаанд, муқоиса кунанд: «Аҷдоди мо аз ноҳияи Бӯстондиқ, ки ба Узбакистон гузашт, кӯчида, инҷо омадаанд. Аммо инро, ки аҷдоди мо дар Бӯстондиқ кай муқим шудаанд, намедонем. Дар ҳар сурат, мо худро шаҳрванди комилҳуқуқи Қазоқистон мешуморем. Мо тоҷикони Қазоқистонем!»

Писару духтари Абдуманноф Баҳром, ки худаш ҳам ба қазоқӣ озодона сӯҳбат мекунад, дар мактаби қазоқӣ таҳсил доранд. Ӯ мегӯяд, агар фарзандонаш дар мактаби тоҷикӣ бихонанд, баъди хатми он дар имтиҳони ягонаи миллӣ (назири Маркази миллии тестӣ дар Тоҷикистон) ширкат карда наметавонанд ва дар оянда дурнамои дигаре ба ҷуз аз кор кардан дар гармхона барояшон боқӣ намемонд. Аз ин рӯ, ӯ барои фарзандонаш мактаби қазоқиро интихоб кардааст.

Ташвишҳои деҳқонӣ

Гармхонаи Абдуманноф Баҳром

Гармхонаи Абдуманноф Баҳром

Абуманноф Баҳром ба мисли дигар сокинони рустои Интимак дар ҳавлиаш гармхона сохтааст. Ӯ дар ин шабу рӯз машғули аз ин гармхона ба гармхонаи бузургтари воқеъ дар берун аз русто кӯчондани кӯчати растаниҳоест, ки парвариш мекунад.

Абдуманноф мегӯяд: «Ҳангоми парвариши сабзавот ҳар як рӯз муҳим аст. Ҳоло мо ба таври таъҷилӣ бояд кӯчати растаниҳоро аз гармхонаи дохили хона кӯчонем. Баъди ҳодисаҳои охир (муноқишаҳое, ки бар асари норозигии ҷавонони қазоқ рух дод – Озодӣ) тамоми кори мо қатъ шуд. Кӯчатҳо пир шуданд ва дигар ҳосилаш тавре ки мо мехоҳем, зиёд намешавад.»

Видео аз гармхонаи Абдуманноф Баҳром:

Кор дар гармхона тамоми сол идома меёбад. То расидани тобистон деҳқонони тоҷики сокини ҷамоати Ҷартитеппа ҳосили караму помидорашонро ҷамъ оварда, ба ҷояш бодиринг мешинонанд, ки тирамоҳ хоҳад расид. Сипас заминро боз нурӣ меандозанд ва дар гармхонаҳо Шибит (укроп) корида, зимистон ба бозор мебароранд.

Қазоқҳое, ки низ деҳқонӣ мекунанд, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфтанд, бетартибиҳои охир маъракаи кишту кори онҳоро ақиб андохтааст. Яке аз ин деҳқонони қазоқ бидуни бурдани ном гуфт: «Ман аз пеш ба як тоҷик аз рустои ҳамсоя барои кӯчатҳо пул дода будам. Вале онҳо дар як ҳоли вазнин қарор доранд ва дасташон ба кӯчат намерасад. Ҳоло гармхонаи ман бе кӯчат мондааст.»

Ҳокими ноҳияи Сариоғоч Бухорбой Фармонов мегӯяд, ба сокинони ноҳия замин намерасад. Ба гуфтаи ӯ, баъди барҳам додани колхозҳову совхозҳо даор солҳои 90 ба сокинон қитъаҳои замин ҷудо карданд, вале аз он замон шумори аҳолӣ хеле зиёдтар шудааст. Танҳо дар соли 2014 дар ноҳияи Сариоғоч қариб 9000 кӯдак ба дунё омада, ҷамъи аҳолии ноҳия ба 314 000 нафар расидааст.

Ошӯби рӯзи 5 феврал дар рустои Бӯстондиқ

Ошӯби рӯзи 5 феврал дар рустои Бӯстондиқ

Рӯзи 5 феврал ҷавонони қазоқ ба кӯчаҳои рустоҳои Интимак ва Бӯстондиқи ҷамоати Ҷартитеппаи ноҳияи Сариоғоч рехта, даҳҳо хонаву мошини марбут ба сокинони тоҷики ин рустоҳоро оташ заданд. Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, сабаби ин ошӯбҳо куштори корманди Кумитаи андоз ва сокини қазоқи рустои Интимак Бахит Ортиқов буд, ки ҳоло бо иттиҳоми қатли ӯ Наҷмиддин Норматов ном сокини тоҷики рустои Бӯстондиқ дастгир шудааст.

Сокинони маҳаллӣ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфтанд, ҷавони кушташуда гармхонаашро ба он тоҷик иҷора дода буд. Баҳси ҳарду бар сари шеваи пардохти пули иҷора дар ниҳоят ба моҷарое печид, ки бо қатли Бахит Ортиқов ва ошӯби ҷавонони қазоқу сӯзондани даҳҳо мошину хонаи тоҷикони маҳаллӣ ба нишони интиқоми ин куштор шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG