Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масҷид дар ... парлумон


Дар парлумони Қирғизистон як намозхонаи алоҳида месозанд. Аммо вакили парлумони Тоҷикистон мегӯянд, мақомот ба таъсиси чунин як намозгоҳ дар Маҷлиси намояндагон иҷозат намедиҳанд.

Cохтмони намозхонаи нав дар бинои парлумони Қирғизистон - Жогорку Кенеш - миёни ҷомеаи қирғиз вокунишҳои зиёдеро ба миён овардааст. Дастгоҳи парлумони ин кишвар мегӯяд, ки сохтмони намозхонаи нав бо сабаби хурд будани намозхонаи қаблӣ, ки соли 2011 сохта шудааст, бо дархости вакилони парлумон роҳандозӣ шудааст.

Турсунбой Боқир, яке аз ташаббускорони сохтани ибодатгоҳ дар бинои парлумон ба бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, ки ин тасмим аз рӯи талаботи вакилон ва зарурат гирифта шудааст. «Вақте соли 2011 дар бинои парлумон намозхона кушода шуд, он вақт 20-25 нафар намозгузор буд. Ҳоло шумораи намозгузорон ҳудуди 200 нафар шудааст. Миёни онҳо 20-30 зан ҳам ҳаст. Рӯзҳои намози ҷумъа аз набудани ҷой дар долонҳо намоз мегузоранд. Ин шармандагӣ аст, ки дар бинои асосии Қирғизистон шароити озодии динӣ ва шароит муҳаё набошад. Барои ҳамин ман масъалаи сохтмон ибодатгоҳи навро бардоштам,» - гуфтааст Турсунбой Боқир.

Баъд аз муроҷиати вакилон, роҳбарияти парлумон қарор қабул кардааст, ки дар ошиёнаи сеюми он барои намозгоҳ ҷой ҷудо кунад. Тавре яке аз масъулони парлумони Қирғизистон Алмоз Кожомқулов ба бахши қирғизии радиои "Озодӣ" гуфт, сохтмони намозгоҳ идома дорад: «Дар дохили ҳавии бино сохтмони бинои нав идома дорад. Дар онҷо толори матбуотӣ, китобхона, толори хониш, хазинаи парлумон ва маркази таҳқиқотӣ ҷойгир аст. Ҳамчунин дар онҷо намозгоҳ ҳам сохта хоҳад шуд.»

Сохтмони бинои нави намозгоҳро созмони динии Ҳамоиши ҷаҳонии ҷавонон маблағгузорӣ мекардааст.

Хабари сохтмони намозгоҳ дар парлумони Қирғизистон дар ҷомеаи ин кишвар баҳсҳои зиёдеро ба миён овард. Намояндагони ҷомеам шаҳрвандӣ ва чанд вакили парлумон эълон кардаанд, ки таъсиси боз як ҷойи ибодатгоҳ мухолифи Сарқонун ва дигар қонунгузориҳои Қирғизистон аст.

Аз ҷумла муовини раиси парлумони ин кишвар Осия Сасиқбоева гуфтааст, ки қарори сохтмони ибодатгоҳи нав бе муҳокима қабул шудааст: «Ин қарор бо иштироки як-ду нафар қабул шудааст. Мебоист онро дар парлумон мавриди муҳокима қарор медоданд. Дар ҳоле ки дар бинои парлумон толорҳои хизматӣ намерасанд. Сохтмони намозгоҳ, ки бо маблағи бегона роҳандозӣ шудааст, ман фикр мекункам, зидди қонунгузории кишвар аст. Маблағҳои сармоягузорон ба мушкилоти ҷомеа равона шавад».

Ҳамакнун дар рӯзҳои наздик масъалаи сохтмони намозгоҳи нав дар кумитаи ахлоқ ва оиномаи парлумони ин кишвар мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.

Дар ҳамин маврид вакилони парлумони Тоҷикистон мегӯянд, ки хондани намоз дар бинои парлумон манъ карда шудааст. Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва роҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки чанд маротиба ин масъаларо бардоштаанд, аммо барои ҷудо кардани ҷои намозхонӣ дар бинои парлумони Тоҷикистон иҷозаташон надодаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Кабирӣ, ҳар кас агар хоҳад, дар ҳуҷраи кори худ, дарро аз дохил мебандаду намоз мехонад.

«Ман дар ҷаласаҳои қабули қонун дар бораи озодии виҷдон гуфта будам, ки дар идораиҳои давлатӣ, корхонаву муассисаҳо, дар вокзалу фурудгоҳҳо ҷойҳои махсуси намозгузорӣ, ақалан баробари ҷойҳои махсус барои сигоркашҳо ташкил карда шавад. Аммо мутаассифона аз тарафи ҳамкорони мо ин пешниҳод қабул нашуд,» - гуфт оқои Кабирӣ.

Тибқи қавонини Тоҷикистон, намоз хондан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва махсусан дар биноҳои давлатӣ манъ аст. Аммо гуфта мешавад, дар аксар кишварҳо дар биноҳои ҳукуматӣ барои ибодати мардум ҳуҷраҳои махсус ҳаст ва бар хилофи муқаррароти қонуни кор, ки намозхониро дар ҷои кор манъ кардааст, мақомот ба ин маъмулан аз паси панҷа нигоҳ мекунанд. Дар ҳар сурат, то кунун дар бораи муҷозоти шудани касе бо ҷурми адои намоиз дар ҷои кор ё барканории кадом мақоме бо иттиҳоми додани иҷозат ба намозхонии зердастонаш дар корхона гузорише ба даст нарасидааст.
XS
SM
MD
LG