Пайвандҳои дастрасӣ

Анвар Юнусов: Талош мекунам, ки аз Рио бо медал баргардам. АКС


Лаҳзае аз тамрини Анвар Юнусов дар Деҳаи олимпӣ

Лаҳзае аз тамрини Анвар Юнусов дар Деҳаи олимпӣ

Муштзани маъруф Анвар Юнусов, ки Тоҷикистонро барои бори севум дар Бозиҳои олимпӣ намояндагӣ мекунад, мақсад дорад ба Ватан бо медал баргардад.

Дар ҳоли ҳозир Анвар Юнусов дар шаҳри Рио-де-Жанейро бо раҳбарии мураббиаш Аббос Неъматуллоев дар толори бокси Деҳаи олимпӣ тамрин карда, ба Олимпиадаи Рио-2016 омодагӣ мебинад. Вай дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар пойтахти Озарбойҷон – Боку – баргузор шуд, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио шудааст.

ВИДЕОИ СУҲБАТИ АНВАР ЮНУСОВ БА ЗУДӢ НАШР МЕШАВАД

Ӯ ин дафъа дар Бозиҳои олимпӣ дар мусобиқаи бокс дар вазни зери 60 кило, ки 6 август шуруъ мешавад, рақобат хоҳад кард. Анвар Юнусов дар сӯҳбати ихтисосӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "омодагӣ дар сатҳи хуб ҷараён дорад. Дар як рӯз ду бор - cубҳу шом - машқ мекунем. 5 август қуръакашӣ баргузор мешавад ва рақибам маълум мегардад. Ба қувваи худ бовар дорам ва пирӯзӣ ба даст хоҳам овард."

Анвар мегӯяд, ки дар Деҳаи олимпӣ барои варзишгарон тамоми шароити зарурӣ фароҳам шудааст ва вазъ аз олимпиадаи чор соли пеш тафовут дорад. “Дар Олимпиадаи Лондон-2012 шароит нисбат ба Олимпиадаи Рио-2016 хубтар набуд. Аммо ман на дар бораи шароити зист, балки бештар дар бораи мусобиқот фикр мекунам ва мекӯшам, ки ниҳоят соҳиби медали олимпӣ шавам,” – гуфт ӯ.

Дар толори варзишӣ муштзани тоҷик ҳамроҳи дастаҳои мунтахаби бокси кишварҳои хориҷӣ машқ мекунад. Анвар Юнусов мегӯяд, чунин тамрини якҷоя барояш имкон медиҳад, ки аз лиҳози ҷисмониву тактикӣ хубтар омодагӣ бибинад. Ба гуфтаи Анвар, ӯ дар як рӯзи тамрин то дуним кило вазнашро гум мекунад. Ба вай лозим меояд, ки дар муддати як шабонарӯз вазни худро барқарор созад. Барои ин ғизои мувофиқеро, ки дар ошхонаи Деҳаи олимпӣ омода мешавад, истеъмол мекунад.

Мухлисони Анвар Юнусов дар Тоҷикистон хеле зиёданд. Ва, албатта, аҳли хонаводааш – модару ҳамсару ду писараш - аз ҳама бештар дуогӯи ӯянд. “Бо ҳамсарам ҳаррӯз дар тамос мешавам. Ӯ ба ҳама чиз, шароити зист, вазъи саломатии ман, ғизо таваҷҷуҳ мекунад. Дастгирии хонаводаам ба ман рӯҳу қувваи тоза мебахшад. Ба ҳамаи онҳое, ки маро мешиносанд, ба ман мухлисӣ мекунанд, аз Рио салом мегӯям ва аз онҳо изҳори сипос менамоям. Мекӯшам,ки ба бовариашон сазовор бошам”, - иброз дошт Анвар Юнусов дар фарҷоми суҳбат бо Радиои Озодӣ дар Деҳаи олимпии шаҳри Рио-де-Жанейро.

АНВАР ЮНУСОВ

Бокс, вазни то 60 кило.

1 феврали соли 1987 дар Душанбе таваллуд шудааст.

Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (2009) мебошад.

Ба бокс аз 12-солагиаш машғул аст. Аввалин мураббиаш Борис Ковтун буд. 13 сол бо роҳбарии Мирзо Шамсиев машқ кардааст. Феълан таҳти раҳбарии Аббос Неъматуллоев тамрин мекунад.

Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ҷойи 5-ум дар Олимпиадаи Пекин (2008).

Ҷойи 3-юм дар чемпионати ҷаҳон дар Боку (2011).

Қаҳрамони Осиё (Кореяи Ҷанубӣ, 2011).

Ҷойи сеюм дар чемпонати Осиё дар Урдун (2013).

Ғолиби Ҷоми ҷаҳон байни кишварҳои тавлидкунандаи нефт дар Ханти-Мансийски Русия (2013).

Ғолиб ва ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалист.

Бори сеюм дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад. Дар Олимпиадаи Пекин-2008 ҷойи панҷумро гирифтааст. Дар Олимпиадаи Лондон-2012 дар даври ҳаштякниҳоӣ мағлуб шудааст.

Дар мусобиқоти ҷаҳонии интихобии олимпӣ моҳи июни соли 2016-ум дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар вазни то 60 кг ҷойи дувумро касб кард ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-2016 гардидааст.

Оиладор аст, соҳиби ду писар.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG