Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳмонов донишҷӯёни дарсгурезро ҷарима мебандад


Дар донишгоҳи омӯзгории Душанбе мехоҳанд барои донишҷӯёни дарсгурез ҷарима таъин кунанд. Дар пешниҳоди раёсати донишгоҳ ҳаҷми ҷарима барои ҳар "нб" 25 сомонӣ муқаррар шудааст.

Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Садриддин Айнӣ, мехоҳад нисбат ба донишҷӯёне, ки ба дарсҳо ҳозир намешаванд ва ба истилоҳ “нб” мегиранд, дар ҳаҷми 25 сомонӣ, муодили ҳудуди 5 доллари амрикоӣ ҷарима таъин кунад.

Абдуҷаббор Раҳмонов, раиси Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе, рӯзи 17 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “ин лоиҳа дар дасти омӯзиш ва баррасист ва ҳатто аз тариқи овоздиҳӣ миёни омӯзгорону донишҷӯён амалӣ мешавад. Дар сурати ҷонибдори зиёде пайдо кардани ин лоиҳа, донишҷӯе, ки ба дарс ҳозир намешавад ваё ба истилоҳ “нб”мегирад, барои ҳар як “нб” 25 сомонӣ ё муодили ҳудуди 5 доллари амрикоӣ ба буҷаи донишгоҳ пардохт мекунад.”

Ба гуфтаи ҷаноби Раҳмонов, тибқи ин лоиҳа, ҳатто нисбат ба устодоне, ки дарсшиканӣ мекунанд, низ пардохти ҷарима пешбинӣ шудааст. Аммо ба гуфтаи раиси донишгоҳ, ин меъёр ба донишҷӯён ва устодоне, ки барои ҳозир нашудан ба дарс узр доранд, рабт надорад ва танҳо барио онҳоест, ки бидуни асос ваё дониста ба дарс намеоянд.

Абдуҷаббор Раҳмонов

Абдуҷаббор Раҳмонов

Абдуҷаббор Раҳмонов мегӯяд, чунин тасмимро баъди сафар ба Беларус ва ошноӣ бо вазъи донишгоҳҳои он кишвар ва бо ҳадафи таъмини ширкати донишҷӯёну устодон дар дарсҳо рӯи даст гирфтааст. Ба гуфтаи вай, миқдори ҷарима нисбати донишҷӯёни дарсгурез дар Беларус барои ҳар “нб” то 50 долларро ташкил медиҳад.

Аммо ин лоиҳа аҳли Донишгоҳи омӯзгориро ба ду сангари ҷонибдорон ва мухолифон тақсим кардааст. Иддае аз донишҷӯён аз ин лоиҳа истиқбол карда, мегӯянд, ки ин амр метавонад монеъи дарсгурезии иддае аз донишҷӯён шуда, ба ин васила, онҳоро дар ҷараёни дарсҳо фаъолтар кунад. Аммо иддаи дигар мегӯянд, ки чунин ҷаримабандӣ ба ҷайби бе ин ҳам холии донишҷӯ зарба мезанад.

Зайтуна Дӯстова, донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи омӯзгорӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ин тасмими Абдуҷаббор Раҳмонов ҷонибдорӣ мекунад, зеро пас аз пулакӣ шудани “нб” дар донишгоҳ дигар донишҷӯён аз дарсҳо намегурезанд ва талош мекунанд сари вақт дар дарсҳо ҳозир шаванд. Зайтуна мегӯяд, иддаи он донишҷӯёне, ки аз дарсҳо мегурехтанд, акнун ин корро намекунанд: Онҳо наметавонанд. Кӣ 25 сомониро худашон нахӯрда, ба каси дигар медиҳад.”

Таҳмина Қурбонова, донишҷӯи дигари ин донишгоҳ мегӯяд, шояд барои ба дарс ҷалб кардани “дарсгурезҳо” хуб бошад, аммо аз лиҳози молӣ ин қарор хуб нест. Зеро донишҷӯён бе ин ҳам пули зиёд надоранд. Ба бовари ӯ, ҳадди ақал беҳтар мебуд, агар маблағи ҷаримаро камтар мекарданд, чунки барои онҳое, ки камбизоатанд, ин сахт аст: “Агар ҳадди ақал дар як рӯз 25 сомони мешид беҳтар буд.”

Фарзона, ки нахост насабаш гуфта шавад, бо нигаронӣ гуфт, дар маҷмӯъ ягон донишҷӯ розӣ нест аз қабули ин қарор, аммо онҳо аз ноилоҷӣ хомӯш меистанд. Зеро ҳар қароре, ки Раҳмонов мехоҳад, он, ба ақидаи Фарзона, ҳатман қабул мешавад: “Овоз додан ё надодани донишҷӯён ҳеҷ нақше надорад. Ба ҳама маълум аст ҳар тасмиме, ки чеҳраҳои аввал мегиранд, он хоҳу нохоҳ амалӣ мегардад.”

Як ҷавони дигар, ки гуфт, дар соли севвуми ин донишгоҳ таҳсил мекунад ва ҳамроҳ ба чанд ҳамсабақаш буд, бидуни овардани номаш гуфт: “Дар факултаи мо аз ҳар гуруҳ ду-сенафарӣ ба раёсати донишгоҳ рафта, иброз доштанд, ки онҳо зидди қабули ин қарори Раҳмонов ҳастанд. Аммо бовар надорем, ки ин натиҷае диҳад.”

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки ин тасмими раиси Донишгоҳи омӯзгорӣ оё ба қавонини кишвар, ба хусус қонуни маорифи Тоҷикистон мувофиқат мекунад ё хайр? Маҳмудхон Шоев, масъули бахши таҳсилоти олии вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ин гуна “сабақгардонӣ” ба қонун “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз дипломӣ” мувофиқат мекунад. Ба қавли ҷаноби Шоев, ин гуна қарорҳо барои пешбурди молии донишгоҳ ва сабақгардонӣ, ки устодон вақти зиёдатӣ сарф мекунанд, пешбинӣ шудааст. Шоев мегӯяд: “Яъне музди иловаги аз ҳамин ҳисоб ба устод пардохт карда мешавад.”

Абдураҳмон Шарипов

Абдураҳмон Шарипов

Аммо Абдураҳмон Шарипов, ҳуқуқдони дафтари Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон мегӯяд, ворид намудани чунин навоварӣ хилофи мақсади таълим ва таҳсил дар системаи маориф аст. Ҷаноби Шарифов мегӯяд, ин қарор ҳолати иҷтимоии донишҷӯёнро душвор мегардонад ва агар ин пешниҳод амалӣ шавад, аксарияти донишҷуён ба донишгоҳ барои таҳсил намеоянд, балки барои харидани диплом меоянд. Яъне ҳолатҳои коррупсионӣ қонунӣ гардонида мешаванд. Ин аст, ки ба андешаи ҳуқуқдонҳо, ин амри донишгоҳи омӯзгорӣ хилофи қонунгузорӣ буда, боиси поймол гардидани ҳуқуқи донишҷуён мегардад.

Маҳмуд Қурбонов, ҳуқуқдони коллегияи адвакатҳои Тоҷикистон низ гуфт, дар сурати қабули ин қарор ҳуқвайронкунии шаҳрвандӣ ба миён меояд. Зеро дар ягон қонун гуфта нашудааст, ки донишҷӯ дар сурати ба дарс наомадан, бояд ба тариқи ҷарима муҷозот шавад.

Аммо Абдуҷаббор Раҳмонов, раиси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба он ки бештар аз 80 дарсади донишҷӯён доимо дар дарс ҳозиранд, бовар дорад, ки аксарияти донишгоҳ аз ин лоиҳа ҷонибдорӣ хоҳад кард. Ба гуфтаи раиси Донишгоҳи омӯзгорӣ ва масъулони вазорати маориф, ҷарима бастани донишҷӯн барои “дарсгурезӣ” ширкати беҳтари онҳо дар дарсҳоро таъмин карда, метавонад ба беҳбуди вазъи молиявӣ ва тартибу низом дар мактабҳои олӣ мусоидат хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG