Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон барои бори аввал давраҳои омӯзишӣ барои занбӯрпарварони ҷавон роҳандозӣ мешавад.

Ширкати занбӯрпарварие дар Тоҷикистон наврасони аз 12 то 16-соларо барои аввалин бор ба омӯзиши касби занбӯрпарварӣ даъват кардааст. Ин ширкат бо эълони давраҳои омӯзишӣ тасмим дорад, иштироки наврасони тоҷикро дар озмуни байналмилалии асалпарварон дар Словакия, ки соли оянда баргузор мешавад, фароҳам созад.

Талбӣ Шоев, раҳбари ширкати “Интермёд” бовар дорад, ки бо ҷалби таваҷҷӯҳи наврасону ҷавонон, ба хусус духтарон, ба занбӯрпарварӣ вазъи иқтисодии хонаводаҳои тоҷик беҳбуд ёфта, бо ин роҳ аз оворагардӣ ва кори сангину сиёҳи кӯдакон ҳам метавон ҷилавгирӣ кард.

Масъули ин ширкат бо мушоҳида аз сафарҳои кории худ ба хориҷ мегӯяд, дар бисёр кишварҳо наврасон ба ин кор, ки чандон меҳнати сахту сангинро талаб намекунад, ҷалб мешаванд. Аммо дар Тоҷикистон агарчӣ ба гуфтаи ӯ, имкониятҳои хуби табиие барои занбӯрпарварӣ муҳаё аст, ба ҷуз аз фарзандони хонаводаҳои асалпарвар дигар наврасону духтарон дар бораи роҳҳои истеҳсоли асал ва умуман занбӯрпарварӣ иттилои кам доранд.

Ӯ мегӯяд: “Ҳамин кӯдаконе, ки дар бозору хиёбонҳо аробакашӣ мекунанд, аксарият аз минтақаҳои занбӯрпарваранд. Аз он ки дар бозор онҳоро таҳқир мекунанду азият мекунанд ва саломатиашон бад мешавад, асалпарварӣ кори хубу осон аст. Бубинед, агар як нафар аз 10 оила занбӯр 20 кило асал гирад, дар як мавсим ё масалан 3 моҳ метавонад 6 ҳазор сомонӣ даромад бинад. Чизи дигаре, ки аслан моро ба таъсиси чунин курсҳо водор кард ин аст, ки ҳар сол дар ҷаҳон, озмуни занбӯрпарварони ҷавон мешавад, ва Тоҷикистон то ҳол ягон наврасаш дар инчунин озмун ширкат намекард.”

Бо гузашти як ҳафта аз эълони ин ширкат барои ҷалби наврасон ба занбӯрпарварӣ аллакай муроҷиат шурӯъ шуда, хоҳишмандон худро номнавис мекунанд. Тасмим аст, дар навбати аввал ба духтарон бештар таваҷҷӯҳ шавад ва 20 нафар ба омӯзиш ҷалб шавад. Дар ин дарсҳо ба наврасон коркарди асал, тарзи нигоҳубини оилаҳои занбӯр, хӯрок додан ба онҳо, шинохти маликаи занбӯр, ки бачазоиро бар дӯш дорад ва парвариши хосро тақозо мекунад, ба наврасон меомӯзонанд.

Дар сурати аз худ кардани ин кор, наврасон ва волидони онҳо метавонанд бо истифода аз барномаи давлатие, ки дар самти дастгирии занбӯрпарварон пешбинӣ шудааст, барои шурӯъи кори худ кӯмак бигиранд.

Ширкати “Интермёд” тасмим дорад, бо пешниҳоде ба вазорати маориф муроҷиат кардаву чунин курсҳоро дар мактабҳои миёнаи кишвар барои синфҳои 8 то 10 роҳандозӣ кунанд. Вазорати маориф ҳам зоҳиран ба роҳандозии чунин барномае дар мактабҳои миёна зид нестанд.

ҶАШНИ АСАЛ ДАР ДУШАНБЕ (АЗ БОЙГОНӢ)

Шермуҳаммад Ёрмуҳаммадов, раҳбари маркази методии вазорати маорифи кишвар мегӯяд: “Воқеан мо имкониятҳои хубе дорем барои ривоҷи занбӯрпарварӣ, ҷорӣ кардани чунин давраҳои омӯзишӣ ба манфиати кор аст. Аз сӯйи дигар мо хоҳ нохоҳ ба таълимӣ касбӣ, ё равиявӣ мегузарем. Яъне мо ҳоло барои гузариш ба таълими 12-сола омодагӣ дида истодаем, дар ин низом барои синфҳои 11- 12 мешавад дар қатори дигар касбҳо занбӯрпарвариро ҳам ба роҳ монд.”

То кунун дар Тоҷикистон ба ҷуз давраҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ барои калонсолон дар ҳеҷ муассисаи таълимӣ ба таври вижа ба наврасон занбӯрпварӣ омӯзонда намешуд. Наврасони ҳавасманд аҳёнан ин касбро назди волидони занбӯрпарвар ва ё наздиконашон аз бар менамуданд.

Салима Мирзоалиеваи 15-сола аз ангуштшумор духтаронест, ки ҳоло 25 оила занбӯрро нигоҳубин мекунад ва бо ин дар пешбурди зиндагии хонаводаи бузургашон кӯмак мерасонад. Ӯ асрори занбӯрпарвариро дар назди яке аз наздиконаш дар Қӯрғонтеппа, дуртар аз падару модар омӯхтааст.

Чор сол пеш падари Салима, ки ягона таъминкунандаи хона буду мисли дигарон ба муҳоҷират мерафт, барои беҳтар кардани зиндагиашон ва омӯхтани ҳунаре ба духтараш, Салимаи хурдсолро аз ноҳияи Ваҳдат ба Қӯрғонтеппа барои омӯхтани занбӯрпарварӣ бурд. Ҳоло занбӯрҳое, ки ӯ парвариш мекунад, дар як мавсим то 400 кило асал ҳосил медиҳанд. Ӯ бо ифтихор мегӯяд, аз ҳисоби ин заҳмати худ тобистони гузашта то 10 ҳазор сомонӣ даромад ба даст овардааст.

Салима меафзояд: “Аввал ҳар килои асалро 25 сомонӣ мефурӯхтем, имсол нархҳо, ки боло рафт, то 50-60 сомонӣ ҳар кило асалро хариданд. Ман дар назди чанд нафар шогирд истодаву тарзи занбӯрпарвариро омӯхтам. Аввал ман аз додани қандоб ба орӯҳо сар кардам. Ҳамин тавр муомила ва нигоҳубини онҳоро ёд гирифтам. Вақте бо занбӯр муомилаи хуб мекунӣ, онҳо инро эҳсос мекунанд ва ҳеҷ зараре намерасонанд. Албатта, ҳолатҳое ҳам мешавад, ки мегазанд, вале ин зарар надорад.”

Абдуҳалим Мирзоалиев, падари Салима мегӯяд, бо маблағи андаке ба духтараш касберо омӯзонидааст, ки даромади хуб дошта, дар зиндагӣ ӯро ҳеҷ гоҳ дастнигар намекунад. Ин мард, ки 6 фарзанд дорад, мегӯяд, барои падари серфарзанде чун ӯ соҳибмаълумот кардани ҳама духтарон осон нест, бино бар ин мехоҳад духтараш ҳади аққал ҳамин ҳунарро ба пуррагӣ ва бо тамоми нозукиҳояш аз худ намояд.

Ӯ ҳанӯз ҳам ин донишҳои духтараш дар ин соҳаро кифо намедонад: “Ҳар куҷое дар бораи як занбӯрпарвар мешунавам, агар наздикиҳо бошад, бо Салима меравем ва ӯ ба саволҳои худ ҷавоб мегирад. Албатта, соли аввал наметавонист ин корро ва, занбӯрҳо ҳама мурданд, вале оҳиста- оҳиста таҷрибааш бештар шуд. Ҳоло вай ин корро ба дигар хоҳарону модараш ҳам меомӯзад. Албатта, ҳоло ҳам ҳама асрори занбӯрпарвариро наомӯхтааст ва омӯзишро идома медиҳем. Ин корро хуб ёд гирад, пагоҳ вақте оиладор шуд, зиндагии худро ҳам дар баробари ҳамсараш таъмин кунад.”

​Салима, ки қарор аст, бо довталабони дигар дар ба ин давраи омӯзишӣ фаро гирифта шавад, шояд номзади хубе барои муаррифии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалии занбӯрпарварони ҷавон дар Словакия гардад.

Зимнан дар ҳоле, ки дар ҷаҳон нигарониҳо аз коҳиши истеҳсоли асал ва пиршавии занбӯрпарварон сӯҳбат мешавад, дар Тоҷикистон мутахассисон аз рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар чанд соли ахир хабар медиҳанд. Ҳукумати Тоҷикистон соли 2003 қонуни вижае дар бораи занбӯрпарварӣ қабул карда, бо эълони Рӯзи асал ва додани имтиёзҳо барои соҳибкорони асалпарвар, тавонист рақобат дар ин бозорро бештар карда, занбӯрпарвариро то андозае рушд диҳад.

Ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор оилаи занбӯр дар парвариш буда, ҳар сол 3 ҳазор тонна асал истеҳсол мегардад. Моҳи декабри соли равон асали Тоҷикистон дар озмуни байналмилалие дар Туркия байни 15 давлат аз ҷиҳати сифат ҷои савумро касб кард. Асали Тоҷикистон ғолибан ба Чину Русия содир мешавад ва дар дохили кишвар як кило асал – вобаста ба сифаташ - аз 35 то 60 сомонӣ арзиш дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG