Пайвандҳои дастрасӣ

Аз ронандагони мусофиркашӣ талаб шудааст, ки дарси одоби муоширатро аз худ кунанд ва ба мусофирон муаддабона рафтор намоянд.

Раҳбарони корхонаҳои мусофирбарӣ аз ҷониби шаҳрдори Душанбе муваззаф шудаанд, ки ба ронандагон дарси одоби муошират омӯзанд. "Дарси одоби муошират бо мусофирон" дар ронандаҳои нақлиёти умумӣ ҳафтае се бор дар назди корхонаҳои хусусии мусофирбарӣ баргузор мешавад ва се моҳ давом мекунад.

Баъди анҷоми курси пурраи омӯзиш, ронандагон санҷиш месупоранд ва шаҳодатномаи дарси одобро дастрас мекунанд. Агар баъди ин ронанда ислоҳ нашавад ва дар сурати ду бор пайи ҳам дағалӣ кардан, мақомот ӯро аз кор хориҷ мекунанд.

Тасмим ҷорӣ кардани дарсҳои одоби муошират бо мусофирон, ки ҳоло дар бархе аз идораҳои мусофирбарӣ оғоз шудааст, дар пайи шикояти зиёди шаҳрвандон аз дағалии ронандагон гирифта шуд.

Баҳораи Зулфиқор

Баҳораи Зулфиқор

Баҳораи Зулфиқор, донишҷӯи соли 5-уми Донишгоҳи тиббӣ мегӯяд, ки ӯ ҳар субҳ аз хизмати нақлиёти мусофиркашӣ истифода мекунад ва борҳо бо ронандагон вориди ҷанҷол шудааст. Ӯ ҳатто боре ба Бозрасии Давлатии Автомобилӣ низ шикоят бурд. Баҳора мегӯяд, ки ронандаҳо арзиши роҳкироро бидуни асос баланд нишон медиҳад ва беодобиҳои дигар ҳам мекунанд.

Баҳора нақл кард, ки “як рӯз дар маршрути 46 ҳамроҳи ҳамкурсам ба дарс мерафтем. Мусиқӣ чунон баланд буд, ки чанд бор гуфтем, нигоҳ доред, ронанда нашунид. Вақте ба ронанда гуфтем мусиқиро паст монед намешавад? Гуфт баландтар гап занед. Садоятон аз як ҷоятон ба зӯр мебарояд.”

Баҳора аз рӯи рафтори ронандаи хатсайри 46 ба нозирони роҳ шикоят кард, аммо ин шикоят то ҳол натиҷа надодааст. Масъулони идораи Хадамоти нақлиёт низ шикоятҳоро тасдиқ мекунанд ва мегӯянд, ки ҳамарӯза шаҳрвандон аз дағалии ронандагон, ба хусус дар маршруткаҳо шикоят мекунанд.

Ҷумъахон Давлатов, муовини аввали раиси идораи Хадамоти нақлиёт мегӯяд, азбаски шаҳрвандон ҳамарӯза аз беодобӣ ё надодани бақия аз сӯи ронандагон ҳам ба идораи онҳо ва ҳам ба шаҳрдорӣ шикоят

Ҷумъахон Давлатов.

Ҷумъахон Давлатов.

мебаранд, тасмим гирифта шуд, ки барои ронандагон дарси одоб омӯхта шавад: Ҳар шикояте ворид мешавад, мо сари вақт онро баррасӣ мекунем. Аммо муҷозотро худи корхонаҳои хусусӣ тайин мекунанд. Дар сурати такроран ворид шудани шикоят аз болои як ронанда, ӯ аз кор хориҷ карда мешавад.”

Ҷорӣ шудани дарсҳои одобномаро бештари ронандагон як сарбории иловагӣ медонанд. Зеро ба қавли онҳо мусофиронанд, ки бо рафтори бади худ ронандаро ба ҷанҷол таҳрик медиҳанд. Парвиз, як ронандаи ҷавон мегӯяд, ки борҳо шоҳиди бебодобии мусофирон шудааст.

Барои таътлими дарси одоби муошират ва маданияти шаҳрдорӣ ба ронандаҳо устодони донишгоҳҳо низ даъват мешаванд. Мавзунаи Муҳаммадалӣ, ки барои ронандагони хатсайри 25 дарси одоби муошират бо мусофиронро меомӯзад, мегӯяд, барномаи онҳо бештар аз таҷрибаи кишварҳои рушдкарда гирифта шудааст.

Ба гуфтаи Мавзунаи Муҳаммадалӣ, “ҳарчанд аз омӯхтани дарси одоби муошират вақти зиёд сипарӣ нашудааст, аммо мебинем, ки каме ҳам бошад, натиҷа дода истодааст. Пештар худам ҳам борҳо бо ронандагон барои дағалияшон ҷанҷол карда, ҳатто шикоят бурдаам. Аммо ҳоло вазъ то як андоза беҳтар шуда истодааст.”

Ҳарчанд омӯзиши дарси одоби муошират бо мусофирон ҳоло танҳо ба соҳибони мусофирбарҳои хурд, ё маршруткаҳр рабт мегирад, аммо сокинон мегӯянд ин гуна дарсҳо бояд бо ронандагони автобус ва тролейбусҳо низ гузаронида шаванд.

Зеро баъзе ронандаҳо ба пиронсолоне, ки аз ҳақи истифодаи ройгони нақлиёт бархӯрдоранд ва ё пул надоранд, иҷозаи вуруд намедиҳанд ва ё аз онҳо фирор мекунанд. Душанбе на трамвай дорад ва на метро. Мусофирон аз як нуқтаи шаҳр ба дигар, тавассути автобус, тролейбус ва маршруткаҳо ҳаракат мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG