Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд вокуниш ба паёми президент


Намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ бисёре аз нукоти паёми раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба солгарди 17-уми имзои созишномаи сулҳи Тоҷикистонро ба чолиш мекашанд.

Намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ бисёре аз нукоти паёми раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба солгарди 17-уми имзои созишномаи сулҳи Тоҷикистонро ба чолиш мекашанд. Бахусуси ин изҳори назари оқои Раҳмонро, ки ҳамагонро дар арзбии масоили сиёсиву иҷтимоӣ ба эҳтиёт даъват кард. Аммо бархе аз намояндагони саршиноси ҷомиаи шаҳрвандӣ ва мунтақидони давлат мегӯянд, дар баробари ин гуфтаҳои президент шинохти дигар аз вазъ доранд.

Ойниҳол Бобоназарова, сарвари созмони ҷамъиятии «Перспектива +», мегӯяд, таъкидҳои мақомоти Тоҷикистон ба ҷомиаи шаҳрвандӣ ғайримунтазираанд: «Ин бори аввал нест. Ҳиҷ фикр намекунам, ки як созмони ҷамъиятӣ тавонад истиқлолияту ваҳдати кишварро барҳам занад, ҳатто ҳамаи созмонҳо дар якҷоягӣ. Агар як танқиди мо аз ягон барнома, ё кори ҳукумат бесуботиву хатар бошад, хато мекунанд. Паёми президент ба порлумон ва ин паёмаш дар рӯзи Ваҳдат аз баромадҳои пешинааш фарқ мекунанд. Пеш мегуфт, мо бояд бо ҷомиаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ кунем, омода ҳастем. Вақтҳои охир ҷомиаи шаҳрвандӣ фақат гунаҳкор арзёбӣ мешавад.»

Шокирҷон Ҳакимов, муовини ҳизби сотсиал – демократии Тоҷикистон, мегӯяд, президент метавонист дар баробари ҷомиаи шаҳрвандӣ ниҳодҳои фасодзада, ҳизби ҳукмрон, созмонҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои таҳти назорати давлатро низ ҳушдор диҳад, ки аз эҳтиёт ва мулоҳиза дар баробари ҷомиаи шаҳрвандӣ кор гиранд: «Заминаи ваҳдати миллӣ сулҳи тоҷикон буда наметавонад. Таҷрибаи ҷаҳони мутамаддин нишон медиҳад, ки заминаи ваҳдати миллиро интихоботҳои шаффоф фароҳам меоранд. Мутаассифона, 20 соли ахир дар Тоҷикистон ягон интихоботи шаффоф набуд, ки ҳусни тафоҳум ва ризоияти аҳзобу созмонҳо ва дар кулл мардумро ба вуҷуд оварда бошад.»

Саймуддин Дӯстов, раҳбари созмони ҷамъиятии «Индем» мегӯяд, вақте аксари кулли сарватҳои миллӣ дар дасти як гурӯҳ аст, мардуми Тоҷикистон наметавонад талаб надошта бошад. Ба қавли ӯ, мардум талабҳояшро тариқи аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва расонаҳои мустақил пеш мегузорад ва ҳоло чунин хулоса мешавад, ки ҳукумат мехоҳад инҳо хомӯш бошанд: «Агар ин формулаи ҳамзистӣ аз соли 1997 то ба имрӯз агар хуб буд ва ҳукумат ҳам барои пиёда кардани хеле аз сиёсатҳои худ аз мардум карт – бланш дошт, минбаъд барои чор – панҷ соли наздик ин формула кор карда наметавонад. Аз ин рӯ, ҳукумат аз худ асабоният нишон медиҳад, ҷомиаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз ояндаи давлатдории миллӣ сахт нигарон аст.»

Зафар Абдуллоев, коршинос дар умури сиёсӣ, мегӯяд, хавфи ҳукумати Тоҷикистон аз ҷомиаи шаҳрвандӣ реша дар низоми имрӯз дорад, ки ҳанӯз бо усули Шӯравӣ кор мекунад. Вай мегӯяд, ин низом ҳеҷ натавонист, ки воқеиятҳои нав, аз ҷумла ҷомиаи шаҳрвандиро, ки бо кӯмаки ҷомиаи байналмилалӣ ба по рост шудааст, қабул кунад: «Ин паёмҳо як нуктаи манфӣ доранд, ки имиҷ ё фаҳмиши ҷомиаи шаҳрвандиро дар миёни мардум манфӣ нишон медиҳад. Ҳол он ки тамоми кишварҳои рушдкарда маҳз бар ҷомиаи шаҳрвандӣ такя мекунанд. Дар мо бошад дар симои онҳо мехоҳанд душман эҷод кунанд, ки ин хеле бад аст.»

Ба ҳамин минвол, коршиносон бар ин нукта низ ишора мекунанд, ки нигарониҳои ҳукумати Тоҷикистон аз ҷомиаи шаҳрвандӣ дар пасманзари ҳаводиси олами араб ва Украина шакл гирифтаанд. Онҳо мегӯянд, дар ноамниҳои он кишварҳо саҳми ҷомиаи шаҳрвандӣ ба назар мерасад, аммо авомили дохиливу хориҷӣ на камтар аз онҳо муассир буданд. Вале дар Тоҷикистон, ба қавли онҳо, дари ҳамкорӣ миёни ҳукумат ва ҷомиаи шаҳрвандӣ ҳанӯз баста нашудааст.

Э.Раҳмон: «Ваҳдати миллӣ танҳо ба як гурӯҳ ё ҳизб марбут нест»

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки расидан ба ваҳдати миллӣ масъалаи сиёсии танҳо як гурӯҳ набуд, балки хости ҳамаи табақаҳои ҷомеа мебошад. Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи паншанбе, 26 июн дар паёми табрикоти худ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ гуфт, ки «дар шароити кунунии рушди ҷомеа бояд ба назар гирифт, ки ваҳдати миллӣ ҳеҷ гоҳ масъалаи сиёсии танҳо як гурӯҳ ё ҳизб набуда, балки он ифодаи талабот ва ниёзҳои ҳамаи табақаҳои ҷомеа, сарфи назар аз эътиқодоти динӣ, мансубияти миллӣ ва ҳизбӣ мебошад».

Ин ишораи президент, ки «ваҳдати миллӣ ҳеҷ гоҳ масъалаи сиёсии танҳо як гурӯҳ ё ҳизб набуд» дар ҳолест, ки бархе нерӯҳо аз ҷумла намояндагони собиқи Иттиҳоди мухолифин мегӯянд, сулҳи тоҷикҳо танҳо бо кушиши як ҷониб, яъне Эмомалӣ Раҳмон ба даст наомадааст ва дар роҳи расидан ба ин ваҳдат саҳми Иттиҳоди мухолифини пешин, бахусус раҳбари он Саид Абдулоҳи Нурӣ низ ҳаст. Ин иддаои собиқ намояндагони ҷониби дигари сулҳ дар ҳоле садо медиҳад, ки дар инъикоси раванди расидан ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар воситаҳои ахбори оммаи давлатии Тоҷикистон аз онҳо ёд намешавад.

Лаҳзае аз рӯзи имзои Созишномаи сулҳ дар шаҳри Маскав, 27-уми июни соли 1997. Акс аз бойгонӣ.
Лаҳзае аз рӯзи имзои Созишномаи сулҳ дар шаҳри Маскав, 27-уми июни соли 1997. Акс аз бойгонӣ.

Эмомалӣ Раҳмон дар табрикномаи худ зикр кардааст, ки «Ҳабдаҳ сол қабл, яъне бисту ҳафтуми июни соли 1997 баъди музокироти тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад».

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҷанги шаҳрвандаии панҷсолаи Тоҷикистонро як «ҷанги таҳмилӣ» унвон карда мегӯяд, маҳз «имзои созишномаи сулҳ барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми он шароити мусоид фароҳам овард».

Президенти Тоҷикистон аз мардуми кишвар даъват кардааст, ки дар марҳилаи навин барои ҷомеъаи имрӯз «бояд беш аз ҳарвақта дида бо дасту дили поку нияти нек ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон заҳмат кашем.»

Созишномаи сулҳи миёни тоҷикон 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав баъд аз музокироти тӯлонӣ ва баъди набардҳои 5-сола бо шартҳои ҳарду ҷониб ба имзо расид.

Эътирозҳо. Моҳи феврали соли 1990
Эътирозҳо. Моҳи феврали соли 1990

Тоҷикистон баъд ба даст овардани истиқлол вориди нооромиҳо ва билохира ҷанги шаҳрвандӣ шуд. Барои хомӯш кардани оташи ҷанг ҷонибҳои даргир борҳо бо ҳам вохӯрдаву музокира карданд. Танҳо соли 1997, баъде ки хуни ҳазорон тоҷикистонӣ рехту иқтисодиёти давлат дар сатҳи хеле поин афтод ҷонибҳо бо ҳам даст доданд ва бо имзои санаде ба оташи ҷанг об пошиданд. Соҳибони ин ду даст яке Эмомалӣ Раҳмон, дигаре Саид Абдуллоҳи Нурӣ бо ҷонибдоронашон буданд. Ҳарчанд баъд аз ин созишнома ҳам то солҳои баъд онҳое ки аз ин сулҳ розӣ набуданд, бо силоҳ муқовимат нишон доданд.

Соҳибони ин ду даст яке дар сари қудрат то имрӯз монд, аммо аз дуввумӣ ҳамчун як ниҳод танҳо қаноте бо номи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG