Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Испания истирдоди Шарофиддин Гадоевро рад кард


Шарофиддин Гадоев

Шарофиддин Гадоев

Додгоҳи пойтахти Испания рӯзи 23 июл соҳибкор ва сиёсатмадор фирории тоҷик Шарофиддин Гадоевро озод кард. Ӯ бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт шуда буд.

Додгоҳи шаҳри Мадрид, пойтахти Испания дархости Тоҷикистон дар мавриди истирдоди Шарофиддин Гадоевро рад кард.

Шарофиддин Гадоев рӯзи 23 уми июл пас аз анҷоми мурофеаи додгоҳиаш дар шаҳри Мадриддар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, «додгоҳ иҷоза надод, ки ӯро ба Тоҷикистон истирдод кунанд».

Ҳамакнун ба гуфтаи ӯ, давлати Испания ба ӯ мақоми паноҳандаи сиёсиро барои панҷ сол хоҳад дод. Ба таъкиди Гадоев, додгоҳ бо дарназардошти мақоми паноҳандаи сиёсии мувақатии ӯ ва хатар ба ҷонаш дар Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ӯро ба Душанбе надиҳанд.

Гадоев ҳамчунин гуфт, тафтишот нишон дод, ки "дар бархе аз он санаҳое, ки ба нишондоди мақомоти Тоҷикистон гӯё дар он муддат ман ҷиноят содир карда бошам, ман дар хориҷ аз кишвар қарор доштам. Мӯҳру визаҳое , ки дар паспорти ман гузошта шудааст собит мекунад, ки дар ин рӯзҳо ман дар хориҷ аз кишвар қарор доштам."

Шарофиддин Гадоев, аз муттаҳидони соҳибкори дигари фирорӣ Умаралӣ Қувватов аст, ки иддао доранд, тиҷорати муваффақи онҳо дар Тоҷикистон аз сӯи Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои раиси он ҷумҳурӣ, ғасб шудааст.

Аммо мақомоти Тоҷикистон ҳардуро дар тахаллуфоти молӣ айбдор карда, таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додаанд.

Нусхаи ҳукми додгоҳи Испания

Нусхаи ҳукми додгоҳи Испания

Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ҳанӯз 28 январи соли 2013 қарори дар ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон кардани соҳибкор Шарофидин Гадоевро бароварда буд. Дар ин қарор соҳибкор аз рӯи моддаи моддаи 289, қисми 1 (контрабанда (қочоқ) ва моддаи 340, қисми 2, банди "в" (сохтакории аснод бо истифодаи техникаи компьютерӣ) – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам карда мешавад. Аз рӯи ин санад, Шарофиддин Гадоев моҳи феврали соли 2012 тариқи посгоҳҳои гумрукии Тоҷикистон 30 мошини «Шаанҳи Делонг» (миёни мардум маъруф ба «Дулан») – и истеҳсоли Чинро қочоқ карда, 10 ҳуҷҷати мошинҳоро тариқи компютер дасткорӣ карда, ба ҳисоби БДА гузоштааст.

Оҷонсӣ мегӯяд, ҳар мошини «Шаанҳи Делонг» - ро, ки амалан 49 700 доллар қимат дорад, Шарофиддин Гадоев 8 ҳазордолларӣ ҳуҷҷат карда, дар маҷмӯъ дар ҳаҷми 14 миллиону 029 ҳазору 78 сомонӣ пардохтҳои гумрукиро насупурдааст. Шарофиддин Гадоев мегӯяд, алайҳи ӯ се ититҳоми дигар аз рӯи моддаҳои 131 (ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ), 247 (қаллобӣ), 250 (тамаъҷӯӣ) низ эълон шудаанд, вале ин иттиҳомот аз ибтидо аз сӯи додгоҳи Мадрид ба эътибор гирифта нашуд.

Фирӯз Холмуродов, муовини сарвари Раёсати тафтишоти Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ки қарори эълони дар ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарор додани Шарофиддин Гадоевро содир кардааст, ҳафтаи гузашта дар посух ба дархости Радиои Озодӣ аз ироаи тафсилоти бештар худдорӣ кард.

Бино ба маълумоти расмӣ, Шарофиддин Гадоев, 19 майи соли 1985 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шуда, истиқоматкунандаи кӯчаи Маяковскии шаҳри Душанбе мебошад. Ӯро аз хешовандони дур ва пайравони наздики Умаралӣ Қувватов, роҳбари Гурӯҳи 24, ки низ дар ҳоли фирор аз ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа ба сар мебарад, ном мебаранд. Ҳарду замоне соҳибкорони муваффақ буданд.

Умаралӣ Қувватов

Умаралӣ Қувватов

Умаралӣ Қувватов даъво дорад, ки ширкатҳои маъруфи «Тоҷирон» ва «Фароз» - ро асос гузошта, молики «Голд тур транс» - ширкати нақлиётӣ дар Қирғизистону Афғонистон буд. Шарофиддин Гадоев соҳиби ширкати «Голд Тур Транс» дар Тоҷикистон буд, ки 107 мошин «Дулан» ва аз ин теъдод 27 адад ба ӯву 80 адад ба Умаралӣ Қувватов тааллуқ доштанд.

Соли 2010 ҳарду аз Тоҷикистон фирор карда, дар Маскав «Гурӯҳи 24» - ро эълон карданд. Пас аз боздошти Умаралӣ Қувватов дар моҳи декабри соли 2012 дар Дубай Шарофиддин Гадоев тариқи шаҳри Санкт – Петербурги Русия ба Финландия ва аз он ҷо ба Мюнхени Олмон фирор карда, ниҳоят дар Мадриди Испания иқомат ихтиёр кард.

Дар ҳоле, ки ҳукумати Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов ва Шарофиддин Гадоевро дар ҷиноёти иқтисодӣ айбдор мекунад, онҳо мегӯянд, ки таъқиби онҳо ангезаи сиёсӣ дорад. Шарофиддин Гадоев худро узви «Гурӯҳи 24» медонад ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ шадидан аз сиёсатҳои президент Эмомалӣ Раҳмон интиқод мекунад. Душанбе баъди боздошти Қувватов дар Дубай низ ба истирдоди ӯ муваффақ шуда натавонист.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG