Пайвандҳои дастрасӣ

Билет ба Миррих - 100 ҳазор доллар (ВИДЕО)


Тасвири хаёлии маҳаллаи инсоннишин дар Миррих.

Тасвири хаёлии маҳаллаи инсоннишин дар Миррих.

Мудири ширкати SpaceX тарҳи фазонавардеро нишон дод, ки қодир аст, садҳо мусофир ва бори зиёдро дар як парвоз ба Миррих бирасонад. Миллионери амрикоӣ дар ин бора дар Конгресси байналмилалии ситорашиносон дар шаҳри Гвадалахари Мексика рӯзи 27 сентябр сӯҳбат кард.

Илон Маск гуфт, "ҳадафи аслӣ, дастрас кардани сафар ба Миррих аст. Ба ҳисоби мо парвозҳои аввал бисёр гарон меафтанд ва, сипас, қимати сафар вобаста ба бори гирифтаи инсон аз 200 то 100 ҳазор доллар поин меояд."

Ин дастгоҳи НАСА аз меҳмонони аввалини Миррих аст.

Ин дастгоҳи НАСА аз меҳмонони аввалини Миррих аст.

SpaceX ният дорад, фазонавардро баъди ҳар 26 моҳ ва замони ба ҳам бисёр наздик омадани кураи Замин ва Миррих партоб кунад. Вале ҳамин масофаи кӯтоҳ бештар аз 200 миллион километр хоҳад буд ва парвоз ба Миррих аз 6 то 9 моҳ идома мекунад. Илон Маск ният дорад, аввалин инсонро соли 2024 ба Миррих бирасонад. Чунин парвози НАСА Оҷонси кайҳоннавардии Амрико соли 2034 пешбинӣ шудааст.

Ҳадафи аслӣ, дастрас кардани сафар ба Миррих аст.

SpaceX мехоҳад, соли 2018 аввалин фазонаварди бесарнишин бо номи "Аждаҳои сурх"-ро ба Миррих фиристад, то шеваи фуруд дар сайёраро озмоиш кунад. "Ин фазонавард имкон медиҳад, ба ҳар гушаи манзумаи офтобӣ парвоз кунад, масалан ба бурҷи койпер. Парвоз ба дигар ситораҳоро тавсия намедиҳам. Агар истгоҳҳои сухтгирӣ таъмин кунем, метавонем, дар тамоми системаи офтобӣ сайёҳат кунем", - гуфт Илон Маск.

Вазифаи асосии Илон Маск ҳоло пайдо кардани пул аст, чун барои сохтани фазонавард дар 5 соли оянда 10 миллиард доллар лозим аст. Барномаҳои монандро ҳамчунин ширкати Блу Ориҷин, муассиси ширкати Амазон дорад. Дар бораи фатҳи кайҳон муассисаҳои давлатии кайҳоншиносӣ ҳам барнома доранд. НАСА барои партоби як мушаки борбардор то соли 2018 омодагӣ мегирад ва Русия ҳам қасд дорад, то соли 2022 як истгоҳи бузурги кайҳониро партоб кунад.

XS
SM
MD
LG