Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сова": Ҳамлаҳо ба "бегонаҳо" коҳиш наёфтаанд


Маркази “Сова” мегӯяд, ки сатҳи адовати қавмӣ ва миллатгароӣ дар Русия дар сатҳи баланд боқӣ мемонад.

Рӯзи сешанбе ин маркази воқеъ дар шаҳри Маскав натиҷаҳои таҳқиқи ҳодисаҳои зиёди ҳамла ба афроди ғайрирус дар Русия дар соли гузаштаро нашр кард. Наталя Юдина, яке аз муаллифони гузориш, ба радиои "Озодӣ" гуфт, соли 2012 аз сӯи миллатгароҳо ва сартарошидаҳои рус 19 нафар кушта, 187 каси дигар маҷрӯҳ шуданд, ба ду нафар таҳдид куштан карданд. Як сол пеш, ба гуфтаи ӯ, вазъ тақрибан ҳамин гуна буд.

Наталия Юдина афзуд, “солҳои ахир мо дар гузоришҳоямон ба коҳиш ёфтани ҳамлаҳои миллатгароҳои рус таъкид карда будем, аммо таҳқиқоти ҳаводиси соли гузашта намоиш дод, ки сатҳи адовати қавмӣ дар Русия ҳамоно хело баланд аст”. Ҳомии ҳуқуқи башар ба он нукта ишора кард, ки соли гузашта мухолифини “идеологи”-и миллатгароҳову фошистҳои рус – аъзои гурӯҳҳои зиддифошистӣ, ширкаткунандагони баъзе консертҳову бозиҳои футбол, ҳатто ҳомиёни муҳити зист ҳам ҳадафи ҳамлаи миллатгароҳои рус қарор доштанд.

Аммо ба ҳар сурат, ба гуфтаи Наталя Юдина, теъдоди ҳамлаҳо ба “бегонаҳо” - сокинони Осиёи Марказиву Қафқоз, африқоиҳо ва намояндагони кишварҳои осиёӣ, яъне, афроди ғайрирус бештар буд. “Бар асари ин ҳамлаҳо, аз рӯи ҳисоби мо, 112 нафар осеб дидаанд, ҳарчанд ин дақиқ нест, зеро, таври маъмул, маҳз ҳамин гурӯҳи осебдидагон аз муроҷиат ба кормандони ҳифзи тартибот ва ҳомиёни ҳуқуқи башар худдорӣ мекунанд”, гуфт Наталя Юдина. Як бахши осебдидагон, меафзояд ӯ, онҳоеанд, ки аз “бегонаҳо” дифоъ кардаанд. Зимистони соли гузашта як хабарнигори нашрияи “Новые Известия» барои он аз сӯи миллатгароҳо лату кӯб шуд, ки ба шиори “Русия барои русҳо” эътироз кард.

Соли гузашта ҷонибдорони гурӯҳи “Pussy Riot” ҳам мавриди ҳамлаҳои миллатгароҳои рус қарор доштанд. Наталя Юдина афзуд, ки ҳамлаҳо дар пояи адовати мазҳабӣ низ маҳз соли гузашта афзоиш ёфтанд. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи таҳлилгари маркази “Сова” соли гузашта мурофиаҳои додгоҳӣ алайҳи афроди миллатгаро ва сартарошидаҳо назар ба солҳои пеш камтар сурат гирифтанд. Соли гузашта ҳамагӣ 28 ҳукм содир гардид, ки бар пояи онҳо тақрибан 65 нафар маҳкум ба зиндон шуданд. Ҳамзамон, афзуд Наталя Юдина, дар Русия муҳокимаҳои додгоҳӣ аз рӯи банди “ифротгароӣ” барои ибрози андеша дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, ВКонтакте, хело зиёд сабт гардид.

Таҳлилгари маркази “Сова” гуфт, ки соли гузашта талоши миллатгароҳо барои таъсиси ҳизби сиёсӣ ва вуруд ба майдони сиёсати Русия ноком шуд. Дар раҳпаймоии “Русский марш” теъдоди хело ҷонибдорони ғояҳои миллатгароёна ширкат доштанд. Аммо, аз нигоҳи Наталя Юдина, он чиз боиси нигаронист, ки теъдоди афроди расман ба гурӯҳу созмонҳои миллатгароёна шомилшуда коҳиш меёбад, вале шумораи онҳое, ки дар ягон ҷо сабти ном нашуда ба “ҷангҳои хиёбонӣ” алайҳи “бегонаҳо” бармехезанд, бештар мешавад.
XS
SM
MD
LG