Пайвандҳои дастрасӣ

​Қирғизистон барои қисмати дуюми шоҳроҳи Шимол – Ҷануб аз Чин 297 миллион доллар қарз мегирад. Як ҳадафи ин шоҳроҳ коҳиш додани вобастагии Тоҷикистону Қирғизистон аз роҳҳои Узбакистон аст.

Арғинбек Малабоев, вазири нақлиёт ва мухобироти Қирғизистон дар ҷаласаи кумитаи парлумони ин кишвар гуфтааст, ки Қирғизистон барои сохтани марҳалаи дувуми шоҳроҳи Шимол-Ҷануб аз Чин 297 миллион доллар қарзи боимтиёз дарёфт мекунад. 185 миллион доллар аз ин маблағро ҳукумати Чин барои 20 сол бо 2 дарсади солона медиҳад ва 11 миллиони дигарашро – “Эксимбонк”-и Чин барои 25 сол ва бо 1,5 дарсади солона.

Арғинбек Малабоев, ки дар кумитаи нақлиёту сохтмони порлумони қирғиз ҳарду созишномаи имзошуда бо ҳукумати Чин ва Эксимбонкро барои тасвиб муаррифӣ мекард, гуфт, анҷоми марҳалаи дувуми сохтмон имкон медиҳад, ки масофа байни Тоҷикистону Қирғизистон то Русия аз тариқи роҳҳое, ки бидуни убури Узбакистон сохта шудаан, хеле кӯтоҳтар шавад.

Ба гуфтаи вазири қирғиз, “ҳадаф ҷалби сармоя барои рушди иқтисод, таъмини иртиботи доимӣ байни манотиқи кишвар, ҳамчунин дастрасии мардум ба бозори кору хидматрасониҳост. Пайвастани ин роҳ бо роҳҳои Қазоқистону Русия дар шимол ва бо Тоҷикистон дар ҷануб имкон медиҳад, ки мо соҳиби як транзити мустақим дар масири Русия – Қазоқистон – Қирғизистон -- Тоҷикистон бидуни убури Узбакистон шавем.” Арғинбек Малабоев доштани чунин имкони транзити мустақим бидуни убур аз Узбакистонро бахусус бо дарназардошти ба Иттиҳоди гумрукӣ пайвастани Бишкеку Душанбе муҳим номид.

Нурбек Олимбеков, муовини раиси кумитаи нақлиёти парлумони Қирғизистон рӯзи 23 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шоҳроҳи нав бо ду нақби бузург фосила то марзи Қазоқистонро 200 километр кӯтоҳ мекунад ва ин ба фоидаи на фақат Қирғизистон, балки ҳамсояҳояш – Тоҷикистон дар ҷануб ва Қазоқистон дар шимол – ҳам ҳаст.

“Интиқоли бор осонтару зудтар ва арзонтар анҷом хоҳад ёфт. Тоҷикистон метавонад бидуни мамониат аз ин роҳ маҳсулоташро ба бозорҳои Қазоқистону Русия ва кишварҳои дигар бикашонад. Ин шоҳроҳ ҳамчунин метавонад як омили рушди равобити тиҷорӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳам шавад. Бо назардошти мушкилоте, ки Узбакистон дар роҳи интиқоли борҳо дар Осиёи Марказӣ эҷод мекунад, ин шоҳроҳ барои ҳамаи мо “Роҳи наҷот” аст," -- гуфт Нурбек Олимбеков.

Дилшод Собиров, намояндаи як ширкати нақлиётии Тоҷикистон низ рӯзи 23 июн дар сӯҳбат бо Озодӣ бо такя ба таҷрибаи тӯлонии кораш дар бозори ҳамлу нақли борҳо дар минтақа гуфт, коҳиш ёфтани вобастагӣ аз имконоти транзитии Узбакистон дар шароити кунунӣ ба нафъи Тоҷикистон аст: “Мо хеле зиёд бор мебарему бор меорем. Ҳамаи кишварҳои гирду атрофро таҷриба кардему дидем. Гузарондани бор аз қаламрави Қирғизистон нисбат ба Узбакистон хеле осонтар аст. Агар санадҳоят дуруст бошад, дар Қирғизистон касе ғам намедиҳад. Аммо дар Узбакистон борро бо ҳар баҳона 7 рӯзу 10 рӯз нигоҳ медоранд. Ва парво ҳам надоранд, ки барои мисол, бор шояд ғизоӣ бошад ва ба Тоҷикистон нарасида вайрон шавад.”

Марҳалаи дувуми бунёди шоҳроҳи Шимол – Ҷануб дар Қирғизистон сохтани 96 километр роҳ дар масири Арал – Казарман ва як нақби 700-метриро дар бар мегирад. Ин 297 миллион доллар қарзи Чин барои бунёди ҳамин 96 километр роҳ байни вилоятҳои Норин дар шимол ва Ҷалолобод дар ҷануби Қирғизистон сарф хоҳад шуд.

Қирғизистон дар соли 2013 барои дар 3 марҳала сохтани ин шоҳроҳи алтернативии тӯли умумиаш 433 километр тасмим гирифт. Марҳалаи якуми шоҳроҳи Шимол – Ҷануб сохтани 112 километр роҳ аз минтақаи Қизил-Жилдиз то Арал ва 52 километри дигар аз Казарман то Ҷалолободро дар бар мегирифт. Ин марҳала, ки сохтмонаш соли 2014 оғоз ёфт, 400 милллион доллар харҷ дорад.

Аз Ҷалолобод шоҳроҳи Шимол –Ҷануб тавассути зербинои мавҷуда ба Саритош ва аз аз онҷо аз тариқи Ҷиргатол ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон пайваст хоҳад шуд. Тоҷикистон алакай бо 90 миллион доллар қарзи Бонки осиёии рушд шоҳроҳи Душанбе – Ҷиргатолро тармиму бозсозӣ карда ва ба шабакаи роҳҳои ҷануби Қирғизистон пайвастааст.

Марҳалаи сеюм ва ниҳоии ин “сохтмони аср” бунёди 183 километр роҳ аз Қизил-Жилдиз то шаҳри Балиқчӣ дар соҳили Иссиқкӯлро ба ҳадаф дорад ва Қирғизистон дар ҳоли ҳозир дар пайи пайдо кардани сармоягузор барои ин марҳалаи сохтмон аст. Интизор меравад, ки ҳудудан 150 миллион доллар хароҷоти молии сохтмони ин қисмати шоҳроҳи Шимол – Ҷануби Қирғизистонро Бонки осиёии рушд бар ӯҳда бигирад.

Қирғизистон низ мисли Тоҷикистон адами таваҷҷӯҳи ҳукумати Узбакистон ба ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақаро як садди умда дар роҳи рушди иқтисодаш мешуморад. Бишкек низ мисли Душанбе бар сари шеваи тақсими манобеи оби минтақа ва тарҳи бунёди нирӯгоҳҳои бузург ба мухолифати шадиде аз сӯи Тошканд рӯбарӯ мебошад. Ва айнан мисли Тоҷикистон, Узбакистон дар роҳи интиқоли молу коло ба Қирғизистон низ пайваста мушкил эҷод мекунад ва Бишкек чандин сол боз дар фикри сохтани роҳҳои алтернативӣ ба хотири коҳиш додани вобастагиаш аз Узбакистон ба унвони як кишвари транзитист.

Шоҳроҳи Шимол – Ҷануб як мӯҳраи муҳим дар ин аҳдофи стротегии ҳукумати кунунии Қирғизистон ба шумор меояд. Мақомоти қирғиз мегӯянд, ки ин шоҳроҳ як василаи хубе барои кам кардани вобастагии нақлиётии Тоҷикистон аз роҳҳои Узбакистон ҳам хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG