Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Sotheby’s мусаввараҳои рассомони тоҷикро дар Британия ба фурӯш мегузорад


Sotheby’s - машҳуртарин хонаи музоядавии дунё
Sotheby’s - машҳуртарин хонаи музоядавии дунё

Машҳуртарин хонаи музоядавии дунё Sotheby’s (Сотбис) дар Британия дар қатори 50 мусаввараи рассомони кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз асарҳои рассомони тоҷикро низ ба фурӯш мегузорад.

Sotheby’s ният дорад, аз 4-ум то 12-уми марти соли равон дар толори марказии худ дар Ню-Бонд Стрити шаҳри Лондон намоиш ва фурӯши дастранҷи рассомони минтақаи Осиёи Миёна ва Қафқозро таҳти унвони «Дар чорроҳа» ташкил кунад. Дар маҷмӯъ дар ин чорабинӣ 50 асари рассомони ин минтақа дар бахшҳои даврони реализми сотсиалистӣ, авангардизм ва ҷараёнҳои тозаи санъати тасвирӣ ба намоиш гузошта мешавад.

Ҷо Викерӣ, роҳбари бахши санъати Русия ва кишварҳои ИДМ-и Sotheby’s, ба сомонаи расмии ин ширкат гуфтааст, «дар кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз дар солҳои охир рушди санъат мушоҳида мешавад. Якчанд иттиҳодияи санъаткорон таъсис ёфта ва ин минтақа барои Sotheby’s кашфношуда боқӣ мондааст. Ҳамакнун мо намоиши комилан наверо созмон медиҳем, ки санъати гуногунранги ин минтақаро ҷилва хоҳад дод.»

Фаррух Хоҷаев - роҳбари Иттиҳодияи рассомони Тоҷикистон
Фаррух Хоҷаев - роҳбари Иттиҳодияи рассомони Тоҷикистон
Дар ҳамин ҳол, Фаррух Хоҷаев, роҳбари Иттиҳодияи рассомони Тоҷикистон, хабари то ба хонаи музоядавии Sotheby’s роҳ ёфтани асари рассомони тоҷикро эътирофи ҳунари рассомони ин кишвар арзёбӣ кард: «Сотбис аз машҳуртарин хонаи музоядавӣ аст, ки асарҳои тасвириро ба фурӯш мегузорад. Худи ҷо дода шудани асари як нафар рассоми тоҷик як навъ эътирофи санъати баланд аст. Агар боз ин асар фурӯхта шавад, муҳим нест ба кадом нарх, сари мо рассомон ба осмон мерасад. Чунки ин маънои онро хоҳад дошт, ки ҳунари моро дар ҷаҳон эътироф карданд».

Ҷаноби Хоҷаев мегӯяд, ки ҳоло дар Тоҷикистон асарҳои тасвирии касбӣ, аз сабаби набудани галереяҳои махсус ва коҳиши таваҷҷӯҳи мардум ба санъати тасвирӣ, харидор надоранд. Хоҷаев афзуд, ки Иттиҳодияи рассомон то ҳол наметавонад, биноҳои замоне дар тобеияти худ қарордоштаро бозпас гирад: «молу амволи иттифоқро дар даврони нобасомониҳо савдо кардаанд. Мо масалан то ҳол галереяи панҷошёнае, ки дар рӯи ба рӯи Қасри раисҷумҳур қарор дорад, бозпас гирифта наметавонем. Ҳол он ки бо қарори Суди иқтисодии Тоҷикистон, ин бино ба мо бозпас баргардонида шудааст. Вале то ҳол дар он ҷо ким-чӣ хел мағозаҳо фаъолият мекунанд ва мо амволамонро то ҳол бозпас нагирифтем. Аз ин рӯ, наметавонем асарҳои аъзоёни иттиҳодро дар ягон ҷо ба намоиш гузорем.»

Ба гуфти Хоҷаев, дар Тоҷикистон то ҳол анъанаи сарпарастӣ кардани санъат, мисли дигар кишварҳо, муд нашудааст. Ҳарчанд дар кишварҳои мусулмонишине, мисли Индонезияву Малайзия, сарпарастӣ кардани санъат ва харидории асарҳои тасвирӣ кайҳо роиҷ аст: «масалан, бародарон Третяковскиҳо дар асри 19 дар Русия санъати тасвириро сарпарастӣ ва асарҳои рассомони русро харидорӣ мекарданд. Ба ҳамин минвол номи онҳо дар таърих монд ва ҳоло галереяи Третяковский дар Маскав мавзеи дӯстдоштаи сайёҳон аст. Дар Тоҷикистон низ ашхоси сарватманд бисёранд, вале онҳо ин хел фаҳмишу ҷаҳонбинӣ надоранд, то ки санъатро сарпарастӣ кунанд. Ин хел одамон нестанд дар мо.»

Иттиҳодияи рассомони Тоҷикистон соли 1939 таъсис ёфтааст ва ҳоло 186 аъзо дорад, ки дар муқоиса бо дигар кишварҳо хеле кам аст. Масалан, Иттиҳодияи рассомони Арманистон 5 ҳазор аъзо дорад, дар ҳоле ки аҳолии ин кишвар каме бештар аз 2 миллион нафар аст.
XS
SM
MD
LG