Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Ифтитоҳи мактаби журналистикаи чандрасонаӣ дар Душанбе


Рӯзи 20-уми июн дар Душанбе мактаби журналистикаи чандрасонаӣ ифтитоҳ шуд.

Ин иқдом бо ибтикори Бунёди Сорос дар ҳамкорӣ бо Радиои Озодӣ рӯи даст гирифта шуд. Рухшона Олимова, масъули бахши робита бо ҷомеаи Бунёди Сорос дар расми ифтитоҳ нахуст аз шарикони ин тарҳ, ба хусус Радиои Озодӣ, Интернюс Нетворк, Бунёди ибтикороти шаҳрвандӣ ва Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи интернетӣ ташаккур кард ва гуфт, ки ин мактаб барои омода сохтани журналистони ҳирфаӣ, бахусус ба шеваи чандрасонаӣ кумак хоҳад кард.

Хуршеди Ҳамдам, раҳбари дафтари душанбегии Радиои Озодӣ таъсиси ин мактабро гоми муҳим дар рушди журналистикаи муосири тоҷик арзёбӣ кард. Оқои Ҳамдам афзуд, Радиои Озодӣ аз миёни 20 тан аз ширкатдорони ин мактаб ду нафарро дар поёни коромӯзӣ ба Дафтари марказӣ ба шаҳри Прага мефиристад, то ба усулҳои нави чандрасонаӣ ба таври амалӣ ошно шаванд. Вай гуфт, ки дар оянда низ Радиои Озодӣ омода аст чунин тарҳҳоро дастгирӣ кунад.

Давраи таҳсил дар мактаби журналистикаи чандрасонаӣ то 9-ум июл давом мекунад ва беш аз 10 мураббиву журналисти ботаҷриба аз дохил ва хориҷ ба ширкатдоророн нозукиҳои чандрасонаиро омӯзиш медиҳанд. Ин донишомӯзон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон буда, аз миёни 43 нафар интихоб шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG