Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боку депутатҳои Аврупоро дар пайгарди қонун қарор дод


Бинои Додситонии кулли Озарбойҷон
Бинои Додситонии кулли Озарбойҷон

Додситонии кулли Озарбойҷон рӯзи 22 феврал се намояндаи Порлумони Аврупо ва якчанд пажуҳишгарро барои боздидашон аз минтақаи ҷудоихоҳи Қарабоғи Кӯҳӣ ба рӯйхати афроди мавриди ҷустуҷӯи байналмилалӣ ворид кард.

Ба ин феҳрист узви Порлумони Аврупо Фрэнк Анҷел аз Люксембург, Елени Теочарус аз Қибрис (Кипр) ва Яромир Стетна аз Ҷумҳурии Чех шомиланд. Онҳо барои сафари "ғайриқонунӣ" ба Қарабоғи Кӯҳӣ ва нозирӣ дар назарпурсии умумӣ, ки Боку ва гурӯҳи миёнрави САҲА бо ҳузури дипломатҳои ИМА, Русия ва Фаронса онро эътироф намекунанд, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ эълон шуданд. Сафар рӯзи 20 феврал сурат гирифтааст.

Боку дар ин изҳорот, инчунин, аз оғози бозҷӯӣ алайҳи чаҳор бостоншинос ва биолог аз Арманистон, Испания ва Бритониё хабар дод ва ковишҳои онҳоро дар ин қаламрави ҷудоиталаб "ғайриқонунӣ" хонд.

Ҷудоихоҳони рӯ ба Арманистон назорат ба ин қаламравро, ки бошандагонаш асосан арманитаборҳо ҳастанд, дар ҷараёни ҷанги авоили соли 1990 ба даст оварданд. Дар ин ҷанг 30 ҳазор инсон кушта шуд. Талошҳои дипломатӣ барои ҳалли низоъ камтарин пешрафтро ба бор оварданд.

XS
SM
MD
LG