Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Овози писари Шералӣ Ҷӯраевро “зиндонӣ” карданд


Шоҳҷаҳон Ҷӯраев

Шоҳҷаҳон Ҷӯраев

Мақомоти Ӯзбакистон таронасароии Шоҳҷаҳон Ҷураев, писари 28-солаи сарояндаи саршиноси ин кишвар Шералӣ Ҷӯраевро расман манъ карданд.

Ҳама гуна консерти расмию ғайрирасмӣ, пахши таронаҳо дар радио ва телевизион ва ҳатто хондани суруд дар тӯй ё зодрӯз сар аз 17-уми марти соли равон барои Шоҳҷаҳон Ҷӯраев, писари сарояндаи машҳури Ӯзбакистон, Шералӣ Ҷӯраев манъ хоҳад буд.

Ин қарори иттиҳодияи “Ӯзбакнаво”, як ниҳоди давлатии марбут ба вазорати фарҳанги Ӯзбакистон аст, ки парвона ё литсензияи сарояндагии Шоҳҷаҳон Ҷӯраевро беэътибор эълон кард. Нусхаи қарори иттиҳодияи “Ӯзбакнаво” ба дасти Бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ расидааст, ки дар он гуфта мешавад, парвонаи Шоҳҷаҳон Ҷӯраев бо қарори Девони вазирони Ӯзбакистон бо иттиҳоми “нақзи шартҳои фаъолияти овозӯхонӣ” бекор карда шудааст. Ин дар ҳолест, ки парвонаи мазкур 6 январи соли 2015 ба Шоҳҷаҳон Ҷӯраев дода шуда, мӯҳлати бақои он номаҳдуд буд.

Қарори иттиҳодияи "Ӯзбакнаво"

Қарори иттиҳодияи "Ӯзбакнаво"

Як корманди иттиҳодияи давлатии “Ӯзбакнаво” мегӯяд, Шоҳҷаҳон Ҷӯраев яке аз шартҳои қарордодаш бо ин ниҳодро вайрон кард ва бе иҷозат дар Русия консерт баргузор намуд. Илова ба ин, мегӯяд, ин намояндаи “Ӯзбакнаво”, ки хост номаш махфӣ монад, овозхон як ҳафта пеш дар гуфтугӯ бо намояндаи расмии иттиҳодия ӯро таҳқир карда, ба тарафи корманди дигар мушт бардоштааст.

“Ин ҷанҷол ҳатто сабаб шуд, ки милиса даъват карда шавад. Шоҳҷаҳон Ҷӯраев барои ман-манӣ, кибр ва моҷароҷӯияш бояд ҷазо гирад ва ин намуна барои ҳамаи сарояндагони дигар сабақ шавад,” – мегӯяд корманди “Ӯзбакнаво”.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар гузашта низ Шоҳҷаҳон Ҷӯраев барои ҷанҷолҳояш бо “Ӯзбакнаво” огоҳӣ гирифта буд. Соли гузашта ӯро барои як навори видеоӣ танқид карданд, ки дар он овозхон дар ҳоле дида мешавад, ки камарбандеро аз пул гирди миёнаш бастааст. “Пули миллии Ӯзбакистонро ба миёнаш бастан ва ба он беэҳтиромӣ карданаш тибюқи қонун ҷазо дорад, барои ин огоҳӣ гирифта буд.”

Шоҳҷаҳон Ҷӯраев мегӯяд, ӯро барои он ҷазо доданд, ки рӯзи 20 феврал барои муҳоҷирони кишвараш дар Русия консерт дод. Азбакси ин консерти хайрия ва ройгон буд, вай мақомоти давлатиро дар бораи он дар ҷараён нагузошт. Барои ширкат дар консерт ҳамчунин як ширинкори ӯзбак Валиҷон Шамсиев муҷозот шуд. Ширкати “Ӯзбакнаво” парвонаи фаъолияти ҳунарии ӯро низ бекор кард.

Шоҳҷаҳон, писари овозхони машҳури Ӯзбакистон Шералӣ Ҷӯраев, чанд сол пеш бо таронаҳои “Гулнора”, “Бӯсаи аввалин”, “Лайлӣ” ва “Аё соқӣ” шӯҳрат ёфт ва ба саҳнаи калон роҳ ёфт.

Ин дар ҳолест, ки падари ӯ Шералӣ Ҷӯраеви 68-сола дар бист соли охир аз саҳнаҳои расмӣ, радио ва телевизиони Ӯзбакистон маҳрум аст. Ба гуфтаи манобеи Бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ, ширкати Шералӣ Ҷӯраев дар консертҳо ва пахши таронаҳои ӯ дар радио ва телевизион бо “дастури даҳонӣ аз боло” манъ шудааст.

Моҳи марти соли 2014 Шералӣ Ҷӯраев таронаеро зидди нерӯгоҳи Роғун суруд, ки коршиносон онро талоши ӯ барои “оштӣ” бо раҳбарияти кишвар номиданд. Дар он аз нерӯгоҳҳои Роғун ва Қамбарота ном бурда намешавад, вале омадааст, ки “ҳамсояҳо” ба бастани пеши роҳи обе, ки “Аллоҳ додааст” мехоҳанд, одамон, дарахтон ва гулҳоро аз ҳаққи худододашон маҳрум кунанд.

Оҳанги дар оғоз маҳзуни тарона дар нуқтаи авҷаш нерӯмандтар мешавад ва маънии мисраъҳо ин аст, ки ҳарчанд нафси “ношукр ҳаргиз пур намешавад ва номард бо ончӣ Худо додааст, сер намегардад”, ҳамон гуна ки намешавад пеши роҳи ҳаво ва боди саборо баст, пеши роҳи обро низ касе баста наметавонад.

Вале дертар Шералӣ Ҷӯраев аз ин тарона фосила гирифт ва писараш Зоҳиршоҳ гуфт, бо вуҷуди пешниҳод аз ниҳодҳои давлатӣ, падараш чунин суруде нахондааст. Аммо тарона дар Интернет паҳн шуд ва коршиносон мегӯянд, садо ва сабки он хоси Шералӣ Ҷӯраев будаанд.

Парвонаи фаъолияти ҳунарии Шоҳҷаҳон Ҷӯраев дар ҳоле лағв мешавад, ки дар гузашта иттиҳодияи “Ӯзбакнаво” ҳамчунин кори ҳунарии хонандагоне мисли Дилфуза Раҳимова, Отабек Муталхоҷаев, Дилшод Раҳмонов ва гурӯҳҳои ҳунарии "Уммон” ва "Манго”-ро манъ карда буд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG