Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи Рустам Ҳукумов, ки ба “халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ” ва “дағалӣ бо корманди БДА” айбдор мешуд, бар асоси қонуни афв қатъ шуда ва писари раиси собиқи ширкати роҳи оҳан аз ҷавобгарӣ пурра раҳо ёфтааст.

Парвандаи Рустам Ҳукумов, писари Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раиси собиқи идораи роҳи оҳани Тоҷикистон бар асоси қонуни авф қатъ шудааст. Додситонии ноҳияи Айнӣ дар миёнаи моҳи октябр бо иттиҳоми “халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ” ва “дағалӣ бо корманди БДА” нисбат ба Рустам Ҳукумов парванда боз карда буд.

Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ рӯзи 27 ноябр бо тасдиқи ин хабар гуфт, ҳоло дигар Рустам Ҳукумов, ки дар содир кардани ҷинояти сабук гумонбар дониста мешуд, пурра аз ҷавобгарӣ раҳо шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Хуршед Иброҳимов, сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Айнӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз авф шудани Рустам Ҳукумов хабар надорад. “Мо тамоми маводро аз ин ҳодиса омода карда, ба додситонии ноҳия супоридем. Додситонӣ аз рӯи кадом модда парванда боз кард, мо хабар надорем. Авф шудан ё нашудани ӯ дигар ба салоҳияти мо дохил намешавад,” -гуфт Иброҳимов.

Баҳодури Раҷабиён, додситони ноҳияи Айнӣ аз посух дар ин маврид худдорӣ кард.

Рӯзи 15-уми октябри соли равон мақомоти интизомии ноҳияи Айнӣ хабар доданд, ки Рустам Ҳукумов, писари бузурги Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ (Ҳукумов), раҳбари собиқи корхонаи воҳиди давлатии роҳи оҳан, ҳамроҳи се нафари дигар савори мошини тамғаи “Тойота” дар роҳи Хуҷанд, дар наздикии маркази ноҳияи Айнӣ ба амри нозири БДА итоат накардаву ба ҳаво тир холӣ кардааст. Ин қазия дар матбуот сару садои зиёд ба по кард.

Номи Рустам Ҳукумов бори аввал дар соли 2011 дар робита ба қазияи боздошти ду халабони рус расонаӣ шуда буд. Ӯ он вақт дар Русия бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуда буд. Баъди раҳоии он ду халабон Ҳукумовро низ аз маҳбаси Русия ҷавоб доданд. Ӯ баъди раҳоияш нашрияи “Имрӯз Нюс”-ро барои чопи як матлаби, ба ақидааш, тӯҳматомез ба додгоҳ кашонд ва аз ин нашрия 50 000 сомонӣ ҳам рӯёнд.

Бародари Рустам Ҳукумов – Расули Амонуллоҳ- дар моҳи октябри соли 2013 исми ин хонаводаи пурнуфузро бори дигар дар забони матбуот андохта буд. Вазорати корҳои дохилӣ дар пайи як садамаи пурқурбонии шаби 9 октябри соли 2013 дар маркази Душанбе, ки 3 кушта ва 4 захмӣ ба ҷо гузошт, эълон кард, ки дар пушти фармони мошини гунаҳкор дар ин садама Расули Амонуллоҳи 16-сола нишаста буд.

Расули Амонуллоҳ баъди садама

Расули Амонуллоҳ баъди садама

Аммо баъди ним сол Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, 7 ташхиси анҷомшуда даст доштани Расул дар ин ҳодисаро собит накард. Дар натиҷа барои ин садама танҳо модари Расули Амонулло ва он ҳам бо ҷурми вайрон кардани қонуни масъулияти падару модар ва бесаробон дар кӯча гаштани писари ноболиғаш дар соати чори шаб 120 сомонӣ ҷарима баста шуду халос.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG