Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Ҳоҷӣ Ҳалим ба 22 соли зиндон маҳкум шуд


Абдуҳалим Назарзода дар ҷараёни амалиёти нирӯҳои давлатӣ дар дараи Ромит кушта шуд
Абдуҳалим Назарзода дар ҷараёни амалиёти нирӯҳои давлатӣ дар дараи Ромит кушта шуд

Додгоҳи шаҳри Душанбе фарзанди бузурги муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистонро барои 22 сол равонаи зиндон кард.

Додгоҳи шаҳри Душанбе фарзанди бузурги Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистонро, ки гумон меравад алайҳи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон табаддулоти давлатӣ анҷом додааст, барои 22 сол равонаи зиндон кард.

Бахтиёр Назаров, фарзанди 28-солаи генерал Назарзода ба "даъвати оммавӣ ба хотири тағийири сохти конститутсионӣ", "даъват барои бетартибиҳои оммавӣ" ва талоши "барқасдона хабар надодан аз ҷинояти мудҳиш" гунаҳкор эълон шуд. Худи Абдуҳалим Назарзода дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар кӯҳҳои Ромит, воқеъ дар канораҳои Душанбе кушта шуд ва асрори ин табадуллоти номуваффақро бо худ ба гӯр бурд.

Феълан тамоми маълумот дар бораи кӯшиши табаддулоти давлатӣ танҳо аз манобеи ниҳодҳои қудратӣ берун мешавад.

Ҳукми Бахтиёр Назаров - писари Ҳоҷӣ Ҳалим моҳе пеш содир шуд ва азбаски муҳокимаи парвандаҳои марбут ба табаддулот пушти дарҳои баста сурат мегиранд, хабарнигорон ва ҷомеа танҳо дар ҳоле аз қазия огоҳ мешаванд, ки додгоҳҳо ҳукмро алакай эълон кардаанд.

Як манбаи Озодӣ дар мақомоти интизомӣ рӯзи 9 май гуфт, пас аз ошӯби Абдуҳалим Назарзода дар 4 сентябри соли 2015 писари ӯ Бахтиёр Назаров ҳамроҳ бо ду бародараш боздошт шуд, вале пас аз се рӯз бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист раҳо гардид. Он замон, ба қавли ҳамсӯҳбати мо, Бахтиёр бо маҳкум кардани амалкардҳои падараш изҳор доштааст, ки аз тарҳезии ошӯби мусаллаҳона алайҳи давлат хабар надошт.

Аммо, ба гуфтаи ҳамин манбаъ, Назарови хурдӣ пас аз раҳо шудан аз боздошт, замоне ки алайҳи падари ӯ дар дараи Ромит амалиёт ҷараён дошт, гурӯҳе аз ҷавононро ҷамъ намуда, дар таҳхонаҳои яке аз биноҳои зисташон ба эътироз алайҳи давлат омодагӣ медид. "Ӯ ҷавононро ба таҳқири давлат ташвиқ мекардааст, то ки дар майдони марказии шаҳр ҷамъ шуда, амалиёти ҳукуматро маҳкум кунанд. Баъдан, ба тафтишот маълум шуд, ки ӯ аз нақшаи падараш хуб огоҳ будааст ва бо таъсиси як гурӯҳ мехост, ба падараш ёрӣ расонад, вале қабл аз ба амал баровардани нақшаҳояш боздошт шуд," - гуфт манбаи Озодӣ.

Додситонии шаҳри Душанбе аз додгоҳ тақозо кардааст, то барои ин кирдорҳо Бахтиёр Назаровро 24 сол равонаи зиндон кунад, аммо додгоҳ

Дари яке аз хонаҳои Назарзода
Дари яке аз хонаҳои Назарзода

ба ӯ 22 сол ҳукми зиндон додааст. Тибқи ҳукми додгоҳ, Бахтиёр Назаров 2 солро дар маҳбаси низомаш пӯшида ва 20 соли дигарро дар маҳбаси низомаш сангин пушти сар хоҳад кард. Наздикони Бахтиёр Назаров низ ин хабарро тасдиқ карданд, аммо гуфтанд, аз болои ин ҳукм ба ҳеч куҷо шикоят накардаанд, зеро медонанд, ки он тағийр нахоҳад ёфт.

Музаффар Абдураҳимов, як тан аз наздикони Бахтиёр Назаров, рӯзи 9 май ба Озодӣ гуфт, дар аксар мурофиаҳои додгоҳӣ иштирок дошт, аммо Бахтиёр на ҳамаи иттиҳоми ворида алайҳашро ба гардан гирифтааст. Ба гуфти ин ҳамсӯҳбати мо, Бахтиёр дар додгоҳ гуфтааст, рафторҳо ва сӯҳбатҳои ӯ бо дӯстонашро ба мақомот нодуруст расондаанд.

"Бахтиёр худашро қисман бегуноҳ донист, вале додгоҳ баъди шунидани ҳарфи шоҳидон ва далелҳои муфаттишони додситонӣ ба ӯ 22 сол ҳукм дод," - гуфт ӯ.

Худи Абдуҳалим Назарзода рӯзи 16 сентябри соли 2015 бо гурӯҳе аз ҳамроҳонаш дар дараи Ромит кушта шуд. Мақомот ба дунбол беш аз дусад нафарро бо гумони узвият дар гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода ё худ Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт карданд.

Абдуҳалим Назарзода, дар гузашта узви ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ, пас аз сулҳи соли 1997 тибқи саҳмияи сидарсадӣ миёни ҳукумат ва мухолифин ба кор дар Вазорати дифоъ гузашт.

Ӯ аз ду ҳамсар чаҳор фарзанд, се писар ва як духтар дошт. Писаронаш Бахтиёр, Иброҳим, Муҳаммад ва духтараш Файзигул Назарова пас аз исёни падараш боздошт, вале пас аз се рӯз раҳо шуданд. Ҳоло се фарзанди Абдуҳалим Назарзода дар озодӣ ба сар мебаранд, вале фарзанди бузургаш барои 22 сол равони зиндон шудааст.

XS
SM
MD
LG