Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Домоди раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шудааст. Одил Тойгонбоев дар Қирғизистон ба фасод айбдор мешавад.

Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилаи Қирғизистон рӯзи 23 март хабар дод, ки Одил Тойгонбоев, домоди раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон Аскар Оқоев аз сӯи Интерпол дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб дастгир шудааст. Бино ба ин манбаъ, Тойгонбоеви 50-сола рӯзи 22 март боздошт шудааст.

Тойгонбоев, ки шаҳрванди Қазоқистон аст, ҳамроҳ бо як силсила аз мақомоти баландпояи ҳукумати Аскар Оқоев дар пайи барканории ӯ дар натиҷаи “инқилоби лолаҳо”-и баҳори соли 2005 ба фасод айбдор шуданд ва мақомоти Қирғизистон онҳоро таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доданд.

Одил Тойганбоев шавҳари Бермет Оқоева - духтари калонии Аскар Оқоев буд. Онҳо як писар доранд, вале бино ба гузоришҳо, чанд сол боз зиндагии муштарак надоранд.

Тойганбоев дар замони раёсати падарарӯсаш аз нуфузи фавқулоддае дар арсаи тиҷории Қирғизистон бархӯрдор буд. Тойганбоев аз ҷумла дар бозори фурӯши машрубот, реклама ва матбуоти Қирғизистон дасти хеле дароз дошт ва аз ҷумла молики нашрияи “Вечерний Бишкек” буд.

Баъди барканории падарарӯсаш Тойгонбоев тиҷоратҳои пурфоидаи худро дар Қирғизистон аз даст дод. Бар изофа, мақомоти ин кишвар домоди президенти собиқро ба ҷиноятҳое, чун дуздии маблағҳо, қаллобӣ ва сарпечӣ аз пардохти андоз айбдор карданд.

Ин бори аввал нест, ки Одил Тойгонбоев бо дархости мақомоти Қирғизистон дар хориҷ дастгир мешавад. Ӯ бори аввал дар моҳи августи соли 2011 дар Қазоқистон ва моҳи феврали соли равон ду дафъа дар Маскав боздошт шуд. Вале дар ҳарсе маврид Тойгонбоев зуд озод шуд.

Аскар Оқоев

Аскар Оқоев

Аскар Оқоев, ки аз соли 1990 то 2005, дар тӯли 15 сол раҳбари аввали Қирғизистон буд, баъди барканориаш аз мақом тарки кишвар кард ва дар Русия паноҳ бурдааст. Ӯ баъди истеъфояш дигар ба Қирғизистон наомадааст. Алайҳи худи Аскар Оқоев дар Қирғизистон ягон парвандаи ҷиноӣ кушода нашудааст, вале мақомоти додситонии ин кишвар мегӯянд, раисиҷумҳури собиқро метавонанд дар робита ба парвандаҳои зидди аъзои хонаводааш, аз ҷумла дар робита ба писараш Айдар Оқоев ва домодаш Одил Тойгонбоев бозпурсӣ кунанд.

Мақомоти Қирғизистон натанҳо хешовандони Аскар Оқоев, балки аъзои хонаводаи раисиҷумҳури дигари низ пешини ин кишвар Қурмонбек Боқиевро низ таъқиб мекунанд. Боқиев, ки соли 2005 дар пайи барканории Оқоев ба қудрат расид, дар баҳори соли 2010 низ дар натиҷаи эътирозҳои мардум барканор шуд ва тарки кишвар кард. Боқиев феълан дар Беларус паноҳ бурдааст. Алайҳи ӯ бо иттиҳоми ҳалокати тазоҳургарон дар баҳори соли 2010 дар Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Мақомоти Бишкек ҳамин тавр, як бародари Қурмонбек Боқиевро ба зиндон маҳкум карда, писари ӯ Марат Боқиев ва бародари дигараш Ҷониш Боқиевро ҷустуҷӯ мекунанд. Ҳардуи онҳо дар ғайбашон аз сӯи додгоҳҳои Қирғизистон маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG