Пайвандҳои дастрасӣ

Пасту баландиҳои бренди "Ҳоҷӣ" дар Тоҷикистон (ВИДЕО)


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон, ки то имрӯз соҳиби беш аз 100 000 ҳоҷӣ шудааст, ин унвони баланд ба як навъ бренд табдил ёфта ва ҳар кас барои гирифтанаш талош мекунад. Вале номи "Ҳоҷӣ" дар бисёр ҳолатҳо соҳибашро аз аъмоли бад манъ намекунад.

Баъди ошкор шудани куштори бародарон Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримовҳо маълум шуд, ки ҳам ҳарду мақтул ва ҳам фармоишгари қатли онҳо “Ҳоҷӣ” будаанд ва ҳамагӣ, ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, машғули тиҷорати маводи мухаддир будаанд. Аҳли назар мегӯянд, унвони “Ҳоҷӣ” дар Тоҷикистон мисли як бренд шудааст ва даҳҳо нафаре ҳаст, ки бо вуҷуди зиёрати Маккаву Мадина ва дарёфти ин унвони баланд аз одатҳои баде, назири дурӯғгӯӣ, қаллобиву мардумфиребӣ ва ҳатто аз шаробнӯшиву зино даст набардоштаанд. Аз нигоҳи онҳо, унвони “Ҳоҷӣ” як навъ чатре шудааст, ки анҷоми бадкориҳоро ба соҳиби ин унвон осонтар мекунад.

“Ҳоҷӣ Шариф”, “Ҳоҷиён”, “Ҳоҷӣ Дилшод”... Бозору ошхонаву мағоза ва ширкатҳое бо ин бренд дар Тоҷикистон дар солҳои охир, ба қавле, чун “замбурӯғ баъди борони баҳорӣ рӯиданд”. Фаридун Ҳодизода, раиси Анҷумани муколамаи мазҳабҳои Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло “Ҳоҷӣ” аз бозоргиртарин брендҳо дар кишвар маҳсуб мешавад ва тиҷорат ҳам дар Тоҷикистон рӯи шонаи онҳо уфтодааст, ки тавофи Каъба кардаанд.

Зимнан, меафзояд мусоҳиби мо, гурӯҳе аз аввалин ҳоҷиҳое, ки баъди суқути шӯравӣ ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф шуданд, шояд ба хотири баровардани хароҷоти худ ба Арабистони Саъудӣ асал мебурданд ва дар роҳи бозгашт як-ду рӯз дар шаҳри Машҳади Эрон мемонданд то аз бозор молу колои он айём дар Тоҷикистон камёфтро бихаранд. Фаридун Ҳодизода аз қавли як дӯсташ, ки он солҳо роҳбалади ҳоҷиҳо буд, мегӯяд, дар автобусҳо баъзан барои худи ҳоҷиҳо ҷойи нишаст намемонд.

Аз нигоҳи таҳлилгарон, истифода аз бренди “Ҳоҷӣ” ду ҳадафи аслӣ дорад – ҷалби бештари мизоҷону ба ин васила рушд додани тиҷорати худ ва дурӣ ҷустан аз тафтишҳои пайвастаи ниҳодҳои давлатӣ. Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, донишманди илми фиқҳ, маъруфияти бренди “Ҳоҷӣ” – баёнгари эътиқоди зиёд ба зойирони Хонаи Худост – мардум мутмаинанд, фарде, ки ба тавофи Каъба мушарраф шудааст, поку озода ва орӣ аз дурӯғу фиребу найранг аст. Аз ин рӯ шаҳрвандон, ба вижа, эътиқодмандон барои хариди молу амвол ба бозори “Ҳоҷӣ Шариф” мераванду барои ғазохӯрӣ ба ошхонаи “Ҳоҷиён”.

Вале Ҳоҷӣ Абдулҳамид, як саррофи хиёбони марказии Душанбе, мегӯяд, ки бренди “Ҳоҷӣ”-ро наметавон “сипар” аз тафтиши ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла, кормандони андоз номид, ҳарчанд воқеъан ҳам бархӯрди онҳо бо соҳиби коргоҳ ё дукон нармтар асту аз онҳо бо эҳтиром “Ҳоҷӣ-бобо” ном мебаранд. Зимнан, Ҳоҷӣ Абдулҳамид эътироф мекунад, ки бештари саррофон дар Душанбе аққалан боре зиёрати Хонаи Худо кардаанд ва табиист, ки соатҳои намоз дарҳои бештари саррофиҳоро баста дармеёбед.

Назари чанде аз сокинони Душанбе ба рафтори ҳоҷиёнро инҷо тамошо кунед:

Дар ҳамин ҳол, Назар, як корманди Кумитаи андоз, ки аз ифшои пурраи ному насабаш худдорӣ кард, ба мо гуфт, бархӯрд бо ҳоҷиҳо аз муносибат бо дигар тоҷирон тафовуте надорад, “бояд ҳуҷҷатҳояшон дуруст бошаду сари вақт андозро супурда бошанд, аз онҳо чизи дигар талаб намешавад.” Ҳамзамон ӯ бо таассуф афзуд, “бренди “Ҳоҷӣ” чун бренди “ҳалол” кафолати маҳсулот ё хадамоти беҳтар нест ва тоҷирон аз он сӯиистифода ҳам мекунанд. Масалан, ошхонаҳое, ки худро “барои ҳоҷиён” муаррифӣ мекунанд, баъзан на гӯшти “дасткуш”, балки гӯштеро истифода мекунанд, ки аз хориҷа оварда мешавад. Кӣ метавон бигӯяд, ки он гӯшти яхзада воқеъан ҳам ҳалол аст?”

"Ҳоҷӣ Самандар", ки ба фармоиши қатли бародарон Каримовҳо айбдор мешавад

"Ҳоҷӣ Самандар", ки ба фармоиши қатли бародарон Каримовҳо айбдор мешавад

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, ошхонаҳо бо бренди “Ҳоҷӣ” ба он хотир ҳам сермизоҷанд, ки соҳибонашон аз фурӯши ҳама навъҳои машрубот ва обҷав парҳез мекунанд. Назар меафзояд, бештари ҳоҷиҳо, албатта, одамони ҳалолу покизакоранд, аммо онҳое низ ҳастанд, ки, бигирем, “ширкатеро ба номи падараш “Ҳоҷӣ фалонӣ” мегузорад ва даст ба фасоду сиёҳкорӣ мезананд ё молеро бо як сомонӣ харида бо даҳ сомонӣ мефурӯшанд”.

Бархе аз таҳлилгарон ҳам мегӯянд, ки бренди “Ҳоҷӣ” чун бренди “ҳалол” ва фатвои "ҳалол" барои тавлиди ин ё он мол ба “доми тазвир” табдил мешавад.

Давлат Усмон, иқтисоддон ва яке аз раҳбарони пешини ҷунбиши мазҳабии Тоҷикистон, қаблан дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар робита ба фатвои “ҳалол” гирифтани раҳбарони ширкатҳо гуфта буд, ки он ду ҷанба дорад, яке, агар соҳиби тиҷорат одами диндор бошад ва хоҳад, ки молашро поку ҳалол муаррифӣ кунад ва дигарӣ – агар дар ҷомеъа дин тақвият ёбад ва мардум бо чизе рӯ оваранд, ки аз нуқтаи назари шаръӣ дуруст бошад. Ҳамзамон ӯ эътироф карда буд, афроде ҳам ҳастанд, ки тиҷораташон худ кулоҳбардорӣ аст ва вақте ки ин кӯлоҳбардории худро тавассути фатво рӯпӯш карданӣ мешаванд, гуноҳашон азимтар мешавад”.

Маликаи Саид

Маликаи Саид

Дар ҳамин ҳол, аз нигоҳи мусоҳибони мо, тавофи Каъба баъзан сарнавишти одамонро ҳам тағйир медиҳад. Овозхони маъруф Маликаи Саид баъд аз зиёрати Маккаву Мадина аз санъат канор рафт ва дар маркази тиҷоратии “Саодат” ба фурӯши либосу пироҳан барои бонувон пардохт. Ӯ дар як сӯҳбат бо хабарнигорони маҳаллӣ сабаби рӯ ба тиҷорат оварданашро на барои “сарвату дороӣ, балки барои зебову нозанин дидани намуди зоҳирии бонувон” марбут кард.

Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки назорат аз болои бренди “Ҳоҷӣ” – зиёдаравӣ аз сӯи масъулини бахши дин мебуд. Аммо ба гуфтаи ӯ, фақат дар мавсими ҳаҷи имсола 16 ҳодисаи нақзи қонуни танзими расму ойин ва маросимҳо аз сӯи ҳоҷиҳо сабт ва алайҳи онҳо парвандаҳои маъмурӣ боз шудаанд. Ӯ меафзояд, ки "чанд парванда марбут ба истиқболи пурдабдабаи ҳоҷиҳо дар фурудгоҳ аст, ки ҳам хилофи қонун ва ҳам хилофи шариат аст ва чанд парвандаи дигар дар робита ба “ҳоҷиошӣ”, маъракае, ки дар Тоҷикистон расман манъ шудааст".

Имсол аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар барои зиёрати Хонаи Худо рафта буданд. Дар маҷмӯъ ҷамъи онҳое, ки дар 25 соли охир аз Тоҷикистон сафари Маккаву Мадина кардаву унвони “Ҳоҷӣ”-ро ба даст овардаанд, аз марзи 100 000 убур мекунад. Ҳаҷ яке аз аркони панҷгонаи дини мубини Ислом буда, адояш барои ҳар фарди мусалмоне, ки тавон дорад, фарз маҳсуб мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG