Пайвандҳои дастрасӣ

Иддае аз додрасҳо дар Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки зимни содир кардани ҳукми парвандаҳо истиқлол надоранд ва мавриди фишор қарор мегиранд.

Юсуф Салимов, раиси суди ноҳияи Шоҳмансури шарҳи Душанбе, рӯзи ҷумъаи 29-уми ноябр дар ҳошияи нишасте ба муносибати қабули "Кодекси одобномаи додрасҳо дар Тоҷикистон" дар шаҳри Душанбе, судяҳо аз сабабаи камҷуръатӣ ва мустақил набудан на ҳамеша метавонанд тибқи салоҳияти худ фаъолият кунанд. Ба гуфтаи вай, онҳо, яъне додрасҳо зери фишор қарор мегиранд ва ин гоҳо боиси нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон низ мегардад.

Ҷаноби Салимов мегӯяд: «Беасосу боасос аз баррасии парванда, ариза, дархост ва шикоятҳои дар пешбурди суд қарор дошта даст мекашем. Вазифаи муқаддаси худро бобати дифои ҳуқуқу озодиҳои инсон дар баъзе маворид бояду шояд иҷро намекунем. Ҳол он, ки мутобиқи манзалати болоии суд мо бояд фаъолияти дигар мақомотҳоро назорат кунем, аммо мутаассифона аз беғайратӣ, мо худ таҳти назорати мақомотҳо қарор дорем.»

Ҳамчунин ба таъкиди ҷаноби Салимов, чунин вазъ додрасҳоро водор мекунад, ки ҳукм ё ҳалномаи додгоҳро ба нафъи ҷониби дигар ҳал намоянд. Аммо бо ин ҳам ин додраси тоҷик аз ниҳоди алоҳида ва ё шахси фишороварданда ба фаъолияти додгоҳҳо ном набурд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар "Кодекси одобномаи додрасҳо дар Тоҷикистон" банди алоҳида ворид карда шуд, ки дар сурати зери фишор қарор гирифтани додрас ва огоҳ накардани мақомоти болоии додгоҳ, ба хусус Додгоҳи олӣ, судя муҷозот хоҳад шуд. Бо ин ҳам дар нишасти рӯзи ҷумъа масъулони Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтанд, то ҳол ягон нафар аз додрасҳо дар мавриди фишор болои онҳо, шикоят накардаанд.

Дар ҳамин ҳол Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" ҳадаф аз қабули «Кодекси одоби судяи Тоҷикистон»-ро қабл аз ҳама рушди ҷомеа ва баланд бардоштани қоидаҳои одоби касбии додрасҳо, меъёрҳои ахлоқиву маънавӣ зимни ба амал баровардани адолати судӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои инсонӣ унвон кард.

Ба таъкиди ҷаноби Абдуллоев, бо қабули кодекси мазкур талабот ба кори додрасҳо бештар мегардад ва ин санад метавонад дар мустақилияти судяҳо таъсирбахш бошад. Вай гуфт, «ман дар фаъолияти кории худам ягон маротиба фишорро мушоҳида накардаам. Вақте ин гуна чизро пешкаш мекунанд, ягон мисоли мушаххас гуфта наметавонанд. Зеро тибқи моддаи 87-и Қонуни асосии Тоҷикистон судяҳо мустақиланд.»

Аммо бо он, ки масъулони Додгоҳи олии Тоҷикистон қабули Кодекси одобномаи судяҳоро, омили истиқлоли бештари додрасҳо унвон мекунанд, ҳуқуқдонҳои тоҷик мегӯянд, ин гуна санаде, ки бештар ҷанбаи роҳнамоӣ дорад, наметавонад мустақилияти додрасҳоро таъмин кунад.

Абдуқаюм Юсуфов

Абдуқаюм Юсуфов

Абдуқаюм Юсупов, ҳуқуқдони тоҷик дар ин бора чунин назар дорад: "Ин санаде ҳаст, ки одоби касбии судяҳоро танзим мекунад ва барои қабули санадҳои судии одилона ё ноодилона ягон рол бозида наметавонад. Чунки барои қабули санади судии одилона аввалан бояд худи корпуси судии Тоҷикистон мустақил бошад. Яъне судяҳо бояд интихоби бошанд, на таъинӣ. Онҳо набояд аз ҷониби ҳокимияти иҷроия таъйин гарданд.»

Ҳамчунин ба қавли ин ҳуқуқдони тоҷик, бояд додрасҳо бо маоши баланд таъмин бошанд , то аз гирифтани ришва ва фасодкорӣ даст бардорад ва дар содир кардани ҳукм дунболи адолат равад.



Зимнан, Кодекси одобномаи судяҳо дар Тоҷикистон аз 4 боб ва 21 модда иборат буда, бо ҷонибдории беш аз 300 додрас қабул гардид. Дар кодекси мазкур гуфта мешавад, додрасҳо ҳаққи фаъолияти вакили дифоъ карданро надоранд. Ё машварати ҳуқуқи доданро. Ҳамчунин бар асоси ин кодекс, судяҳо наметавонанд фарзандон ва ё дигар пайвандони наздикашонро дар ВАО таблиғ кунанд.

Дар Тоҷикистон беш аз 480 додрас фаъолият дорад, ки беш аз сад нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG