Пайвандҳои дастрасӣ

10 сомонӣ - инҷо, 20 сомонӣ - онҷо... Муҳоҷир магар "гови ҷӯшоӣ"-ст? (ВИДЕО)


Муҳоҷирони тоҷике ки қасди сафар ба Русия доранд, мегӯянд, онҳо барои ҳама мисли як "гови ҷӯшоӣ" шудаанд, ки ҳар кадом аз онҳо "ҳаққ"-и худро талаб мекунад.

Тай ду рӯзи ахир дар фурудгоҳи Душанбе варақаи сафарро ба муҳоҷирон бо нархи 20 сомонӣ фурӯхтаанд.

Варақаи сафар, ки барои дақиқ кардани шумораи муҳоҷирон пешбинӣ шудааст, аслан ройгон аст. Аммо шаҳрвандоне, ки рӯзи 12 феврал дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон бо Озодӣ сӯҳбат карданд, мегӯянд, чанд рӯзи охир шахсони номаълум дар фурудгоҳ ин варақаҳоро ба онҳо фурӯхтаанд.

Анзурат Аҳрорзода, як сокини ноҳияи Ҳисор, ки барои гусели бародараш ба Маскав ба фурудгоҳи Душанбе омада буд, мегӯяд, ду ҷавон ба назди онҳо омада худро корманди фурудгоҳ муаррифӣ намуда, гуфтанд, ки онҳо бояд ба таври ҳатмӣ варақаи сафар харидорӣ кунанд. Анзурат мегӯяд: «Омада ба мо варақаҳоро 20 сомонӣ фурӯхтанд, аммо намедонам, барои чӣ ин корро карданд. Мо ҳам нофаҳмида, харидем.»

Анзурат меафзояд, медонист, ки варақаи сафар бепул аст, зеро вақте падар ва бародари калониашро гусел мекард, касе намегуфт, ки ин санад бояд харида шавад. Аммо бо шунидани дастури «ҳатман харидан даркор» вай фикр кард, кишояд қоидаҳо дигар шуда бошанд.

Аммо Анзурат ё бародари ӯ ягона нафаре нестанд, ки варақаи сафарро харидаанд. Сафаралии Худойназар низ, ки ба Маскав сафар дошт, ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски пули кофӣ надошт, ба ҷои 20 ҳамагӣ 17 сомонӣ дода, варақаи сафар харидааст. Сафаралӣ мегӯяд, вай 5 сол аст, ба муҳоҷират мераваду меояд ва бори аввал шунид, ки варақаи сафар пулакӣ шудааст: «Қаблан дар фурудгоҳ гурӯҳи бачаҳое буданд, ки барои пур кардани бланка ва ё варақаи сафар аз 2 то 5 сомонӣ талаб мекарданд. Онҳо мегуфтанд, агар худат пур карда натавонӣ, мо варақаро пур мекунем, аммо 2, 3 ё 5 сомонӣ медиҳед.»

Бо пардохти маблағ пур кардани варақаи сафарро ҳар нафари ба фурудгоҳ рафта баръало мушоҳида мекунад. Мо низ зимни дидор аз фурудгоҳ шоҳиди он гаштем, ки як ҷавон варақаҳои зиёде дар даст дошта ба мусофирон муроҷиат мекард, ки агар хоҳанд, бар ивази маблағ онро пур карда медиҳанд. Вале чунин ешваи хидматрасонӣ бахусус дар шароити Тоҷикистон, ки шумораи мардуми босаводаш коҳиш меёбад, як амри маъмулист ва дар шӯъбаҳои бонкҳо ҳатто нафароне ҳастанд, ки аз субҳ то шом корашон пур картани асноди бонкии муштариён аст.



Алишер, як сокини ноҳияи Ваҳдат дар робита ба ин масъала чунин мегӯяд: “Як моҳ пештар омада будам тафтиши шиносномаҳо бепул буд. Ҳоло бошад пулакӣ шудааст. Хайр ҳар касе пулаш бисёр аст омада 12 сомонӣ дода шиносномаашро месанҷад. Ҳол он, ки дар ҳамин ҷо дақиқ санҷида намешавад. Масалан ман чандин маротиба ҷарима шуда будам дар Русия, аммо дар ин ҷо мегӯянд гӯё шиносномаам тоза бошад.”

Бо ин ҳол, масъулони фурудгоҳи Душанбе вуҷуди мавориди ҳам бо пардохти маблағ пур кардани варақаи сафарро тасдиқ мекунанд ва ҳам мавридҳои фурӯши ин варақаро. Маҳмадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Озодӣ гуфт, масъулони фурудгоҳ я то ҳол ягон мавриди фурӯши варақаи сафар ё корти муҳоҷиратро ошкор накардаанд, вале дар ин бора ба онҳо ҳам хабар расидааст. Ин аст, ки онҳо барои ҷилавгирӣ аз ин амали ғайриқонунӣ чораҳои лозимаро дида, як гурӯҳи корӣ ташкил кардаанд. Оқои Шодиев мегӯяд: «Бисёр мавридҳое ҳастанд, ки шаҳрвандон на хонда метавонанд ва на ному насабашонро нависта. Барои ҳамин борҳо дидаам, ки бар ивази маблағ онҳо тайёранд, то каси дигар корти онҳоро пур карда диҳад. Аммо касе ҳуқуқ надорад, ки корти муҳоҷиратро фурӯшад. Ин санад аз тарафи Хадамоти муҳоҷират ироа шуда, комилан ройгон аст.»

Маҳмадюсуф Шодиев.

Маҳмадюсуф Шодиев.

Дар ҳамин ҳол, чизи дигаре, ки дар фурудгоҳи Душанбе ба назар мерасид, пулакӣ шудани тафтиши шиносномаҳо барои ташхиси мақоми ҳуқуқии муҳоҷирон буд. Вақте мо ба ошёнаи дуюми фурудгоҳ баромадем, дидем, ки дар ивази ташхиси шиносномаҳо, ки оё соҳибаш дар Русия дар рӯйхати сиёҳи афроди ихроҷ ё ронадшуда ҳаст ё на, 10 сомонӣ мепурсиданд.

Аммо Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират аз хабари пулакӣ шудани ташхиси шиносномаҳо дар фурудгоҳ изҳори тааҷҷуб кард ва гуфт, ки тамоми хадамоти марбут ба сафари муҳоҷирон ройгон аст. Вале мақомоти фурудгоҳи Душанбе эътироф карданд, ин хидмат дар ҳақиқат пулакист ва аз тарафи ширкати «Баракат 2013» анҷом мешавад. Ҳарчанд рӯйхати сиёҳи Хадамоти муҳоҷирати Русия дар сомонаи расмии ин ниҳод нашр шудааст ва барои ҳама дастрас аст.

Ҳамасола, бино ба манобеъи мухталиф аз 1 то 1,5 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба хотири таъмини зиндагии хонаводаҳои худ азми хориҷ мекунанд ва худро умдатан ба бозори кори Русия мезананд. Ин мардум солона ба ватан беш аз 3 миллиард доллар мефиристанд, ки аз буҷаи солонаи Тоҷикистон бештар буда, қариб нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии ин фақиртарин кишвари Шӯравии собиқро ташкил медиҳад. Пули муҳоҷирон як омили асосии таъмини суботи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, ки 35 дарсади аҳолиаш зери хатти фақр ба сар мебарад, дониста мешавад.

Муҳоҷирони корие, ки қасди сафари Русия доштанд, дар сӯҳбат бо мо мегуфтанд, ки сарфи назар аз ин ки пардохти 10 ва ё 12 сомонӣ қонунӣ аст ё на, вале дар ошёнаи аввалу дувуми фурудгоҳи Душанбе аз онҳо барои ин хидматҳо пул талаб мекунанд. Муҳоҷирони корӣ мегӯянд, ки онҳо барои мақомоти тоҷик мисли як «гови ҷӯшоӣ» шудаанд ва ин «кандан-кандан» аз ҳар як қадами онҳо чӣ дар роҳи сафар ва чӣ дар роҳи бозгашт дарди саре шудааст, ки гоҳо ҳатто бештар аз азоби ғурбат азияташон медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG