Пайвандҳои дастрасӣ

Бо гузашти як моҳи бозиҳои пуршӯри Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 фурсате расидааст, ки баъзе бурду бохтҳои ин мусобиқотро натиҷагирӣ кунем, ки ин сабқат ба мухлисон чӣ доду чӣ надод?

ФИФА – Иттиҳодияи ҷаҳонии футбол – бо анҷоми Ҷоми ҷаҳонӣ-2014, ки аз 12 июн то 13 июл дар Бразил гузашт, чанде аз бурду бохтҳои ин мусобиқотро натиҷагирӣ кардааст.

Тими Олмон, ки қаҳрамони ҷаҳон шуд, бештар аз ҳама – 18 гол зада, аз дарвозааш танҳо 4 тӯб сар додааст ва аз нигоҳи фарқи тӯбҳо – 14 – низ пешсаф аст. Олмон 7 тӯбашро дар даври ниманиҳоӣ ба дарвозаи тими мизбон ва муддаии асосии унвони қаҳрамонӣ – Бразил – зад. Бразил, ки дар ду бозии охираш бо Олмон ва барои ҷои сеюм бо Ҳолланд 10 гол сар дод, дар маҷмӯъ ба дарвозааш 14 тӯб хӯрдаву аз нигоҳи хатти заифи дифоаш “пешсаф”- и Ҷоми ҷаҳонӣ шудааст.

Қавитарин хатти дифоӣ дар Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 аз Коста –Рика буд, ки бо шарофати бозии хуби дарвозабонаш Навас ҳамагӣ ду тӯб сар додааст. Заифтарин хатти ҳуҷум дар ин мусобиқот аз Камеруну Эрон буда, ки ҳамагӣ якголӣ задаанд. Дар маҷмӯъ мухлисон дар Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 шоҳиди 171 гол шуданд ва ин мусобиқот аз нигоҳи шумори голҳо рекорди Ҷоми ҷаҳонӣ-1998 дар Фаронсаро такрор кардааст.

Аз ҳама бештар – 111 зарба - ба дарвозаи ҳариф тими Бразилия зарба задааст. Камтар аз ҳама – 22 зарба – моли Эрон аст.

Бино ба шумориши хабаргузории ИТАР-ТАСС, Аргентина бо 47 зарбаи кунҷӣ аз ин нигоҳ пешсафи Ҷоми ҷаҳонист ва Бразилия бо 14 корти зард аз лиҳози шумораи чунин кортҳо. Ҳолланд бештар аз ҳама – 126 маротиба- ва Испания камтар аз бақия – ҳамагӣ 28 маротиба - қоидаи бозиро вайрон кардаанд.

Равшан Эрматов

Равшан Эрматов

Ин манбаъ довари узбак Равшан Эрматовро сахтгиртарин довари Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 номидааст. Эрматов, нахустин доваре ки дар як Ҷоми ҷаҳолнӣ 4 бозиро доварӣ кард, 14 маротиба ба футболбозон корти зард ва як маротиба корти сурх додааст.

Футболбози аз ҳама “авбош” ҳимоятгари Бразил Тяго Силва буд, ки дар Ҷоми ҷаҳонӣ 3 корти зард гирифт. Аммо бештар аз ҳама – 19 маротиба – қоидаи бозиро Марвон Филайнӣ аз тими Белгия вайрон кардааст.

Бештар аз ҳама – 8 гол- дар бозии даври ниманиҳоӣ байни Олмону Бразил зада шуд. Дар ин бози олмониҳо бо ҳисоби 7:1 ғолиб шуданд. Ин бузургтарин шикаст дар таърихи қариб садсолаи футболи Бразил – қаҳрамони панҷкаратаи ҷаҳон - буд.

Бештар аз ҳама – 74 738 тамошобин – дар ду бозии тими Аргентина – бо Босния ва Ҳергеговина, ки бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи тими Лионел Месси анҷом ёфт ва дар бозии ниҳоии ин тим бо Олмон, ки тӯби ягонаи Марио Гётсе олмониҳоро қаҳрамони ҷаҳон кард, ҷамъ шудаанд.

Мануэл Нойер Лионел Мессиро тасаллӣ медиҳад

Мануэл Нойер Лионел Мессиро тасаллӣ медиҳад

Лионел Месси бо вуҷуди бохти тимаш дар даври ниҳоӣ беҳтари футболбози Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 эътироф шуд. Месси дар маҷмӯъ дар 4 бозӣ бозигари беҳтарин эълон шуда буд.

Унвони беҳтарин нишонзани ин мусобиқот ва ҷоизаи “Бутсии тилоӣ”-ро Хамес Родригес аз тими Колумбия ба даст овард, ки дар 5 бозӣ 6 гол задааст. Хамес Родригес и 23-сола аз нигоҳи гол + пас низ бо 8 имтиёз (6 гол ва 2 пас) ҷои аввалро гирифт.

Карим Бензема аз тими Фаронса бештар аз ҳама – 32 маротиба – ба дарвозаи ҳарифон зарба задааст. Бештар аз дигарон – 651 пас- Филипп Лам аз Олмон додаву Ариен Роббъен аз тими Ҳолланд дар тӯли бозиҳои Ҷоми ҷаҳонӣ 79 километри 309 метр давидааст. Яъне баробари фосилаи қариб ду марафон! Аммо рекорди ҳаракат дар як бозиро Майкл Брэдли аз тими Амрико гузошт, ки дар бозӣ бо Белгия масофаи 16 километру 689 метрро тай кардааст.

Унвони беҳтарин дарвозабони Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 ва ҷоизаи “Дастпӯши тилоӣ” насиби Мануэл Нойер аз Олмон шуд. Дар Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 ситораи як силсила дарвозабонҳои фавқулодда, аз ҷумла Кейлор Навас аз Коста-Рика, Ромеро аз Аргентина, Очоа аз Мексика ва Браво аз Чили дурахшид, ки дар комёбиҳои тимҳои худ нақши умда доштанд.

Аммо беҳтарин бозигари ҷавони ин мусобиқот Пол Погба аз тими Фаронса шинохта шуд. Погба ҳамагӣ 21 сол дорад.

Ҷоми ҷаҳонии оянда соли 2018 дар Русия баргузор хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG