Пайвандҳои дастрасӣ

Фоҳишаҳои Душанбе ба зиндагии пок бармегарданд?


Моҳрухсор -- зане, ки бо танфурӯшӣ машғул аст

Моҳрухсор -- зане, ки бо танфурӯшӣ машғул аст

Фоҳишаҳои Душанбе мегӯянд, рейдҳои пай дар пайи мақомоти интизомӣ "шикори шабона"-и онҳоро ноком ва маҳдуд кардааст. Бархе аз онҳо водор шудаанд, ки ба ҳаёти поку солим баргарданд.

Дилором пештар бе ягон мушкил метавонист, ба "шикори шабона" барояд, вале акнун аввал ба "тағо"-яш дар пулис занг мезанад ва мепурсад, ки “имшаб рейд ҳаст ё не?”. Агар барояш гуфта мешуд, ки имшаб оромист, бо дили пур ба кӯча мебарояд. Вай дар роҳи байни Қарияи Боло ва Якккачинор, дар ҷое меистад, ки ҳама чикора буданашро дарҳол мефаҳманд. Аз ин ҷо муштариён Дилороми 21-соларо ба ҷои дилхоҳ мебаранд ва агар хидмати ӯ тамоми шаб давом мекунад, барояш 150 доллар медиҳанд.

ТАНФУРӮШОНИ "КРИША"-ДОР

Дилором, ки бо ӯ шоми 2-юми декабр дар маҳалли Яккачинори Душанбе сӯҳбат мекардем, мегӯяд, дар мақомоти интизомӣ ҳомии худро дорад. Ҳанӯз се моҳ пеш ӯ ва ҳампешагонаш мушкиле надоштанд. Вале се моҳи охир рейдҳои пай дар пайи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаб шудааст, ки ӯ ва 5 дугонаи дигараш, ки бо ҳам дар як хона зиндагӣ мекунанд, пеш аз баромадан ба кӯча бо "дӯстонашон" дар мақомоти қудратӣ тамос гиранд ва танҳо дар ҳолати бехатар будани "ҷойи кор" ба берун бароянд.

Тарси онҳо аз он нест, ки боздошт мешаванд. Зеро пештар низ борҳо боздошт шудаанд ва бо пардохтани ҷарима, ки бо кори якшабаашон баробар аст, раҳо мешуданд. Аммо, ба гуфтаи Дилором, мақомоти интизомӣ ҳоло роҳи дигареро дар пеш гирифтаанд. Онҳо дар ҳолати боздошт кардани сабукпоён падару модар ва раиси маҳаллаашонро даъват мекунанд: "Пештар вақте рейд мегузарониданд, шиносномаҳоямонро нигоҳ намекарданд. Танҳо протокол тартиб дода, ҷарима мекарданд. Аммо ҳоло кор танҳо бо ҷарима тамом намешавад."

Наздикони аксари танфурӯшон аз ин касби онҳо огоҳ нестанд ва онҳо фошу шармсор шудан намехоҳанд. Ҳамчунин ба гуфтаи Дилором, акнун ба ғайр аз пулис шахсони алоҳида низ ба кори танфурӯшон "халал" мерасонанд. Пас аз муроҷиати Вазорати умури дохилӣ ба мардум, ки аз шаҳрвандон хост, дар ҳар куҷое фоҳиша ё фоҳишахонаеро диданд, бояд мақомотро огоҳ кунанд, бархурди мардум дигар шудааст. Дилором мегӯяд, ба ин сабаб маҷбур шудааст, бори сеюм макони зисти худро иваз кунад.

"БЕКРИША"- ҲО

Моҳрухсор, зани 25 сола, ки ду сол инҷониб ба танфурӯшӣ машғул аст, мегӯяд ӯ дар мақомот “крыша” надорад. Ҳамчунин бо ягон далла ё ба истилоҳ “Мама Роза” низ ҳамкорӣ намекунад. Вай ҳамроҳ бо дугонааш ба "шикор" мебарояд. Вале дугонааш “криша” дорад, ки онҳоро пеш аз ҳар рейд огоҳ мекунад, ки ба кӯча набароянд.

Моҳрухсор мактабро то синфи 4 хондааст ва хеле ҷавон издивоҷ кардааст. Пас аз таваллуди писарчааш аз шавҳар ҷудо шуда, дар тарабхонае пешхидмат буд, ки бо як зани сабукпо дугона шуд. Моҳрухсор мегӯяд, чанд моҳи охир, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон паиҳам рейд мегузаронад, дигар ҳар шаб ба кӯча намебарояд. Ҳафтае ду ё се бор, шабҳое ки рейд нест, сари роҳ баромада, моҳе 200 ё 300 доллар кор мекунаду халос.

Азбаски ҳомие дар сохторҳо надорад, баъзе шабҳо аз рейд бехабар мемонад ва ба даст меафтад. Вақте ки бори чаҳорум боздошт шуд, пулис падару модар ва раиси маҳаллаашро даъват карда, фоҳишагии ӯро ошкор намуданд. Аммо Моҳрухсор мегӯяд: "Падарам медонад, ки ман танфурӯшӣ мекунам, аммо чизе намегӯяд. Падарам бисёр одами хуб аст. Баъдан маро зиёд ҷавон ба шавҳар дод. Худашро дар бадбахтиям гунаҳкор меҳисобад. Дигар гуфта наметавонад, ки ин корро накунам. Модарам бошад, писари 5-солаамро нигоҳ мекунад. Вале ба ҳар ҳол кӯшиш мекунам, аз назди хонаамон дуртар рафта, ба ин корҳо машғул шавам. Дар хонаи як зани дигар зиндагӣ мекунам, ки вай ҳам медонад.”

Моҳрухсор дар фикри он аст, ки аз ин кори бад даст кашад. Миёни мардҳо бемориҳои гуногун зиёд шудаанд, ки ба саломатии ӯ хатар доранд ва аз сӯе ҳам бештар шудани фоҳишаҳои ҷавон "бозор"-и Моҳрухсорро касод кардааст. Умуман, ба назари ӯ, ин як касби наҳс аст: “Дар ин кор одам зиёд таҳқир мешавад. Мардҳо таҳқирам мекунанд. Маслиҳат мекунанд, ки ҳамин қадар пул медиҳам, баъд фиреб мекунанд. Баъзан вақти дигар аз шаҳр берун бурда, дар кадом қишлоқи дур дар ними роҳ мепартоянд.”

Ҳамсӯҳбати мо орзу дорад, худро пок гардонад ва шояд шавҳаре ёбаду ба зиндагии солим баргардад.

НАЗАРИ "МАМА РОЗА"-ҲО

Дар ҳоле ки танфурӯшон аз фишори мақомоти интизомӣ шикоят мекунанд, “Мама Роза”-ҳо мегӯянд, ин рейдҳо ҳеҷ мушкил ҳал намешавад.

Яке аз онҳо, ки худро Гуля номид, мегӯяд гоҳҳо худи кормандони мақомот, падару модарон низ боиси он мегарданд, ки духтарон фоҳиша шаванд. Ба қавли ин зани 40 сола, гоҳе ба назди ӯ духтарҳое меоянд, ки модаронашон онҳоро бар ивази қарз ё маблағи муайян ба марде пешниҳод кардаанд. Бархе аз онҳо розиянд барои 50 сомонӣ танфурӯшӣ кунанд. Фоҳишаҳои сатҳи болотар дар як шаб аз 500 то 700 доллар мегиранд. "Духтарони ҷавону зебое ҳастанд, ки мардҳо барояшон ҳеч гуна маблағро дареғ намедоранд. Ҳама гурӯҳи мардон меоянд наздашон, ҳатто баъзе аз мансабдорон ҳам аз хидмати онҳо истифода мекунанд."

Гуля ҳамчунин мегӯяд, вазъи зиндагӣ духтаронро маҷбур мекунад, бо ин роҳ раванд: “Зиндагии мардуми мо ба ҳама маълум аст. Он ки дар маркази шаҳр мебинем мардум бо мошинҳои гаронарзиш мегарданд ин ба он маъно нест, ки ҳама хуб аст. Зиндагии мардуми қишлоқ низ ҳамин тур аст. Зиндагӣ бисёр душвор аст.”

Гуля мегӯяд дар Тоҷикистон на танҳо занҳо, балки мардҳое низ ҳастанд, ки фоҳишаҳоро гирди худ ҷамъ меранд ва ба мардҳои пулдору соҳибмансаб пешкаш мекунанд.

НАЗАРИ МАҚОМОТ

Мақомоти Тоҷикистон низ мегӯяд аз зиёд шудани шумораи фоҳишаҳо дар кишвар сахт нигаронанд. Бо ин далел онҳо тариқи рейдҳо ва корҳои оперативӣ мехоҳанд аз ин чиз ҷилавгирӣ кунанд.

Алиҷон Азизов, сардори шӯъбаи 4-уми Раёсати кофтукови ҷиноии Раёсати корҳои дохилии Душанбе

Алиҷон Азизов, сардори шӯъбаи 4-уми Раёсати кофтукови ҷиноии Раёсати корҳои дохилии Душанбе

Алиҷон Азизов, сардори шӯъбаи 4-уми Раёсати кофтукоби ҷиноии Раёсати корҳои дохилаи Душанбе, 3-юми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, шумораи фоҳишаҳо ва фоҳишхонаҳо дар қиес ба соли гузашта ба маротиб афзудааст. Ба ин далел мақомот аз аҳолӣ мадад хостааст: “Ҳоло мардум ба мо хеле кӯмак мекунад. Зеро ҷомеа низ аз зиёд шудани бадахлоқӣ нигарон аст.”

Ба ақидаи ҳамсӯҳбати мо рейдҳои зидди фаҳшо аллаккай таъсири худро расонидааст. Вай, аз ҷумла 6 фоҳишаи ноболиғеро намуна меорад, ки баъд аз боздошт ва муҳокима аз ин роҳи хато даст кашидаанд. Чандин танфурӯш ба кор ва таҳсил ҷалб шудаанд.

Дар 11 моҳи соли равон 385 фоҳиша боздошту ҷарима ва 275 фоҳишахона ошкор шуданд. Аз ҳисоби ҷаримаи фоҳишаҳо 25 600 сомонӣ ба буҷаи давлат ворид гашт. Дар қонунҳои Тоҷикистон барои танфурушӣ аз 400 то 800 сомон ҷарима муқаррар шудааст. Бархе аз сокинони кишвар хостори сахттар кардани ин ҷазоянд, аммо бархе аз танфурӯшон хостаанд, касби онҳо зери ҳимояи қонун қарор гирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG