Пайвандҳои дастрасӣ

Чанд нуқтаи "осебпазир"-и суботи Тоҷикистон аз нигоҳи Бунёди сулҳ


Раддабандии "Кишварҳои осебпазир-2014"

Раддабандии "Кишварҳои осебпазир-2014"

Як бунгоҳи таҳқиқотии Амрико мегӯяд, омилҳои хатарзо барои Тоҷикистон кам шудааст, аммо суботи ин кишвари пасошӯравӣ ҳамчунон “осебпазир” боқӣ мемонад.

Баъди 17 соли хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ ва дар остонаи рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки рӯзи 27-уми июн таҷлил мешавад, Бунёди сулҳ, як бунгоҳи таҳқиқотии марказаш дар Амрико гуфт, тайи 8 соли ахир заминаҳои бесуботӣ ва нооромии кишвар камтар шудааст. Аммо бо вуҷуди ин раванди мусбат, бар тибқи арзёбии Бунёди сулҳ, ба суботу бақои Тоҷикистон ҳамчунон хатари зиёд таҳдид мекунад.

Дар раддабандии “Кишварҳои осебпазир”, ки Бунёди сулҳ ва маҷаллаи “Сиёсати хориҷӣ”-и Амрико рӯзи 25-уми июн нашр карданд, Тоҷикистон дар байни 178 кишвари ҷаҳон дар мақоми 55-ум ва дар радифи кишварҳое қарор дорад, ки ба суботу бақояшон хатари зиёд таҳдид мекунад. Муаллифони ин шохис бар асоси 12 нишондиҳанда арзёбӣ кардаанд, ки Тоҷикистон зери фишори кадом омилҳои бесуботкунанда қарор дорад ва кадоме аз он омилҳо каму зиёд шудаанд.

Раддабандии "Кишварҳои осебпазир-2014"

Раддабандии "Кишварҳои осебпазир-2014"

Фишори иҷтимоӣ, рушди номуназзами иқтисодӣ, норозигии қишрҳои алоҳида, тарки мардуми босавод, фақру таназулли иқтисодӣ, қонунмандии ҳукумат, волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон, тафриқа дар байни элитаи ҳукмрон аз ҷумлаи ин омилҳо ҳастанд. Бо назардошти беҳтар шудани бисёре аз ин нишондиҳандаҳо, Бунёди сулҳ Тоҷикистонро дар шохиси “Кишварҳои осебпазир” аз мақоми 51 дар соли гузашта ба зинаи 55 поин бурдааст, ки баръакси шохисҳои дигар маънии беҳтар шудани вазъро дорад.

Лоҳутӣ Сафаров, мутахассиси пешбари раёсати таҳлил ва пешбинии сиёсати дохилии Маркази таҳқиқоти стротегии Тоҷикистон рӯзи 26-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, чунин пешбиниҳои тарснок дар матбуот ҳам дида мешаванд, вале ин пешбиниҳо аксар вақт ботил будаанд: “Ин пешбиниҳо асос шуда наметавонад ва барои амнияти Тоҷикистон чунин таҳдидҳо вуҷуд надорад. Имрӯз тамоми сохторҳои давлатии Тоҷикистон дар сатҳи хеле баланд фаъолияти худро идома медиҳанд, ки ингуна овозаҳо ҳам бартараф гарданд.”

Анна Матвеева, пажӯҳишгари Донишгоҳи иқтисодии Лондон дар Бритониё ҳам мегӯяд, ки ба далели кам будани иттилооти дуруст пешбинӣ кардани ояндаи Тоҷикистон осон нест ва наметавон гуфт, ки имрӯз ё фардо оромиву суботи кишвар баҳам мехӯрад. Хонум Матвеева рӯзи 26-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски дар Тоҷикистон муқовимати дохилӣ ба омилҳои ноамнӣ ва ё эҳсоси безорӣ аз муноқиша баланд аст, ҳукумат ҳам метавонад, ба осонӣ пеши роҳи ноамниро бигирад ва ё аз байн барад. Вале гуфт ӯ, агар муноқишаҳое ба мисли Хоруғ дар моҳи майи имсол ва соли 2012 ва низоъҳое мисли ҳодисаҳои Ғарм дар соли 2010 дар чанд гӯша сар бизанад, онгаҳ кор барои ҳукумат сахт мешавад.

Эътирозҳои моҳи май дар Хоруғ

Эътирозҳои моҳи май дар Хоруғ

Дар раддабандии Бунёди сулҳ ҳам эътироф шудааст, ки то соли 2013 нишондиҳандаҳои иқтисодии Тоҷикистон, вазъи хадамоти умумӣ, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун андаке беҳтар шудаанд, вале омилҳои хатарзои дигар бетағйир боқӣ мондаанд ва ё бадтар шудаанд. Масалан тарки кишвар кардани мардуми босавод ва норозигии қишрҳои алоҳида соли 2013 дар Тоҷикистон вусъат гирифтааст. Дар ин миён ду омили хатарзои муҳиме, ки тағйир накардааст ва ҳамчунон бад аст, қонунмандии ҳукумат ва тафриқа дар байни элитаи ҳукмрони Тоҷикистон аст.

Аз Анна Матвеева пурсидам, ки оё дар воқеъ тафриқа дар дохили элитаи ҳукмрон ба субот дар кишвар таҳдид мекунад. Ӯ гуфт: “Ба фикрам, на мо ва на муаллифони шохис ҳам намедонанд, ки дар воқеъ дар дохили хонаводаи Раҳмон чӣ мегузарад? Маълум аст, ки ӯ фарзанду хешовандони зиёде дорад. Аҳёнан дар байни онҳо барои қудрат ва тақсими моликият мубориза бармехезад ва ин як чизи маъмулист. Мо то ин муддат зиёдаравиеро дар миёни онҳо надидаем. Эҳсос ҳам намешавад, ки худи раисиҷумҳур заъиф ва ё бемор шуда бошад ва ё пояҳои курсиаш биларзанд. Мо ингуна чизҳоро надидаем.”

Ба қавли Анна Матвеева, омилҳои дигари бесуботии Тоҷикистон хориҷианд ва ба вазъи ноороми Афғонистон ва Қирғизистони ҳамсоя иртибот мегиранд, ки дар дуввумӣ бо вуҷуди истиқрори субот заминаҳои ноамнӣ зиёд аст. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ чанде пеш гуфт, ки мумкин аст, бо тарки Афғонистон кардани нерӯҳои хориҷӣ дар поёни соли 2014, хатар ба марзҳову амнияти кишвар бештар шавад.

Аммо ба гуфтаи Музаффар Олимов, таҳлилгари маркази назарсанҷии “Шарқ”, дар дохил ба амнияти кишвар се омили умдаи хатарзо таҳдид мекунад, ки бояд ба хотири ҳифзи субот онҳоро рафъ кард: Сатҳи пасти зиндагии қишри бузурги мардум, бекорӣ ва фасод. Бояд бо инҳо мубориза кунад ҳукумати Тоҷикистон.”

Мушкилоте, ки бо вуҷуди гузашти 17 сол аз хотимаи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҳамчунон гиребони кишварро сар надодаанд ва бахусус фасод, ки ба расм табдил шуда ва ҷони мардуми оддиро ба лабашон овардааст.

Зимнан дар пурсиши кунунӣ дар гӯшаи "Назари шумо"-и сомонаи Озодӣ дар посух ба ин суол ки Ба сулҳу суботи Тоҷикистон чӣ таҳдид мекунад? 62,7 дарсад маҳаллгароӣ ва фасод ва 19,3 дарсад фақру бекориро таҳдид ба сулҳи суботи ин кишвар ном бурдаанд. 5,2 дарсад иизҳор доштаанд, ки таҳдиди ҷиддие вуҷуд надорад ва танҳо 1,8 фоиз мутмаин будаанд, ки сулҳу суботи мо бебозгашт аст. Шумо низ метавонед ба ин гӯша биравед ва назари худро бинависед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG