Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Миср дар Рамазон "амри маъруф"-ҳои сиёсӣ манъ шуданд


Ҳукумати Миср ба рӯҳониён дастур дод, ки дар моҳи шарифи Рамазон на дар масоили сиёсӣ, балки бештар дар бораи дину имон ва пайванди байни мусалмонҳо амри маъруф кунанд. Вазири дини Миср Муҳаммад Мухтор Ҷумъа рӯзи якшанбе, 29 июн гуфт, ки бояд амри маъруфҳо дар Рамазон мардумро ба ҳам биёваранд, на ин ки миёни онҳо тафриқа андозанд.

Ҳукумати Миср имсол ҳаракати "Ихвон-ул-муслимин"-ро, ки аз раисиҷумҳури барканоршуда Муҳаммад Мурсӣ пуштибонӣ мекард, ҳамчунин созмони террористӣ мамнӯъ эълон кард ва ҳамчунин доир намудани намоишҳои эътирозиро маҳдуд сохт.

Дар аксар кишварҳои мусалмоннишин, аз ҷумла, дар Миср, моҳи шарифи Рамазон 29 июн фаро расид.

XS
SM
MD
LG