Пайвандҳои дастрасӣ

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) чанд бозии мусобиқоти лигаи олиро ба мӯҳлати дигар гузаронд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) бинобар баргузории ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби миллии кишвар барои омодагӣ ба бозии дӯстона бо мунтахаби Қирғизистон якчанд бозиҳои мусобиқоти лигаи олиро ба мӯҳлати дигар гузаронд. Ёдовар мешавем, ки бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии Қирғизистону Тоҷикистон 15-уми октябри соли равон дар шаҳри Бишкек баргузор хоҳад шуд.

Бюрои кумитаи иҷроияи ФФТ ин бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии кишварро ба мӯҳлати дигар гузаронд:

бозии № 68 ССКА «Помир» - «Истиқлол» аз 9-уми октябр ба 13 ноябр
бозии № 69 «Парвоз» - «Хайр» аз 9-ум ба 6-уми октябр
бозии № 70 «Регар-ТадАЗ» - «Энергетик» аз 9-ум ба 23-юми октябр
бозии № 71 «Истаравшан» - «Вахш» аз 9-ум ба 6-уми октябр
бозии № 82 «Вахш» - «Парвоз» аз 27-ум ба 26-уми октябр
бозии № 83 «Истиқлол» - «Энергетик» аз 27-ум ба 26-уми октябр
бозии № 84 «Хайр» - «Истиқлол» аз 2-юм ба 3-юми ноябр
бозии № 85 «Парвоз» - «Равшан» аз 2-юм ба 3-юми ноябр

Инчунин бозиҳои даври 16-ум аз 13-ум ба 30-юми октябр гузаронида шуданд:

72. «Истиқлол» - «Парвоз»
73. «Вахш» - «Хуҷанд»
74. «Хайр» - «Регар-ТадАЗ»
75. «Равшан» - «Истаравшан»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG