Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз Тоҷикистон рафтани бархе созмонҳои имдодиро тарафдорони давлат натиҷаи пешрафт дар мубориза бо фақр, вале мунтақидон ҳосили омори бардурӯғи Душанбе ба созмонҳои байналмилалӣ мешуморанд.

Дар пайи гузоришҳои Оҷонсии омори Тоҷикистон дар мавриди коҳиши мизони фақр дар кишвар бархе аз созмонҳои байналмилалӣ ҳаҷми барномаҳои хайриявию кумакрасониашонро коҳиш ва ё комилан қатъ кардаанд.
Охиран президент Эмомалӣ Раҳмон дар такя ба рақамҳои оҷонсии омор эълон кард, ки мизони фақр танҳо дар соли гузашта 2,5 дарсад пойин рафта ба ҳадди 35 дарсад расидааст.

Латиф Ҳадяев, роҳбари созмони ғайридавлатии «Тамаддун» ва аз муассисони Аҷумани ташкилотҳои ғайридавлатии Тоҷикистон мегӯяд, вай шахсан ба дурустии нишондодҳои Оҷонсии омор дар мавриди коҳиши камбизоатӣ шак дорад. Аммо Ҳадяев афзуд, созмонҳои байналмилалӣ маҳз дар такя ба ин рақамҳо «шубҳанок» бисёре аз барномаҳои грантии худро барои Тоҷикистон қатъ карданд, чунки онҳо гумон мекунанд, ки мардуми мо сарватманд шудаанд:

«Пеш аз он ки як рақамро ба созмонҳои байналмилалӣ пешниҳод кунем, аввал бояд ҳама паҳлӯи онро ба назар гирифт. Маҳз бо кӯмаки созмонҳои байналмиллалӣ ташкилотҳои ғайридавлатӣ мактабу беморхона ва қубури оби нӯшокӣ дар маҳалҳои Тоҷикистон сохта ба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ саҳм гузоштанд. Аммо вақте ин гуна оморҳои носаҳеҳ ба созмонҳои байналмилали пешниҳод мешаваду онҳо барномаҳои грантиашонро қатъ мекунанд, пас аз куҷо дигар сатҳи камбизоатӣ коҳиш меёбад?»


Ҷаноби Ҳадяев мегӯяд, дар муайян намудани сатҳи камбизоатӣ ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва бетараф низ бояд ҷалб шаванд. Танҳо дар ҳамин ҳолат бо қиёс кардани натиҷаи омори ду ҷониб мешавад мизони воқеии камбизоатиро мушаххас кард. Вагарна такя кардан ба рақамҳои Оҷонсии омор ба ҷуз аз худфиребӣ чизе беш нест, - афзуд Ҳадяев.

Айни чунин шикоятҳоро роҳбарони дигар ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ иброз доштанд.

Муҳаббат Пирназарова, собиқ корманди ташкилоти ғайридавлатии «Сектори сеюм» мегӯяд, тайи чанд соли охир созмонҳои байналмилалӣ ҳаҷму миқдори кӯмакҳои грантиашонро ба маротиб коҳиш додаанд. Ба таъкиди хонум Пирназарова, созмони байналмилалии «Айрекс», ки аз шарикони асосии «Сектори сеюм» будааст, ба далели он, ки ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дигар ниёз ба дастгирӣ надорад, комилан дафтари худро дар Душанбе бастаааст.

Дар соли гузашта созмони хайриявии Британия ACT-Central Asia низ ба далели он, ки мардуми Тоҷикистон дигар ниёз ба кӯмак надоранд, дафтари худро дар Душанбе баста буд.

Кӯшишҳои давлати Тоҷикистон ҷиҳати пойин нишон додани мизони фақр мантиқист. Давлат бо ин роҳ мехоҳад имиҷи худро дар арсаи байналмилалӣ боло бубурад ва дар дохил ҳам ин омор ба давлатмардони тоҷик "очко" ва ё холи изофии сиёсӣ медиҳанд. Аммо коршиносон мегӯянд, сиёсатмадорони тоҷик дигар паҳлӯи масъаларо андеша накардаанд, ки бар пояи ин омор созмонҳои байналмилалӣ метавонанд барномаҳои кӯмакрасони хешро дар нисбати Тоҷикистон қатъ кунанд.

Си Си Ю. Дар байн.

Си Си Ю. Дар байн.

Си Си Ю, роҳбари намояндагии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон дар нишасти охири хабариаш гуфт, то ба ҳол ин ниҳоди байналмилалии молӣ бо назардошти сатҳи баланди камбизоатӣ ва қарзҳои осебпазири хориҷиаш ба Тоҷикистон танҳо гарнт ва ё кӯмакҳои бебозгашт медоданд: «Аммо сар аз соли 2015 мо шеваи корамонро бо Тоҷикистон иваз мекунем. Аз ин ба баъд мо 50 фисади кӯмакҳоямонро чун қарз ва боқимондаашро чун грант ба Тоҷикистон миедиҳем.»

Аммо Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии асъор – ду созмони бузурги байналмилалӣ ва кӯмакрасони Тоҷикистон мегӯянд, онҳо дар пайи коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ мизони кӯмакҳояшро ба кишвар коҳиш нахоҳанд дод.

Нигина Алиева, сухангӯи Бонки ҷаҳонӣ дар як мусоҳибаи катбӣ ба "Озодӣ" гуфт, ҳарчанд рушди ҳаштдарсадии иқтисод тайи даҳсолаи охир бо коҳиш ёфтани мизони фақр ҳамроҳ буд, аммо Тоҷикистон яке аз кишварҳои фақиртарини Осиёи Миёна боқӣ мемонад. Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, кишвар ҳоло ҳам дар қиболи омилҳои хориҷии иқтисодӣ осебпазир аст ва аз ин рӯ даромади бахши аъзами аҳолии кишвар номуътадил буда эҳтимоли он зиёд аст, ки онҳо дубора фақир шаванд.

Бо ин ҳол, танҳо дар 9 моҳи аввали соли 2013 Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ ба маблағи 56 миллион доллар кӯмакҳои башарӣ дарёфт кардааст. 63 дарсади ин ёриҳои башарӣ ба Душанбе аз Амрико расидааст. Зимнан, ин 56 миллион доллар фарогири танҳо кӯмакҳои мустақими башарӣ буда, он кӯмакҳои билоивази фанниву молиеро, ки ба Тоҷикистон аз сӯи ниҳодҳои байналмилалии молӣ мерасад, дар бар намегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG