Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сулаймонӣ: Ҷуз Эрон касе тавони муқобила бо "Давлати исломӣ"-ро надорад


Қосим Сулаймонӣ.
Қосим Сулаймонӣ.

Фармондеҳи нерӯҳои "Қудс"и Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфтааст, ки ҷуз Эрон ҳеҷ қудрат тавони муқобила бо гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро надорад.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА-и эронӣ, Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи сипоҳи "Қудс"-и Сипоҳи посдорони Эрон ҳодисаҳои Ховари Миёнаро "як бӯҳрони мазҳабӣ" хонд, ки дар тӯли таърихи ислом собиқа надоштааст. Вай ҳамзамон гуфтааст, ки танҳо Эрон метавонад, ки бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" муқобила кунад.

Вай таъкид кард, ки "гурӯҳи "Давлати исломӣ" як тоъун ва як балои бузурге дар ҷаҳон аст... пас барои саломатии миллат бояд марзҳои худро карантин кунем ва ба кишварҳои ҳамсояи худ кӯмак кунем, то ин саратон ба кишварамон сироят накунад."

Фармондеҳи нерӯҳои "Қудс"-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон муқобила бо гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро як "амали бузург" ва "айни манофеи миллати Эрон" дониста ва афзудааст, ки "агар касе мардумро аз ин хабар огаҳ накунад, дар мусибати оянда шарик хоҳад шуд."

Ба гузориши хабаргузории Тасним"-и эронӣ, Қосим Сулаймонӣ таъкид кардааст, ки дар баробари "падидаи хатарнок"-и гурӯҳи "Давлати исломӣ", касе ҷуз Ҷумҳурии исломии Эрон вуҷуд надорад. Фармондеҳи нерӯҳои "Қудс"-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳамзамон гуфтааст, ки Эрон ниёз ба "нафт ва хок"-и Ироқ надорад ва ба ҳама кишварҳое, ки ба гуфтаи ӯ, "зулм алайҳи онҳо раво дошта шуда", кӯмак мекунад.

Гуфтаҳои оқои Сулаймонӣ дар ҳоле баён мешавад, ки Аҳмадризо Пурдастон, фармондеҳи нерӯҳои заминии артиши Эрон рӯзи якшанбе бо ишора ба ин, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳамакнун дар наздикиҳои марзи Эрон ҳаст, гуфт буд, ки "имрӯз ҷои пойи Давлати исломиро дар Афғонистон ва Покистон мебинем ва онҳо худашонро омода мекунанд."

Дар ҳамин ҳол, Ваҳид Мужда, аз дипломатҳои пешини Толибон рӯзи якшанбе хабар дод, ки ҳайати сиёсии ин гурӯҳ дар сафари чанд рӯзи пеши худ ба Теҳрон бо мақомҳои Эрон дар бораи нигаронии Эрон аз фаъолиятҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар марзҳои шарқии Эрон гуфтугӯ кардааст.

XS
SM
MD
LG