Пайвандҳои дастрасӣ

Дар рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон сарбозони як қисми низомӣ имкон пайдо карданд, то бо истифода аз Интернет бо наздикони худ сӯҳбатҳои видеоӣ анҷом диҳанд.

Ширкати “Мегафон” дар “Рӯзи Артиш” дар як давра сӯҳбати телефонӣ ва онлайнии сарбозони артиши Тоҷикистон бо пайвандонашонро фароҳам кард.

Сарбозони қисми низомии 07033-и нерӯҳои ҳарбии ҳавоӣ ва дифои зидди ҳавоӣ рӯзи 23-юми феврал тариқи ширкати мобилии “Мегафон” бештар бо он наздиконашон, ки дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, сӯҳбат карданд. Сарбозон мегӯянд, бинобар гарон будани қимати гуфтугӯ онҳо имкони сӯҳбатҳои тӯлонӣ бо пайвандони муҳоҷирашонро надоранд.

Абдурашид Неъматов, як сарбози қаторӣ, рӯзи 23 феврал ба Озодӣ гуфт, ҳам падар ва ҳам модараш дар муҳоҷират қарор доранд ва имрӯз тариқи шабакаи иҷтимоии Одноклассники бо онҳо сӯҳбати видеоӣ анҷом дод. Ин сарбоз мегӯяд, ҳангоме ба шабака ворид шуд, хушбахтона, саҳфаи Однокласникии модараш фаъол будааст: "Модарам дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст. Хеле вақт буд надида будем ҳамдигарро. Имрӯз бо Одноклассники видеоӣ гап задем. Модарам хеле шод шуд."

Азбаски дар қисмҳои низомӣ сарбозон бо волидонашон моҳе на камтар аз ду маротиба тамоси телефонӣ мегиранд, имрӯз онҳо бештар талош мекарданд бо рафиқони роҳдурашон ва падаронашон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ сӯҳбатҳои видеоӣ анҷом диҳанд.

Ҳатто барои анҷоми сӯҳбат тариқи телефон ва “Скайп”-у “Одноклассники” сарбозони зиёде интизори навбат буданд.

Исмоил Ортиқов, яке аз сарбозоне, ки қарор аст, пас аз шаш моҳ хидмати аскарияш анҷом ёбад, бо волидонаш тариқи Скайп сӯҳбат анҷом дод. Ӯ мегӯяд, бештар аз як сол боз волидонашро надидааст: “Вақте нав ба хидмат омадам, як маротиба волидонам ба дидорбиниям омада буданд. Модарам маро дида, гиря кард. Падарам ҳам хеле шоду ҳаяҷонзада буд. Маро ба Рӯзи Артиши миллӣ табрик карданд. Аз ҳолу аҳволам пурсиданд. Гуфтанд, ки бо сари баланд хидматро ба анҷом расонам.”

Ин сарбоз, ки бо волидонаш аз ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд сӯҳбат мекард, дар сӯҳбат ба мо ҳамчунин гуфт, падару модараш гуфтаанд, ки баъди хидмати аскарӣ ӯро хонадор мекунанд.

Мафтун Боев, яке аз сарбозони дигар, тариқи шабакаи иҷтимоии Одноклассникӣ сӯҳбат кардааст. Ба гуфтаи Мафтун, вай бо рафиқони роҳдураш, ки берун аз Тоҷикистон мебошанд, ҳамсӯҳбат шудааст. Мафтун аз он изҳори таассуф кард, ки дӯстдухтараш дастрасӣ ба Интернетро надоштааст, то ҳамроҳаш мукотиба кунаду чеҳраи ӯро низ бубинад. Ба гуфтаи ин сарбоз, ӯ борҳо бо дӯстонаш сӯҳбатҳои телефонӣ анҷом медоданд, аммо на ба муддати зиёд.

Аксари сарбозоне ,ки бо падару модари худ мулоқот мекарданд, мегуфтанд, волидон бештари сари он таъкид менамуданд, ки худашонро эҳтиёт кунанд ва то анҷоми хидмат ба кори баде даст назананд.

Дар Тоҷикистон, рӯзи 23 феврал, солгарди 22 - юми таъсиси Артиши миллиро таҷлил карданд. Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯз хостори бунёди як артиши замонавӣ ба хотири муқобила бо таҳдидҳои муосир шуд. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22 феврал дар як ҷаласаи ботантана ба муносибати солгарди 22-юми таъсиси Артиши миллӣ гуфт, шароити ҳассоси имрӯза аз нирӯҳои мусаллаҳи кишвар омодагии фавқулодда ва бунёди як артиши замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо силоҳҳову донишҳои муосири ҳарбиро тақозо мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таъмини артиш бо силоҳҳои замонавӣ ва афсарону аскарони таълиму тамриндида, аз байн бурдани зуҳуроти манфие, чун “облава” ба ҳангоми даъвати ҷавонон ба хидмати низомӣ ва “муносибатҳои ғайриоинномавӣ” дар ҷараёни хидматро барои омодагии нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба муқобила ба чолишҳое, чун таҳдиди гурӯҳҳои тундрав, муҳим номид.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш гуфт, “таҳаввулоту ҳодисоти вақтҳои охир дар минтақаҳои алоҳидаи ҷаҳон баамаломада моро ҳушдор медиҳанд, ки барои ба талаботи замонаи ҳассосу ноором мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат тадбирҳои ҷиддӣ андешем, доир ба таъминоти ҷузъу томҳо бо техникаву технологияҳои замонавӣ ва лавозимоти муосири ҷангӣ чораҳои иловагӣ андешем ва иқтидори мудофиавии мамлакатро тақвият бахшем.”

Абдурашид Холбоев, муовини фармондеҳи Қувваҳои ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ оид ба корҳои сиёсӣ, рӯзи 23-юми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, сарбозон соли 2015-ро таҳти шиори “Мо соли 2015-ро бо омодагии баланди ҷангӣ ва интизоми намунавӣ ҷамъбаст менамоем” пешвоз гирифтанд. Ҷаноби Холбоев гуфт: “Имрӯз ман бо ифтихор гуфта метавонам, ки артиши миллӣ ин ҳимояткунандаи амнияти кишвар аст. Артиши Тоҷикистон барои ҳимояи марзу бум омода ҳаст.”

Артиши Тоҷикистон дар оғози соли 1993 дар пайи пирӯзии Фронти халқӣ асосан аз ҳисоби ҷанговарони ҳамин Фронт ташкил шуд. Рӯзи 23 феврали соли 1993 дар маркази Душанбе нахустин паради ҷанговарони Фронти халқӣ таҳти парчами артиши давлатӣ доир шуд ва санаи таъсиси нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро ба ҳамин далел аз ҳамон рӯз ҳисоб мекунанд. 23 феврал дар замони Шӯравӣ низ ҳамчун рӯзи таъсиси Артиши Сурх ботантана таҷлил мешуд.

Артиши Тоҷикистон ба фарқ аз кишварҳои дигари пасошӯравӣ аз мероси Артиши Шӯравӣ чизе ба даст наовард ва аз нигоҳи шумори нирӯҳо ва таъминаш бо силоҳҳову мошинҳои низомӣ заифтарин артиш дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолиоти стротегӣ (IISS) , мақараш дар Лондон, рӯзи 11 феврал дар гузориши солонааш бо номи “Тавозуни низомӣ-2015” (The Military Balance 2015), ки хароҷоти низомӣ ва иқтидори ҳарбиву ҷангии 171 кишвари дунёро дар бар мегирад, навиштааст, артиши Тоҷикистон ҳамагӣ 30 тонки Т-72, 7 тонки Т-62, 23 БТР, 23 тӯп, 1 ҳавопаймои ТУ-134, 4 ҳавопаймои Л-39, чанд ЯК-52, 4 чархболи МИ-24 ва 11 чархболи МИ-8 доштааст, ки аксар сохти замони Шӯравӣ буда, хеле кӯҳнаву фарсуда шудаанд. Нирӯҳои мусаллаҳи Узбакистон, барои муқоиса, 70 тонки Т-72, 100 тонки Т-64 ва 170 тонки Т-62, 19 БРДМ, 120 БМД, 270 БМП, 309 БТР, 487 тӯп ва 135 ҳавопаймо, бо шумули 30 ҳавопаймои МИГ-29 ва 76 ҳавопаймои навъи СУ, ҳамчунин 29 чархболи МИ-24, 29 МИ-6 ва 52 МИ-8 дар ихтиёр доштаанд.

Ҳамин тавр, ҷамъи нирӯҳои низомиву ниманизомии Тоҷикистон беш аз 16 000 ва ҷамъи хароҷоти низомиаш 946 миллион сомонӣ, муодили 186 миллион доллар бо қурби соли гузашта будааст. Боз ҳам барои муқоиса, шумори нирӯҳои мусаллаҳи Узбакистон ҳудуди 75 000 ва буҷаи низомии он кишвар 1,6 миллиард доллар баровард мешавад, ки аз лиҳози теъдоди нирӯҳо қариб 5 баробар ва аз нигоҳи масрафоти низомӣ нисбат ба Тоҷикистон 9 маротиба бештар аст.

Бар илова, Амрико ахиран эълон кард, ки аз ҳисоби захираҳояш дар Афғонистон ба артиши Узбакистон 328 мошини зиреҳпӯши муосир медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG