Пайвандҳои дастрасӣ

“Ман зидди шиканҷаам, ту – чӣ?” Чанд сарнавишти талх – дар аксҳо


Намоиши аксҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимоят аз қурбониёни шиканҷа имсол бештар ба сарбозони қурбони бадрафторӣ бахшида хоҳад шуд.

Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон алайҳи шиканҷа мегӯяд, рӯзи 26 июн, дар Рӯзи байналмилалии ҳимоят аз қурбониёни шиканҷа даро Маркази “Вефа”-и шаҳри Душанбе маъракаи анъанавии “Ба шиканҷа Не мегӯем!”-ашро доир мекунад. Шиори маъракаи имсола “Ман зидди шиканҷаам, ту – чӣ?” интихоб шудааст.

Наргис Баҳриева, раиси созмони “Нота Бене”, яке аз созмонҳои асосгузори Эътилофи зидди шиканҷа рӯзи 19 июн дар як тамоси кӯтоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар чорчӯби ин маърака баргузории намоишгоҳи аксҳо низ дар назар дошта шудааст. Имсол намоиши аксҳо бештар ба сарбозони ҷавони нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки қурбони бадрафтории ҳамхидматонашон шудаанд, ихтисос дода мешавад.

Дар ин бахши намоиши аксҳо аз сарнавишти Шаҳбол Мирзоев, ки ба иллати бадрафтории ҳамхидматаш аз пои равон маҳрум шудааст ва Акмал Давлатов ва Мақсуд Носиров, ки ҳангоми адои хидмати низомӣ низ бар асари бадрафторӣ ҷон бохтанд, қисса хоҳад шуд.

Дар намоишгоҳи аксҳои бахшида ба Рӯзи қурбониёни шиканҷа ҳамчунин тамошобинон ҳамчунин бо қурбониёни мавридҳои пурсарусадои шиканҷаву бадрафторӣ, аз ҷумла қазияҳои Ҳамзаалӣ Икромзода, Хуршед Бобокалонов, Баҳромиддин Шодиев, Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов ва Дилшодбек Муродовро, ки дар боздошт ба таври мармуз ҳалок шудаанд, ошно хоҳанд шуд.

Имсол ба ин рӯйхат боз 2 қазияи дигар – марги мармузи Шамсиддин Зиёдуллоев дар боздоштгоҳи Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир ва Фирдавс Раҳматов, ки баъди ҳамагӣ ду моҳи хидмат дар артиши ҷанозаашро ба дасти падару модараш супурданд, изофа шудаанд.

Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон алайҳи шиканҷа аз соли 2011 ба ин тараф мавридҳои бадрафторӣ ва мрагҳои мармуз дар боздоштгоҳҳо ва артиши Тоҷикистонро пайгирӣ ва сабт мекунад. Ин эътилоф мегӯяд, ҳар сол дастикам 20 мавриди бадрафторӣ ва шиканҷа дар Тоҷикистонро сабт мекунад.

Масъулони ин эътилоф мегӯянд, қаҳрамони намоишгоҳи имсола наздикони қурбониёни шиканҷаанд, ки азизони худро аз даст дода, вале умедро ба тантанаи адолат гум накардаанд ва барои ба ҷавобгарӣ кашондани афроди гунаҳкор то охир мубориза мебарад.

Шиканҷа ва бадрафторӣ бахусус дар боздоштгоҳҳо ва воҳидҳои низомии Тоҷикистон чандин сол боз як мояи интиқоди созмонҳои байналмилалӣ ва гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар аз ин кишвар мешавад. Дар соли 2013 дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон банди вижаи шиканҷа дохил карда шуд, вале дар ду соле ки гузашт, танҳо як нафар – Машраф Алиев, як нозири милиса аз ноҳияи Ёвон – бо ин ҷурм маҳкум ба зиндон шудааст.

Аксари дигар афроди гумонбар ба бадрафторӣ ва шиканҷа бо иттиҳоми сабуктари “баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ” муҷозот мешаванд. Аммо ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, чунин ҷазоҳои сабук як навъ шабеҳи бемуҷозотист ва наметавонад пеши роҳи бадрафториро бигирад.

26 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳимоят аз қурбониёни шиканҷа соли 1997 аз сӯи Маҷмаи умумии СММ муқаррар шудааст. Шиканҷа, бино ба Паймони зидди шиканҷаи СММ, дарду азобест, ки намояндагони давлат ғайриқонунӣ нисбат ба шаҳрвандон ба хотири ба даст овардани эътирофи гуноҳи онҳо ба кор мебаранд.

Эътилофи зиддишиканҷа имсол намояндагони тамоми ниҳодҳои давлатиро ба намоишгоҳи аксҳояш дар Рӯзи ҳимоят аз қурбониёни шиканҷа даъват кардааст, “то бо ҳузури худ таҳаммулнопазириашон нисбат ба мушкили шиканҷа ва бадрафториро намоиш диҳанд.”

XS
SM
MD
LG