Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бунгоҳи Байнулмилалии Нерӯ пешгӯӣ мекунад, ки то соли 2050 офтоб ба бузургтарин манбаи нерӯи барқи ҷаҳон табдил ёфта, 30 дарсади ниёзи башарро ба барқ таъмин хоҳад кард.

Донишмандон муайян кардаанд, ки 90 дақиқаи нурпошии офтоб барои ба даст овардани энергияи яксолаи тамоми ҷаҳон кофист, аммо ба иллати истифодаи маҳдуди барқи офтобӣ ҳоло одамизод бештар аз нафт, газ, ангишт ва атом нерӯи барқ мегирад.

Бунгоҳи Байнулмилалии Нерӯ (International Energy Agency) бар ин аст, ки истифода аз барқи хуршедӣ сол ба сол бештар мешавад. Бино бар гузориши он, то соли 2050 офтоб ба бузургтарин сарчашмаи энергияи сайёраи Замин табдил ёфта, амнияти энергетикии ҷаҳонро таъмин ва пайомадҳои гармшавии иқлимро камтар хоҳад кард. Аз ҷумла партоби дуоксиди карбон ба ҳаво солона 6 миллиард тонна кам мешавад, ки баробар бо тамоми бухорҳои гулхонаии Иёлоти Муттаҳида ё ҳамаи нақлиёти заминию ҳавоии ҷаҳон аст.

Дар гузориши IEA гуфта мешавад, ки солҳои охир давлат ва ширкатҳо тавонмандиҳои худро барои истифода аз нерӯи офтоб густариш медиҳанд, сармоягузорӣ ба ин ришта ба гунаи бесобиқа зиёд мешавад ва ҳамчун натиҷа нархи таҷҳизот поин рафта, фанноварӣ такомули бештар меёбад.

Мария ван дер Ҳовен, мудири иҷроии Бунгоҳи Байнулмилалии Нерӯ мегӯяд: “Босуръат арзон шудани модулҳо ва системаҳои фотоволтӣ дар чанд соли охир дурнамои нави истифодаи нерӯи офтобро ҳамчун сарчашмаи муҳими нерӯи барқ дар даҳаҳои оянда фароҳам овардаанд.”

Аммо ӯ иқрор мекунад, ки барои бисёре аз кишварҳо нархи таҷҳизот ва харҷи насбу нигоҳубини он ҳамоно баланд ва барои одамони одӣ дастнорас аст. Ин дар ҳоле ки нархи батареяҳои офтобӣ дар панҷ соли охир 65 дарсад кам шудааст.

Коҳиши нарх дар Тоҷикистон ҳам дида мешавад. Агар чаҳор сол як батареяи офтобӣ, ки 1 киловатт-соат нерӯ тавлид мекунад, дар Душанбе 400 доллар буд ва ҳоло он бо ҳамаи таҷҳизоти ёрирасонаш ҳамагӣ 300 доллар аст. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар манзили худ батареяҳои офтобӣ шинондаанд, мегӯянд, 1 киловатт-соат нерӯи барқ кофист, ки чароғҳои хона рӯшан, телевизор, яхдон, радио ва компютер кор кунанд. Аммо харҷи таҷҳизоте, ки метавонад як оиларо ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ расонад, дар Тоҷикистон то 1200-3000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки 280 то 330 рӯзи сол дар Тоҷикистон офтобиянд ва нурафшонии хуршед дар ҳар метри мураббаи кишвар 1600 киловатт – соатро ташкил медиҳад.

Раҳбари Маркази таҳқиқ ва татбиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Академияи илмҳои Тоҷикистон Қурбонҷон Кабудов мегӯяд, соли 2013 “Қонуни сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия дар Тоҷикистон » ба тасвиб расид, ки шароити истифода аз манбаъҳои алтернативии нерӯро низ фаро мегирад. Бино бар он мебоист санадҳои меъёрие омода мешуд, ки мисли аксари кишварҳои ҷаҳон барои корбурди чунин манобеъ имтиёзҳои молиявӣ медод.

“Бо вуҷуди он ки ҳукумат як барномаи давлатии истифода аз чунин манбаъҳоро ба тасвиб расондааст, -- мегӯяд ӯ, -- дар амал танҳо ба бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ диққат дода мешавад. Бар пояи ин барнома дар Тоҷикистон наздик ба 300 нерӯгоҳи хурд сохта шуд.”

Вале расонаҳои кишвар мегӯянд, тақрибан 70 дарсади ин нерӯгоҳҳо дар рӯду наҳрҳое сохта шудаанд, ки дар зимистон -- фасле ки беш аз ҳама аҳолӣ ба барқ эҳтиёҷ дорад, беоб мемонанд.

Ба қавли ҷаноби Кабудов, истифода аз нерӯи офтоб дар Тоҷикистон ҳоло камтар аз 1 дарсади ҳамаи навъҳои энергияро ташкил медиҳад. Батареяҳои офтобӣ дар боми наздик ба 2000 хона ва чанд муассисаи тиббӣ шинонда шудаанд. Аммо тадриҷан арзон шудани таҷҳизот ва дилбазан шудани бебарқии фасли сармо шумораи ҳарчӣ бештари сокинони кишварро водор мекунад, рӯ ба батареяҳои офтобӣ оранд.

Оё нерӯи офтоб тоҷиконро аз бебарқӣ раҳо хоҳад кард?

Як сабаби дигари шӯҳрат наёфтани нерӯи барқи офтобӣ дар Тоҷикистон шояд ин аст, ки мардуми кишвар интизори сохта шудани нерӯгоҳи барқи обии Роғунанд. Ҳарчанд дурахши шиоре, ки Роғун на танҳо ҳамаи хонаҳоро пурнур мекунад, балки Тоҷикистонро ба муҳимтарин содиркунандаи барқи Осиё табдил медиҳад, камранг шудааст, сокинони кишвар дар як гӯшаи дилашон умед ба нерӯи он доранд. Вале мудири Бунёди байнулмилалии рушди энергетикӣ дар Маскав, Сергей Пикин мегӯяд, корбурди нерӯи офтоб барои таъмини корхонаҳои хурд ва манзилҳои хусусӣ дар минтақаҳои душворгузар беҳтар аз бунёди нерӯгоҳои бузург аст.”

Коршиноси тоҷик Қурбонҷон Кабудов низ бар ин аст, ки ҳатто пас аз сохта шудани нерӯгоҳи Роғун низ зарурати истифода аз барқи офтобӣ дар кишвар боқӣ мемонад. Вай мегӯяд: “Агар мо як Роғун не, даҳ Роғун ҳам созем, истифодаи манбаъҳои дигари нерӯ махсусан дар шароити кӯҳистон ҳамчун зарурат боқӣ мемонад. Барқе, ки бо кашидани симҳо интиқол дода мешавад, дар роҳ талаф мешавад. Деҳаҳои хурди кӯҳистонӣ бо доштани нерӯгоҳҳои худ, обӣ ё отфобию бодӣ худкифо мешаванд. Барқи нерӯгоҳҳои бузург бигзор сабаби рушди саноат, пайдо шудани корхонаҳои нав шавад, аммо манбаъҳои алтернативӣ ҳатто бо додани гармӣ истифодаи ангишт ё нафту газро коҳиш диҳанд."

Дар ҳоли ҳозир, Тоҷикистон, зоҳиран ба истифодаи ангишт таваҷҷӯҳи бештар медиҳад ва истихроҷи он назар ба солҳои гузашта ба маротиб бештар шудааст. Сохта шудани Маркази барқу гармидиҳӣ аз тарафи Чин дар шаҳри Душанбе ва ба истифодаи ангишт гузаштани корхонаҳои калони саноатии Тоҷикистон, ҳамчунин истифода аз ангишт ҳамчун яке аз сӯзишвориҳои асосии фасли зимистон истихроҷи онро дар соли гузашта 60 дарсад бештар кард. Ин дар ҳоле, ки партовҳои он ба муҳити зист зарар меоранд ва худи ин манбаъ барқароршаванда нест.

Бино бар гузориши IEA, Чин аз рӯйи истифода аз нерӯи офтоб ҳоло дар ҷаҳон дар ҷои аввал буда, то соли 2050 ба сатҳе хоҳад расид, ки метаовнад наздик ба 40 дарсади зарфияти нерӯи офтобро аз худ кунад. Нархи панелҳои офтобӣ дар ин кишвар бо сармоягузориҳо ва имтиёзҳои давлатӣ дар як соли охир 80 дарсад камтар шуд.

Зимнан таваҷҷӯҳ ба истифода аз нерӯи бод низ дар Тоҷикистон дар поинтарин сатҳ аст. Аксари 7 нерӯгоҳи бодии Тоҷикистон дар ҷойҳое сохта шудаанд, ки шамоли зиёд надоранд.

Тарзи таҳия ва насби батареяҳои офтобӣ бо камтарин харҷ:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG