Пайвандҳои дастрасӣ

Посух ба “Озодӣ”: Пайванд шудан ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ маҷбурӣ нест


Раёсати маорифи вилояти Суғд дар вокуниш ба маталаби «Гармӣ дар мактаб. Аммо аз пули кӣ?», ки рӯзи 1-уми ноябар дар сомонаи радиои «Озодӣ» нашр шуд, посух додааст. Ин ҷавоб айнан нашр карда мешавад.

"Мавзӯи навиштаи журналист Маъсуми Муҳаммадраҷаб «Гармӣ дар мактаб. Аммо аз пули кӣ?» вобаста ба гузариши муассисаҳои таълимии вилояти Суғд ба системаи марказонидашудаи гармидиҳӣ буда, муаллиф ҳамзамон андешаҳояшро оид ба баъзе муаммову мушкилоти дигари соҳаи маориф дар минтақа баён намудааст.

Бояд гуфт, ки моҳи апрели соли 2014, зимни мулоқоти худ ба кормандони соҳаи маориф раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ҷиҳати барқарор намудани шабакаҳои ягонаи гармӣ ба масъулини соҳа дастур дода буданд. Таъкид гардида буд, ки гузаштан ба чунин системаи гармидиҳӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар мебошад ва вазъи дар фаслҳои тирамоҳу зимистон гарм кардани синфхонаҳоро хеле беҳтар месозад.

Айни замон дар фасли сармо синфхонаҳо бо асбобҳои барқӣ гарм карда мешаванд. Агар бинои синф калон бошад, чунин асбобҳо онро мувофиқи талабот гарм карда наметавонад. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки аз моҳи октябр миқёси Тоҷикистон маҳдудияти барқ сар мешавад. Илова бар ин, дар биноҳои 2-3-ошёнаи бетонӣ шинонидани бухорӣ ва бо ангишту ҳезум гарм намудани синфхонаҳо ҳам мушкилоти худро дорад. Гузаштан ба системаи ягонаи гармӣ харҷи ангишту ҳезумро кам менамояд.

Ҷавобан ба дастури раиси вилоят нахустин шуда, муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд барои гузаштан ба шабакаи ягонаи гармӣ чораҳои амалӣ андешиданд. Дар асоси мувофиқаи ҳосилшуда 30 фоизи маблағи барои иҷрои ин кор заруриро мақомоти иҷроияи маҳаллаи ҳокимияти давлатӣ ва 40 фоизашро волидони хонандагон пардохт менамоянд. 30 фоизи боқимонда бошад, аз буҷаи худи мактабҳо аз ҳисоби маблағҳои сарикасии таҳсил пардохта мешавад.

Соли равон ба тариқи таҷриба дар 7 муассисаи таълимии шаҳри Хуҷанд дар самти гузариш ба системаи марказонидашудаи гармӣ корҳо оғоз ёфт. Маъмурияти мактабҳо қабл аз оғози кор дар ҷаласаи васеъ розигии волидони хонандагонро гирифта, фикру андешаи онҳоро оид ба ин масъала шуниданд.

Гузариш ба чунин система маҷбурӣ нест, вале талаби замон мебошад. Ҳангоми ҷамъоварии маблағ имтиёзҳои барои хонандангони ятиму бепарастор, аълочӣ, маъюб, фарзандони оилаҳои камбизоат ва ғайра муқарраргардида пурра нигоҳ дошта мешавад.

Албатта, ҳар иқдоми нав дар ибтидо баъзе нофаҳмиҳоро ба вуҷуд меорад. Вақте ки се сол пеш масъалаи гузаштан ба либоси ягонаи мактабӣ пеш омад, баъзе падару модарон норозигӣ карда буданд. Вале айни замон ҳамаи волидон аз ҷорӣ гардидани либоси ягонаи мактабӣ дар муассисаҳои таълимӣ изҳори хушнудӣ мекунанд.

Дар маводи «Гармӣ дар мактаб. Аммо аз пули кӣ?» муаллиф ҳамзамон андешаҳояшонро оид ба сохтмон, таъмиру тармими мактабҳо, ривоҷ додани фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи маориф, зиёд намудани шумораи мактабҳои пулакӣ, афзунсозии онҳо иҷозати расмӣ, вақту муҳлати муайян талаб мекунад.

Раёсати маорифи вилояти Суғд дар оянда ҳамаҷиҳата ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта аз эродҳои кормандони воситаҳои ахбори омма истифода ҳамкориҳои худро вусъат мебахшад.

Раёсати маорифи вилояти Суғд

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG