Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ютюбу Фейсбук ба мубориза алайҳи ДИИШ мепайванданд


Муҳимтарин шабакаҳои интернети ҷаҳонӣ бо таъсиси як абзори воҳиде муборизаро зидди терроризм ба роҳ монданд. Ин шабакаҳо мехоҳанд пеши роҳи таблиғоти гурӯҳҳои хатарзоро бигиранд.

Чаҳор ширкати бузурги технологии амрикоӣ мегӯянд, маводеро, ки дорои хусусияти террористӣ мебошанд, аз шабакаи ҷаҳонии интернет ҳазф мекунанд. Ин ширкатҳо гуфтанд, маъхази муштараки маълумотие, ки таъсис додаанд, аз сӯи шабакаи Фейсбук мизбонӣ мешавад ва тавони онро хоҳад дошт, ки ба зудӣ чунин маводро аз матни худ ҳазв кунад.

Улгуҳо муттаҳид шуданд

Шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Твиттер, Ютюб ва ширкати Майкрософт гуфтаанд, ки бо эҷоди ин махзани муштарак, маводи террористиро ташхис намуда ва онро аз интернет ҳазф хоҳанд намуд. Ин махзани муштарак заминаро фароҳам месозад, то мавод ва таблиғоти террористӣ ба зудӣ мушаххас шуда, аз сайтҳои интернетӣ ва шабакаи интернет берун андохта шавад.

Дар ҳоли ҳозир шабакаҳои иҷтимоӣ ба майдони истифодаи қавии созмонҳои тундрав, аз ҷумла гурӯҳи "Давлати исломӣ" табдил шудааст. Барои ин гурӯҳ истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва шабакаи интернет заминаро фароҳам кардааст, ки дастрасии худро дар саросари ҷаҳон густариш дода ва аз ин тариқ сафи ҷонибдорони худро зиёд намояд ва барномаҳои худро аз ин тариқ ба пайравонаш бирасонад. Дигар гурӯҳҳои тундрав низ ба шеваи густурда барои таблиғи андешаҳои худ аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мекунанд.

Пас аз як силсила ҳамлаҳои тундравҳо дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла дар Амрико, Фаронса ва Бангладеш фишори кишварҳои ғарбӣ ба ширкатҳои технологӣ афзоиш ёфтааст, то кори бештарро дар заминаи ҳазфи маводи террористӣ аз шабакаи ҷаҳонии интернет, анҷом диҳанд.

Муаллифони шарҳҳои хатарнок мушаххас мешаванд

Дар ҳоли ҳозир шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Твиттер ба таври автоматикӣ нашароти "постҳо"-и тундравонро оғоз кардаанд. Микрасофт бо истифода аз барномаҳо ва аз тариқи як махзани маълумоти монанд, дар соли 2009 ба унвони нахустин ширкати технологӣ ташхиси маводи порнографии атфол ва ҳазфи он аз шабакаи ҷаҳонии интернетро оғоз карда буд.

Бар асоси ҳамкориҳои ҷадид, ширкатҳои технологӣ хоҳанд тавонист, ки бо истифода аз нишони ангушти диҷиталӣ ё рақамӣ, иттилооти таблиғотии террористиро фавран дар шабакаҳои худ кашф ва ташхис намуда ва ин иттилоотро ҳазф намуда ва ҳисоби нашркунандаи онро масдуд намоянд.

Аз моҳи феврал то моҳи августи соли ҷорӣ шабакаи иҷтимоии Твиттер ҳисобҳои 235 ҳазор нафарро масдуд намуда ва шумораи кормандонеашро, ки маводи тундравонро баррасӣ мекунанд, афзоиш додааст.

Махзани муштараки Фейсбук, Твиттер, Ютюб ва Майкрасофт қарор аст аз оғози соли оянда ба кор оғоз намояд ва интизор меравад, ки ширкатҳои дигари бузурги технологии ҷаҳон ба онҳо бипайванданд.

XS
SM
MD
LG