Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Видеои “ҳамлаи лафзӣ” ба ҷавони мусулмон дар Канада


Лаҳзае аз навори видеоӣ
Лаҳзае аз навори видеоӣ

Таҷрибаи иҷтимоӣ барои дидани вокуниши раҳгузарон ба як баҳс бо зарбулати яке аз ҳунарпешагони он ба поён расид, аммо зиёда аз 1 миллион бинанда овард.

Дар истгоҳи автобус марди аврупоинамуд бо дидани ҷавоне, ки либоси урфии арабӣ дар тан дошт, наздик шуда, аз ӯ талаб мекунад, ки дур равад ва ба автобус ҳам савор нашавад, зеро террорист аст ва метавонад, автобусро тарконад. Вақте одамони атроф ба ин суханони ӯ эътироз мекунанд, мард мегӯяд, магар ҳафтаи гузашта ҳамин гуна як мусулмон дар бинои порлумон тирандозӣ накард ва як сарбозро накушт.

Ба ӯ посух медиҳанд, ки он нафар девона буд, террорист буд ва ин чунин маъно надорад, ки ҳамаи мусулмонон террористанд. Оё барои он ки як девона коре мекунад, бояд ба ҳамаи одамон бадгумон шуд?

Ин саҳнасозие буд, ки коргардони канадаӣ Умар Ал-Бач дар шаҳраки Ҳамилтони Канада ба роҳ монд, то бубинад, ки чӣ теъдод аз мардум аз як шахси зоҳиран мусулмон дар муқобили ҳамлаи лафзии шахси дигар ҳимоят хоҳанд кард. Нақши мусулмон ва марди ҳамлаварро ҳунарпешагон бозиданд.

Ин озмоиши “афкори ом” то ба он ҷо кашонд, ки ду нафар аз раҳгузарон дар ниҳояти амр ба ҳамлаҳои лафзии зидди ҷавони мусулмон дигар тоқат накарданд ва ҳангоме , ки марди аврупоӣ хост, ҷавонро ба худ барад, ба вай дарафтода, ба рӯяш мушт заданд. Ҳунарпеша он гоҳ фарёд зад, ки ин як таҷрибаи иҷтимоӣ, яъне ҳама чиз дурӯғин ва санҷишӣ аст.

Навори ин таҷрибаро дар Ютюб дар камтар аз се рӯз наздик ба 1 миллиону 300 ҳазор нафар диданд ва шоми гузашта коргардон ва ҳунарпешагон дар барномаи телевизионии Global TV-и Канада хулосаҳои худро баён доштанд.

Видео аз гуфтугӯҳо дар истгоҳи автобус сар мешавад. Марди аврупоинамуд ба ҷавонип мусулмон наздик шуда, мепурсад, оё ӯ мехоҳад, ба автобус савор шавад? Сипас талаб мекунад, ки ҷавони мусулмон бояд бо автобуси дигар равад, зеро ҳузури ӯ ба одамон эҳсоси хатар медиҳад.

Марде дафъатан ба ҳимояи ҷавон бармехезад ва мегӯяд: “Набояд одамонро аз рӯи либосашон ё миллияташон ва бо стереотипҳо қазоват кард. Мусулмонони ҳақиқӣ фанатик нестанд.”

Аммо мавҷи тӯҳмат қатъ намешавад ва то ҷое мерасад, ки мумкин аст, ин ҷавони арабипӯш зери пироҳанаш бомба дошта бошад.

Дар саҳнаи дигар занон бо марди аврпуоинамуд баҳс мекунанд ва мегӯянд, чаро вай аз рӯи сарулибос ба шахсе баҳо медиҳад. Бо ҳар ҷумла талоши ангехтани нафрат зидди мусулмонон боло мегирад, аммо дар ҳамаи ҳолатҳо одамон дар кӯча ба ин даъватҳо мухолифат мекунанд ва оқибат нафарҳое ба ҷон расидаву мехоҳанд, марди аврупоинамудро латукӯб кунанд.

Дар поёни навор ҳунарпешае, ки нақши марди аврупоинамудро иҷро мекард, дар ҳоле, ки аз зарбаи сахти мушти як раҳгузар даҳону бинияш хунин шуда буд, мегӯяд, бо вуҷуди ин шод аст, ки мардуми Ҳамилтон ақли солим доранд ва ба иғво дода намешаванд.

Коргардони ин навор филмашро ба хотираи сарбози канадаӣ Кириллои 24-сола бахшидааст, ки дар ҳамлаи як марди мусаллаҳ дар назди Ёдгории Қаҳрамонон дар Оттава кушта шуд.

Дар дафни ин сарбоз 4500 нафар ва писари панҷсолааш Марко ширкат карданд.

XS
SM
MD
LG