Пайвандҳои дастрасӣ

Дар паси саҳнаи Сочӣ. Истифодаи ғуломвор, фиреб, депорт


Коргароне, ки ҳаққузаҳмаи онҳо дар Сочӣ пардохт нашудааст.

Коргароне, ки ҳаққузаҳмаи онҳо дар Сочӣ пардохт нашудааст.

Ҳазорон нафар, ки ба умеди дарёфти пули нақд моҳҳо дар бунёди шаҳраки олимпии Сочӣ заҳмат кашидаанд, дар ниҳояти амр тӯъмаи шаркатҳои фиребгар шуданд ва акнун бо дасти холӣ ба хонаҳои худ бармегарданд.

Ширкатҳои дур аз эътимод бо шиорҳои таъҷилии “бисоз, бисоз” кормандони зиёдеро киро карданд ва дар ҳоле, ки корҳои сохтмонӣ хатм шуданд ва дигар ба истилоҳ “саг соҳибашро пайдо намекунад” ин кормандонро бечораву қарздор карданд. Ширкатҳои қаллоб на танҳо муҳоҷирони беҳуқуқи Осиёи Марказӣ, балки шарҳвандони худи Русия ҳам фиреб доданд.

Евгений Подрезов ду соли пеш бо нияти кор дар сохтмони Сочӣ ва ҳалли мушкилоти молӣ аз зодгоҳаш минтақаи Ростов ба Сочӣ рафт. Аммо ба назар мерасад, ки кор дар ин сохтмонҳои боҳашамат ӯро бештар қарздор кард ва ба мушкилоти молиаш чандин мушкилоти дигар афзӯд. Ӯ аз кор дар ин сохтмон пуле ба даст наовард ва ба ӯ ҳеҷ маоше ҳам надоданд. Ҳар қадар, ки Евгений барои бозпардохти заҳматҳояш талош кард, ҳамон қадар дарк кард, ки сари нахи ин мушкилотро ҳеҷ гоҳ наметавонад пайдо кунад.

Пулис дар кӯчаҳои Сочӣ.

Пулис дар кӯчаҳои Сочӣ.

Ширкати хусусие, ки Евгенийро барои кор дар Сочӣ истихдом карда буд, ба таври мармуз барҳам хӯрд ва нафаре, ки гуфта мешуд мудири кулли ин ширкат бошад, дар асл як миёнрав будааст, ки баъдан ӯ ҳам нопадид шуд. Ҳоло 108 нафар узви тими сохтмонӣ тақрибан дар ҳамин вазъият қарор доранд ва ширкат аз ба онҳо 3,5 миллион рубл ва ё 106 ҳазор доллар надодаст- мегӯяд Евгений Подрезов.

Коргари дигар Роман Кузнецов, ки барои пулкоркунӣ аз Оренбург ба Сочи омада буд, аз ин тақаллубкорӣ он қадар дилшикаста шуд, ки ба хотири баргардонидани маоши худ моҳи октябри соли гузашта ба нишони эътироз лабҳои худро дӯхт. Бо такшин шудани чангу ғубори сохтмони шаҳраки олимии Сочӣ, қиссаҳои ҳузнангезе мисли ин бештар рӯ мезананд. Маблағҳои бузург барои сохтмон ва талаби дар фурсати кӯтоҳ анҷом додани кор шароитро барои ширкатҳои “якрӯза”, ки маъмулан обро лой моҳӣ медоранд, мусоид кард.


Даҳҳо ҳазор муҳоҷири корӣ аз худи Русия ва кишварҳои ҳамсоя барои кор дар сохтмоҳои Сочӣ ва ба даст овардани маоши беҳтар дар бунёди шаҳраки Олимпӣ арақ рехтанд. Ҳазорон нафари онҳо туъмаи фасодкорӣ ва ҷинояткорон шуданд.
Кузнецов ва Подрезов, ки ҳарду шаҳрванди Русия ҳастанд, танҳо аз маош маҳрум шуданд. Аммо муҳоҷирони хориҷӣ, ба вижа коргарони тоҷику узбак ва қирғизро баробари хатми сохтмон бе як танга депорт карданд.

Семён Симонов, раҳабари бахши минтақавии Созмони муҳоҷират ва қонун, ки ба муҳоҷирони корӣ аз раёсати марказӣ кӯмак мерасонад, мегӯяд: “Ин масъала ба ҳазорон нафар рабт мегирад, ки барои кор ба сохтмонҳои олимпӣ омада буданд. Ҳоло, ки сохтмон тамом шуд, кордиҳандаҳо аз баҳри онҳо гузаштанд. Аввалан, ки ба онҳо маош намедиҳанд, дуввум онҳоро иҷроҷ мекунанд ё ба онҳо фишор меоранд, ки худашон бираванд. Бо вуҷуди онки санадҳои дуруст доранд, маҷбуранд ки бо фишор аз инҷо берун шаванд”

Симонов мегӯяд, аз моҳи июл аз рӯзи ифтитоҳ созмони онҳо ҳазорҳо шикоятро аз муҳоҷирони кории хориҷӣ дарёфт кардааст. Аммо Александр Попков, вакили дифоъ аз аз коргарон дар Сочӣ намояндагӣ мекунад, мегӯяд, пешбурди қазияҳои ҳуқуқӣ дар ҳоле, ки пойи чандин миёнрав дар он аст ва мисли “матрешка” чандин қабат дорад, хеле мушкил аст.

Дар интизори ҳаққузаҳма дар Сочӣ.

Дар интизори ҳаққузаҳма дар Сочӣ.

Бахтиёр Бозорови 48-сола, сокини Узбакистон аст ва чандин сол боз дар Русия кор мекунад. Ӯ баҳори гузашта ба Сочӣ рафт. Дар тӯли ду моҳи кор дар меҳмонхонаи “Деҳкадаи Олимпӣ” ӯ танҳо тавонист ними маоши худро аз як ширкати хусусии Маскав дарёфт кунад. Ӯ мехоҳад, ки бахши боқимондаи маоши худро бо кӯмаки ҳуқуқии Симонов ба даст биёрад. Аммо бо вуҷуди доштани санадаҳои ҳуқуқӣ, ӯ маҷбур шуд Сочиро тарк кунад, зеро метарсид, ки ё мавриди зӯроварӣ қарор мегирад ва ё аз Русия депорт мешавад. Дар сурати депорт шудан, ӯ наметавонад то панҷ соли дигар вориди қаламрави ин кишвар шавад.

“Бисёриҳо депорт шуданд. Як нафаре, ки бо мо кор мекард, парерӯз депорт шуд. Ин аст, ки мо аз баромадан дар кӯча ҳарос дорем”

Моҳи сентябр ҳукумати минтақавии Краснодар маъракаи зидди муҳоҷирони ғайриқонуниро оғоз кард, ки бо маъракаи миллатгароён рӯи ҳам афтод. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки пулис дар якҷоягӣ бо “казакҳо” хона ба хона мегаштанд ва санадҳои муҳоҷиронро тафтиш мекарданд. Дар рӯзҳои ахири соли 2013 ҳазорон муҳоҷири корӣ боздошт шуда ба идораҳои пулис интиқол ёфтанд. Бисёри онҳо бидуни пардохти маош депорт шуданд. Бахше ҳам ба хотири ҷилавгирӣ аз муҳри депорт дар паспортҳои худ пинҳон шуданд то бо роҳи худ ба ватанҳояшон баргарданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG