Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар Сочи аз рӯи натиҷагирии сездаҳ рӯзи мусобиқот дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо мунтахаби Норвегия мисли пешин дар ҷойи аввал аст.

Варзишгарони Норвегия дар ин муддат ҳамагӣ 21 медал - даҳ нишони тилло, чор нуқра ва ҳафт биринҷӣ - ба даст овардаанд. Мунтахаби Иёлоти МуттаҳидаиАмрико бо касби 25 медал – ҳашт тилло, шаш нуқра ва ёздаҳ биринҷӣ - ба ҷойи дувум баромад.

Дастаи Олмон бо касби 16 медал (ҳашт тилло, чор нуқра ва чор биринҷӣ) боз як зина поён рафт ва дар мақоми севум қарор гирифт. Дастаи Русия - мизбони бозиҳо, ки 23 медал (ҳафт тилло, нӯҳ нуқра ва ҳафт биринҷӣ) дорад, дар мақоми чорум мебошад. Тими Канада бо касби 20 медал - ҳафт тилло, нӯҳ нуқра ва чор биринҷӣ – дар ҷойи панҷум аст.

Умуман, то имрӯз варзишгарони 26 кишвар медалҳои Олимпиадаи Сочиро ба даст овардаанд ва намояндагони 20 кишвар ба унвони қаҳрамони Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ мушарраф шудаанд.

Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҳама бештар – 25 медал, варзишгарони Русия 23 медал ва Ҳолланд 22 медал ба даст овардаанд. Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Русия, мунтахаби Беларус бо панҷ нишони тиллову як биринҷӣ дар мақоми 8-ум, Латвия бо як нишони нуқра ва ду биринҷӣ дар мақоми 23-юм, Қазоқистон ва Украина ҳар кадом бо як нишони биринҷӣ дар мақоми 25-ум ҷойгир шудаанд.

Ҷой Кишварҳо Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
1 Норвегия 10 4 7 21
2 ИМА 8 6 11 25
3 Олмон 8 4 4 16
4 Русия 7 9 7 23
5 Канада 7 9 4 20
6 Ҳолланд 6 7 9 22
7 Швейтсария 6 3 2 11
8 Беларус 5 0 1 6
9 Фаронса 4 4 7 15
10 Лаҳистон 4 0 0 4
11 Чин 3 2 1 6
12 Шветсия 2 6 4 12
13 Австрия 2 6 2 10
14 Ҷумҳурии Чех 2 4 2 8
15 Корея 2 2 1 5
16 Словения 2 1 4 7
17
18
19
20
21
22
23
24
25
25
Ҷопон
Финляндия
Британия
Словакия
Италия
Австралия
Латвия
Хорватия
Қазоқистон
Украина
1
1
1
1
0
0
0
0
0
0
4
3
0
0
2
2
1
1
0
0
3
0
2
0
6
1
2
0
1
1
8
4
3
1
8
3
3
1
1
1

Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочи то 23-юми феврал идома меёбанд. Дар ин бозиҳо беш аз 2800 варзишгар аз 88 кишвар ширкат доранд. Ба барномаи бозиҳо 15 намуд дохиланд: биатлон, бобслей, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, лижаронии дуҳарба, пойгаи лижатозӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, варзиши чанатозӣ, скелетон, дави босуръат бо конки, сноуборд, рақси рӯи ях бо конки, фристайл, хоккейи рӯи ях ва шорт-трек.

Имрӯз, 21-уми феврал, дар Олимпиадаи Сочи варзишгарон барои ҳафт маҷмӯи медалҳо оид ба биатлон (1), лижаронии кӯҳӣ (1), кёрлинг (1), фристайл (1) ва шорт-трек (3) мубориза мебаранд.

Дар Олимпиадаи Сочи аз Тоҷикистон танҳо як варзишгар – Алишер Қудратов - ширкат мекунад. Вай дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом, ки рӯзи шанбе, 22-юми феврал барпо мегардад, вориди рақобат мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG