Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Умар ба кома афтод? Фарзияи пулис


Умар Бобоҷонов дар бемористони Ваҳдат
Умар Бобоҷонов дар бемористони Ваҳдат

Мақомоти умури дохилии шаҳри Ваҳдат мегӯянд, ки Умар Бобоҷонов на дар натиҷаи латту кӯби афсарони милиса, балки дар ҳолати мастӣ ба ҷӯйбор афтода, ҷароҳат бардоштааст.

Дар ҳоле ки хонаводаи Умар Бобоҷонов, як сокини шаҳри Ваҳдат мегӯянд, ки пулис писари онҳоро ба хотири риш доштанаш латту кӯб кардааст, кормандони пулис мегӯянд, ин ҷавон маст буд ва дар ҳоле ки Бобоҷоновро шоми 29 август дар ҳоли беҳушӣ аз идораи пулис ба бахши муроқибатҳои вежаи бемористони маҳаллӣ оварданд ва ӯ ҳоло дар ҳолати беҳушӣ (кома) қарор дорад. Бародари Бобоҷонов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иддао кард, ки додарашро кормандони пулис ба ин ҳол овардаанд.

Корманди пулис: “Дар торикӣ ришро надидем, аммо ҳақорату дашномро шунидем”

Аммо лейтенант Саидмӯъмин Боев, ки ҳамчун нозири минтақавӣ фаъолият мекунад, рӯзи 3 сентябр дар мавриди ин ҳодиса фарзияи худро нақл кард. Ӯ гуфт, ки ҳамроҳ бо ду тан аз ҳамкоронаш барои хӯроки шом ба маркази тиҷоратии “Гулистон” мерафтанд, ки шоҳиди садоҳои баланд ва ҳақорати гурӯҳе аз ҷавонон шуданд.

“Овози ҷанҷол буд дар назди нуқтаи фурӯши маҳсулоти спиртӣ. Он ҷо 4 ҷавонро дидем, ки дағалона ва баланд-баланд сӯҳбат мекарданд. Худро корманди милиса муаррифӣ кардем, вале онҳо дағалгуфтории худро бас намекарданд. Якеаш бо ман дастбагиребон шуд ва ҳатто куртаамро дарронд. Аз рӯи қонун хостем шахсияташонро маълум кунем ва як мошини роҳгузарро манъ карда, бо яке дигар аз ҳамкорон Умар Бобоҷоновро, ки он замон шахсияташ ба мо маълум набуд, ба мошин савор кардем. Ӯ хеле маст буд. Ҳангоми аз мошин фаромадан мехост фирор кунад, ки пуштнокӣ даруни ҷӯйбори бетонӣ афтод,” - гуфт лейтенант Боев.

Ин корманди пулис мегӯяд, Умар Бобоҷоновро, ки ҳаракат карда наметавонист, вориди шӯъба карданд ва пас аз маълум кардани шахсияташ, ӯро фавран ба бемористон бурданд. ​

Афсарони умури дохилии Ваҳдат қазияи Умар Бобоҷоновро шарҳ доданд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:20 0:00

“Нӯшиданд, вале 80 сомонии маро надоданд”

Як фурӯшандаи дӯкони нӯшокиҳои спиртӣ, ки ин ҳодиса он ҷо сурат гирифтааст, мегӯяд, ин гурӯҳи ҷавонон замоне ба дӯкони ӯ омада буданд, ки аллакай маст буданд ва боз аз ӯ пиво (оби ҷав) гирифтанд. Ӯ ҳамчунин мегӯяд, ки дар паи баҳс бо кормандони милиса ин ҷавонҳо 80 сомонӣ пули дӯконро надода рафтанд.

"Аз тирезаи дӯкон сарҳои онҳоро медидам. Чанд нафараш риш дошт ва ба назарам, аллакай маст буданд. Аз гапи онҳо ҳаминро фаҳмидам, ки мошини кадоми онҳо дар идораи милиса аст ва ҳамон мошинро бозпас гирифтан мехостанд.Садои кадомеаш аз берун меомад, ки биё, ки ин хӯрдагиҳояшро мепартояд. Берун баромаданд ва садову ҳақораташон ба гӯш меомад, аммо ман намедидам, ки онҳо бо кӣ ва чӣ кор мекунанд. Фақат саҳар ба ШКД маро даъват карданд ва он чизе, ки дида будам, баёнот навиштам”, гуфт ӯ.

Падари Умар: Рафиқонаш маст буданд, аммо писари ман не!

Умар Бобоҷонов, ин ҷавоне, ки ба гуфтаи кормандони ШКД ҳангоми мастӣ натавонист мувозинати баданашро идора кунад ва ба ҷӯйбори бетонӣ афтид, ҳанӯз дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад. Пулис мегӯяд, ки ташхиси наркологӣ теъдоди мушаххаси алкоголро дар хуни ӯ нишон додааст.

Аммо Маҳмадсаид Бобоҷонов, падари Умар Бобоҷонов рӯзи 3-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, писари ӯ намозхон аст ва аслан шароб наменӯшад, аммо то ҷое, ки ӯ медонад, рафиқонаш маст будаанд. Ба гуфтаи Маҳмадсаид Бобоҷонов, он шаб писараш аз масҷид берун шуда, хостааст, ҳамроҳи дӯстонаш гаштугузор кунад.

Ӯ гуфт: “Писарам се моҳ боз риш дошт, касе кораш надошт, аммо ҳамон шаб намедонам чаро ин ҳодиса сурат гирифтааст. Ӯ аз масҷид баромада, назди ҳамин дӯкон рафтаст, ки як корманди милиса омада мехоҳад ӯро ба милисахона барад. Рафиқонаш зид мебароянд, ки бо милисаҳо ҷанҷолашон мешаванд. Дар ҳақиқат рафиқаш нӯшида будааст, вале писари ман тамоман наменӯшад. Ӯ як бачаи намозхон аст. Ман аз давлат хафа нестам, аммо аз баъзе коргарон норозиям ва хоҳиш дорам, ҳодисаро дуруст бисанҷанд.”

Додситонии ноҳия дар робита бо ин ҳодиса парванда боз кардааст ва кормандони ин ниҳод мегӯянд, ки то анҷоми тафтишот аз додани тафсилот дар ин бора худдорӣ мекунанд.

Шамсулло Азизов, коршиноси судӣ-тиббӣ мегӯяд, бар асоси ташхисҳои пешакӣ косахонаи сари ин ҷавон осеб дидааст ва бар асари ин майнааш низ иллат бардоштааст. Ӯ гуфт, ки хулосаи пешакии ташхисро ба додситонӣ ироа кардаанд ва хулосаи пурра танҳо баъди анҷоми табобат пешниҳод мешавад. Мо аз Шамсулло Азизов пурсидем, ки оё маълум шудааст, ки косахонаи сар ва майна чигуна ва аз чӣ зарба дидаанд? Ӯ гуфт, ки онҳо танҳо дар бораи сабаби ҷароҳат ва механизми пайдо шудани он хулоса медиҳанд, чигуна ва дар натиҷаи кадом таъсир пайдо шудани ҷароҳатро тафтишот муаяйн мекунад.

Дар пасманзари шикоятҳои шаҳрвандони дигар аз афзоиши фишор болои "ришдорҳо" дар кишвар қазияи ба "кома" афтидани Умар Бобоҷонов дар ҷомеа сару садо баланд кард.

Тоҷикистон аз рӯи сохтор як кишвари мусалмоннишини дунявӣ аст ва мақомоти он пайваста шаҳрвандонро ба ҳифзи суннатҳои миллӣ ва арзишҳои як сохтори дунявӣ даъват мекунанд. Бархе аз шаҳрвандон бо ишора ба сарқонуни кишвар ин даъватҳоро дахолат ба умурии шахсии шаҳрванд мешуморанд.

XS
SM
MD
LG