Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро милисаи тоҷик дигар "ҳабиби мардум" нест?


Имрӯз, 10-уми ноябр, Иди касбии милисаи тоҷик таҷлил мегардад ва ба ин муносибат аз чанд рӯзи пеш омодагӣ ҷараён дошт.

Қудратулло Ғуломов, раиси ситоди Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи гузашта ба муносибати иди касбии милиса 123 кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тавассути раисиҷумҳури Тоҷикистон бо мукофотҳо қадрдонӣ шудаанд.

Ҷаноби Ғуломов илова кард, ки "ҳамаи мо кормандони ҳифзи ҳуқуқ табъи болида рӯҳияи идона дорем ва тамоми тадбирҳоро андешидаем, ки иди касбии милисаи тоҷик дар сатҳи баланд гузаронда шавад. Мо талош дорем ҳамаи вазифаи худро бо сарбаландӣ иҷро кунем ва ба боварии халқу ватан сазовор гардем."

Қудратулло Ғуломов дар маҷмӯъ фаъолияти кормандони Раёсати умури дохилии кишварро нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар арзёбӣ кард ва гуфт, соли ҷорӣ то ҳадди аксар ошкоркунии ҷиноятҳо бештар гардидааст.

Рӯзи милисии тоҷик дар ҳоле таҷлил мешавад, ки аз оғози соли ҷорӣ ислоҳоти ин сохтор ба тадриҷ ҷараён дорад. Тоҷикистон яке аз се кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки ба ислоҳоти ин соҳа даст задааст. Тибқи барномаи ислоҳот, дар баробари табдили номи милиса ба полис, ҳамчунин дигар тағйиру иловаҳо низ дар назар гирифта шудааст. Бар пояи ин барнома, ки даҳ сол идома мекунад ва ба ин манзур низ 10 миллион доллар ихтисос хоҳад ёфт, маоши кормандони ин ниҳод ба беш аз 500 доллар расонда хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳоло вазири умури дохила, ҳудуди 4 ҳазор сомонӣ, генералҳо 1, 5 ҳазор сомонӣ ва афсарони ин сохтори қудратӣ то ҳазор сомонӣ маош мегиранд.

Аммо коршиносони тоҷик бо ишора ба вуҷуди мавориди фасод дар ин сохтори қудратӣ бар зарурати ислоҳоти ҷиддӣ дар вазорати корҳои дохилӣ таъкид доранд. Онҳо мегӯянд, ин ислоҳот танҳо зоҳирист, дар ҳоле, ки ин соҳа ба дигаргунии ботинӣ ниёз дорад. Зеро гуфта мешавад, дар чанд соли ахир эътимоди мардум ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ камтар шуда, ҷойгоҳи милиса, ки замоне, «ҳабиби ман» дониста мешуд, ба маротиб коста шудааст.

Аз ҷумла Марямбону, як сокини пойтахт, гуфт: "Ҳоло кам нафароне ҳастанд, ки ба милисаҳо бовар доранд. Худо мегӯем, ки кори мо яке ба милиса ва ба духтур наафтанд, зеро аз онҳо ҳоло ба ҷуз аз рӯёндани пул аз мардуми бечора дигар фоидае намондааст. Барои мисол, соли гузашта ба манзили ман дузд даромда буд ва ҳатто изи ангуштонашро монда рафт, то имрӯз ин милисаҳо ҳеҷ не ки он дуздҳоро пайдо кунанд. Фақат корашон ваъда додан. Ҳатто агар
Шӯҳрат Қудратов
Шӯҳрат Қудратов
дар кӯчаҳо миёни бачаҳо занозанӣ шавад, онҳо нафарони гунаҳкорро монда, кадом як бегуноҳро бурда, лату кӯб мекунанд. Баъд аз ин магар бовари мо ба милисаҳо мемонад?"

Дар ҳамин ҳол, Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқдони тоҷик бар ин аст, ки тӯли 10 соли ахир мақомоти милиса вазифаи худро на дар ҳимояи шаҳрвандони оддӣ, балки барои ҳифзи як гурӯҳи алоҳида иҷро мекунад: "Ҳар як шаҳрванде, ки ба ин мақомот муроҷиат мекунад, аз тарафи кормандони милиса адолатро намебинанд, зеро чун ин ниҳод ба як мақомоти фасодзада табдил шудаву онҳо барои ҳал намудани масъалаи худ маҷбуранд маблағ пардохт кунанд. Аз ҷониби дигар дар вақтҳои ахир Академияи вазорати корҳои дохилии кишвар кадрҳои хубро тарбият намекунад. Он кадрҳое, ки дар ҳамин 20 соли истиқлолият омода шудаанд ва ба мақомоти милиса ба кор омадаанд,дар мадди аввал пур кардани ҷайби худро андеша мекунанд. Ҳамин милисаҳои бетаҷриба бо амалҳои худ дар назди шаҳрвандон нуфузи худро аз даст додаанд."

Интиқоди ҷаноби Қудратов аз фаъолияти милисаи тоҷик дар ҳолест, ки афзоиши мизони ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон мояи нигаронии худи мақомоти кишвар шудааст. Аз ҷумла бар пояи иттилои расмӣ, танҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 3,5 ҳазор ҷиноят сабт шудааст, ки 91 дарсади ин ҷиноятҳо ошкор шудаанд. Дар баробари ин, содиршавии ҷиноятҳои сангин аз қабили куштор ва истифода аз силоҳи оташфишон ва корд низ бештар гардидааст.

Ҳамчунин масъулони вазорати корҳои дохила мегӯянд, назар ба солҳои қабл, насли ҷавон низ 20 дарсад бештар амалҳои ҷиноиро содир кардаанд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед
XS
SM
MD
LG