Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Силсилаи ҳамлаҳои хунин дар Мумбай


Шумораи кушташудагон дар силсилаи ҳамлаҳо дар Ҳиндустон ба беш аз сад нафар расид.

Бар асари ин ҳамлаҳо ҳудуди сесад тани дигар захмҳои гуногун бардоштаанд. Афроди мусаллаҳ бо силоҳи автоматӣ ва норинҷакҳо ба меҳмонсароҳо, бемористон ва пойгоҳҳои роҳи оҳан ҳамла карданд.

Полис бо онҳо даргир шуда, мегӯяд, гурӯҳе аз мусаллаҳон дар ду меҳмонсарои машҳур ва як бемористон афродеро гаравгон гирифтааст.

Чаҳор мусаллаҳ дар даргириҳо кушта ва нӯҳ гумонбаршуда боздошт шудаанд. Ҳамчунин 11 корманди полис ба ҳалокат расидаанд. Миёни кушташудагон раҳбари гурӯҳи мубориза зидди терроризми Мумбай Хемант Каркаре низ мебошад.

Як гурӯҳи начандон шинохташудаи Деккан Муҷоҳидин масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтааст. Ин созмон аз масъул будани худ дар ин ҳамлаҳо тариқи ирсоли имейл ба расонаҳо хабар додааст. Вале гуфта мешавад, эҳтимол дорад, ки ин ҳарф дурӯғ бошад.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, мусаллаҳон шаҳрвандони Бритониё ва Амрикоро ҳадаф мегиранд.

Ҳамлаҳоро аллакай раҳбарони як қатор кишварҳои бузург, аз ҷумла ИМА, Русия, Бритониёи Кабир танқид карданд.

XS
SM
MD
LG