Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назорати зиндагии як бабри барфӣ дар Тоҷикистон аз моҳвора (ВИДЕО)


Созмони амрикоии "Пантера" зиндагии як бабри барфиро дар Тоҷикистон тариқи моҳвора мавриди омӯзиш қарор додааст.

Бабри барфиро ду сол пеш бо шарофати иттилои кумитаи амнияти миллӣ аз дасти қуруқшиканҳо пайдо карданд ва бо дахолати Ташкилоти шикорчиёни Мурғоб гирифтанд. Ба гуфтаи масъулони созмони Пантера, ҳукумати Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист иҷоза додаанд, бабри барфӣ бо гарданбанди махсус ва барои мушоҳидаи зиндагии он озод карда шавад. Маҳз гарданбанд имкон медиҳад, то шеваи зиндагӣ ва эмин мондани бабри дастгиршуда назорат карда шавад.

Бори аввал дар қаторкӯҳҳои Қаратоғи Ҳисору Зарафшон бабри барфиро дидем. Агар домҳои аксбардорӣ намешуд, мо мегуфтем, ки дар онҷо бабри барфӣ нест.
Нузар Ошӯрмамадов

Суғур - аввалин шикори бабр

Ҷӯрабек Баҳриев, корманди мамнӯъгоҳи Зоркӯл, ки ҳамзамон бо созмони "Пантера" ҳамкорӣ мекунад, 17 сентябр гуфт, зиндагии ҳарлаҳзаинаи ин бабр аз тариқи моҳвора омӯхта мешавад. "Ин бабр хурд ва маъюб буд. Мо онро чанде пеш ба табиат сар додем. Аз он хавф доштем, ки ӯ шикор карда наметавонад. Аммо ҳафтаи гузашта ӯ шикор кард. Дар наворҳо дидем, ки ӯ як суғурро шикор кардааст". - афзуд Баҳриев.

Созмони "Пантера", ки 6 сол боз ба омӯзиши зиндагии бабри барфӣ дар Тоҷикистон машғул аст.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Назорати зиндагии бабри барфӣ дар Тоҷикистон аз моҳвора
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:08 0:00

Пайдо шудани бабри барфӣ дар Ҳисору Зарафшон

Нузар Ошӯрмамадов, корманди Институти биологияи Бадахшон ва ҳамкори созмони "Пантера", мегӯяд, омӯзиши зиндагии бабри барфӣ хеле мушкил аст. Давоми шаш сол донишмандон 50 бабри барфиро дар қаторкӯҳҳои Помиру Дарвоз мушоҳида кардаанд. Аммо дурбинҳои назоратӣ ғайричашмдошт ин навъи бабрро дар қаторкӯҳҳои Ҳисору Зарафшон сабт кардааст.

Ӯ гуфт, "Дар қаторкӯҳҳои Қаратоғи Ҳисору Зарафшон мо бори аввал бабри барфиро дидем. Агар дастгоҳҳои аксбардорӣ намешуд, мо мегуфтем, ки дар онҷо бабри барфӣ нест. Мо дар ин ҷо 6 бабри барфиро аксбардорӣ кардем. Ин ба мо умедворӣ медиҳад, ки ҳанӯз ин ҷонвар вуҷуд дорад. То ҳол гумон мерафт, ки танҳо дар ҳудуди Бадахшон ин навъи ҷонвар боқӣ мондааст."

"Шӯравӣ 300 бабри барфиро ҳисоб карда буд"

Абдуқодир Маскаев, масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, гуфт, донишмандон талош доранд, шеваи зиндагии ин ҷонвари нодирро дар Тоҷикистон биомӯзад. "Замони Шӯравӣ, ба ҳисоби тахминӣ, шумораи онро то 300 сар медонистанд, аммо ин дақиқ набуд", - гуфт ӯ ва афзуд, "ҷойи зисти ин ҷонвар аз ҷониби инсонҳо рӯз то рӯз танг мешавад. Ғизояш аз ҳисоби бузҳои кӯҳӣ низ кам шудааст. Маҷбур мешавад, ба чорвои сокинон ҳамла кунад, ки дар натиҷа худаш кушта мешавад."

Бабри барфӣ ё "паланги ширмол", ҷонвари нодирест, ки шикораш дар Тоҷикистон мамнӯъ аст. Ба китоби Сурхи Тоҷикистон ҳам дохил шудааст.

XS
SM
MD
LG