Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бабрҳои барфии Тоҷикистонро кӣ нобуд мекунад?


Бабри барфӣ ба ғайр аз Тоҷикистон дар кӯҳистонҳои Чину Қирғизистон ва Русия ҳам сукунат дорад.

Бабри барфӣ ба ғайр аз Тоҷикистон дар кӯҳистонҳои Чину Қирғизистон ва Русия ҳам сукунат дорад.

Дар Тоҷикистон ҳамагӣ 400 бабри зебои барфӣ боқӣ мондааст ва хатари нобудӣ ба ин ҷонвари зебои Тоҷикистон ҳамчунон таҳдид мекунад.

Дар Тоҷикистон тақрибан 400 бабри барфӣ мондааст ва Халил Каримов, яке аз табиатшиносони тоҷик аст, ки барои муҳофизати ин ҷонвари нодиру зебо, вале дар вартаи нобудӣ, барфӣ кумак мекунад.

Халил Каримов солҳост, бо ёрии сокинони дигари Бадахшон ва бо мусоидати созмони амрикоии Пантера барои омӯхтани зиндагии бабри барфӣ ва муҳофизати онҳо аз шикори ғайриқонунӣ барнома иҷро мекунад. Дар ин бора гуфтугӯе доштем, бо Халил Каримов ва аз ӯ нахуст дар бораи хатарҳо ба ҷони бабри барфӣ дар Тоҷикистон пурсидем.

Халил Каримов: “Бабри барфӣ дар минтақаҳои кӯҳистонӣ зиндагӣ мекунад ва кӯшиш мекунад, ки аз назарҳо ноаён бошад ва барои ҳамин таҳқиқи зиндагии ин ҷонвар фавқуллода мушкил аст. Бабри барфиро Созмони Байналмилалии Ҳифзи Табиат ба Китоби Сурх ворид кардааст, чунки ба он хатари нобудӣ таҳдид мекунад. Шикори ғайриқонунӣ, кам шудани сарчашмаҳои хӯрока ва табоҳшавии минтақаҳои сукунати онҳо сабаби кам шудани саршумори бабри барфӣ шудааст. “

Радиои Озодӣ: Шумо барои муҳофизати ин ҷонварони нодир аз ин хатарҳое, ки гуфтед, чӣ кор мекунед?

Халил Каримов: “Мо асосан бо мардуми маҳаллҳои минтақаҳои кӯҳистонӣ, ки дар наздикии ҷойҳои сукунати бабри барфӣ зиндагӣ мекунанд, ҳамкорӣ дорем, зеро маҳз онҳо барои муҳофизати ин ҷонварҳо нақши калидиро иҷро мекунанд. Бо истифода аз дастгоҳҳои аккосӣ ва видеокамераҳо мо бабрҳои барфиро мушоҳида мекунем, рафтори онҳоро меомӯзем ва дар бораи шумораи онҳо дар минтақаҳои алоҳида иттилоъ ҷамъ мекунем. Бабри барфӣ шикорчии бисёр хуб аст ва тӯъмаи асосии он, бузу гӯсфандҳои кӯҳӣ мебошанд. Будани ин ҷонварҳои сумдори кӯҳӣ барои бақои бабри барфӣ як омили бисёр муҳим аст, барои ҳамин мо саъй мекунем, ки саршумори бузу гӯсфандҳои кӯҳӣ дар Тоҷикистон зиёд шавад. Аксар вақт ба сабаби кам будани манобеъи табии хӯрок, яъне бузу гусфандҳои кӯҳӣ, бабри барфӣ ба ҳайвоноти хонагӣ ҳамла мекунанд ва дар натиҷа чӯпонҳо онҳоро мекушанд. Мо кӯмак мекунем, ки айлоқҳои чӯпонҳо барои бабрҳои барфӣ дастнорас бошад ва ҳамингуна аз бархӯрд миёни чӯпонҳо ва бабри барфӣ пешгирӣ мекунем."

Радиои Озодӣ: Ин ҷонварон чӣ гуна зиндагӣ мекунанд, соле чанд бача меоранд, лонаҳояшон чӣ гуна аст?

Халил Каримов: Тавре ман гуфтам, бабри барфӣ дар кӯҳистонҳо ва дар шароити сахт ва дар шаху ҷариҳое зиндагӣ мекунанд, ки дар он ҷойҳо рустанӣ ва дарахт тақрибан вуҷуд надорад. Ва дар як сол ва асосан дар моҳҳои апрел ва ё май ду ё се бача меоранд.

Радиои Озодӣ: Ҳоло дар Тоҷикистон чанд сар бабри барфӣ мондааст, ояндаашон чӣ гуна аст, умеде барои зиёд кардани саршумори онҳо ё халос карданашон аз вартаи нобудӣ вуҷуд дорад?

Халил Каримов: "Шумораи дақиқи онҳоро гуфтан мушкил аст, вале бар асоси иттилои баъзе аз сарчашмаҳо саршумори онҳо дар Тоҷикистон аз 300 то 400 адад мерасад. Мутаасифона дар тамоми дунё, ҳайвонот ба сабаби мушкилоте, ки зикр кардам, аз байн рафтанд. Дар Тоҷикистон қаблан паланг ва леопард буд, вале онҳо нобуд шуданд. Барои ҳамин бисёр муҳим аст, ки ҳама фаҳманд, ки бабри барфиро бояд муҳофизат кунем. Бабри барфӣ, аз хонаводаи гурбаҳои зебои кӯҳӣ аст, ки ба ёрии мо мӯҳтоҷ шудааст. Мо барои муҳофизати ҳайвоноти ваҳшӣ дар Тоҷикистон тамоми кӯшишро мекунем ва хушҳол мешавем, агар моро дастгирӣ кунанд. Моро метавонед, ба осонӣ дар http://www.wildlife-tajikistan.org/ ва дар саҳифаи мо дар Фейсбук https://www.facebook.com/conservanciesTajikistan?fref=ts Таҷикистан пайдо кунед."

Айни видео дар Ютюб

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG