Пайвандҳои дастрасӣ

Нимпайкараи рӯйимизии Эмомалӣ Раҳмон омода шудааст


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Иттиҳодияи рассомони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Бунёди мусаввирон (Худфонд) тарҳи бюсти кӯчаки (ҳайкалча) Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишварро омода кардаанд, ки пас аз тасдиқи ҷониби ҳукумат интишор дода мешавад.

Як манбаъ аз Иттиҳоди рассомони Тоҷикистон рӯзи 3 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бюсти (ҳайкали кӯчак) президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон омода карда шудааст ва феълан мунтазири посухи ҳукумати кишвар мебошанд.

Бунёди мусаввирони Тоҷикистон мегӯяд, нусхаи ин бюсти президентро ба ҷониби ҳукумат пешниҳод кардааст ва ҳамин, ки тасдиқ карда шуд, имкон дорад барои чанд ҳазор нусха онро дар Чин фармоиш диҳанд. Иттиҳоди рассомони Тоҷикистон мегӯяд, ки бюсти президент кӯчак буда, аслан барои рӯи миз пешбинӣ шудааст ва баландиаш ҳудуди 30 сантиметр аст.

Як намояндаи Бунёди мусаввирони Тоҷикистон гуфт, ки бюсти президент ду сол қабл омода карда шуд ва модели он ба Вазорати фарҳанг ва ҳукумат пешниҳод карда шуд, вале ҳанӯз посухе дар робита ба тасдиқи он дарёфт нашудааст.

Бунёди мусаввирон мехост, нахуст нусхаи аввали бюсти президентро ба Осорхонаи милии кишвар ҳамчун қаҳрамони Тоҷикистон дар канори Садриддин Айнӣ, Нусратуллоҳ Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемуров, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода пешниҳод кунад, вале иҷозаи расмии он ба даст наёмадааст.

Бунёди мусаввирони Тоҷикистон мегӯяд, ки ин нахустин нипайкараи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки тарҳи он омода карда шудааст.

Сокинони Тоҷикистон мегӯянд, аксҳои мухталифи президент Эмомалӣ Раҳмонро дар хиёбонҳои кишвар, идораҳои давлатӣ ва дар китобҳои дарсӣ дидаанд, вале то кунун муҷассама ва ё нимҳайкали президент дар ҳеч ҷои Тоҷикистон гузошта нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG